Нисбати кор накардани ноқилҳои интенетии ширкати “Tcell” дар боғи “Куруши Кабир”-и пойтах, дар бораи ҳадя намудани 50 мегабайт бар ивази маблағи муштариён аз ширкати “Babilon” ва дар бораи якчанд мушкилиҳои ширкати “Мегафон”-у “Билайн” борҳо гуфта будем. Аммо ва мутаассифона, қисмати зиёди ин мушкилиҳо ҳалли худро пайдо накарда, бар замъи ин, ҳама мутасаддиён ҳатто вокунише наменависанд...
Чатҳои онлайнии дурӯғин
Ширкатҳои мобилӣ ба ҳама ҷо даст дароз карда, фаъолияти худро таблиғ мекунанд ва мардум гумон мекунад, ки инҳо пештарин ва беҳтаринанд. Аммо ба оддитарин мушкилӣ посухи расмӣ гуфта наметавонанд. Бубинед, барои пешрафти кори муштарӣ ва дастрасӣ бо оператор, ширкатҳои мобилӣ чатҳои интернетиро ба роҳ андохтаанд, ки тавассути онҳо муштариён метавонанд ба ҳамаи саволҳояшон ҷавоб пайдо кунанд. Дар аввал ин барои мо беҳтарин хабар буд. Лекин вақте, ки ба чати онлайнии ширкати “Babilon” ворид шуда, 1 саволи оддиро пурсидем, дар ҷавоб чунин гуфтанд: “муштарии муҳтарам мо наметавонем ба ин саволи шумо посух гардонем ва шумо метавонед бо операторони мо тариқи телефони 616161 ҳамсуҳбат шуда, саволатонро пешниҳод кунед”. Акнун бинед, ки ба саволҳо посух гуфта натавонад, пас барои чи ба муштариён ваъдаи дуруғин медиҳанд, ки ба чатҳои онлайнӣ пайваст шуда, ба саволҳояшон посух гиранд? Ин оё роҳи навбатии пулкоркунӣ нест? Ҳаст!
Кадом чат, вақте интернет нест!?
Агар бо рақами болозикр занг занем, якчанд дақиқа интизор шуда, танҳо реклама гӯш мекунем ва дар охир гӯширо бардошта посух медиҳанд. Дар ин маврид чандин хонандаи ҳафтанома, ки аз ширкати “Мегафон” истифода мекунанд, занг зада гуфтанд, ки мо телефонҳои оддӣ истифода мекунем ва бо интернет пайваст нестем. Аммо ҳангоми занг задан ба операторони ширкат мешунавем, ки “Муштарии муҳтарам, ба чати онлайнии мо нависед”. Қисми зиёди мардум танҳо барои сӯҳбати оддии телефонӣ, аз симкортҳо истифода мебаранду ба интернет паваст нестанд, инро низ бояд ба назар гирифт.
Аз оғоз то инҷониб дар фазои кишвари мо танҳо мавҷи 4 ширкат ҳуқуқи фаъолият доранд. Паҳлӯи дигари масъала дар он аст, ки чаро ғайр аз ин 4 ширкат дигарон фаъолият намекунанд? Шояд ин ҷо раванди монополия рафта истодаасту роҳи ин бозор ба дигарон баста аст?
Шералӣ Давлатов, СССР