ХАБАРИ ДОҒ

Амирхон Қурбонзода: аҳолии пойтахт то ба 2 миллион нафар хоҳад расид!

  • Панҷшанбе, Фев 18 2021

   Бино ба иттилои Амирхон Қурбонзода, муовини аввали раиси ш.Душанбе 7659 га ҳудуди заминҳое, ки аз тобеияти н.Рӯдакӣ гирифта, ба ҳудуди маъмуриву марзии пойтахт ҳамроҳ карда шудаанд, дар ояндаи наздик ба 3 ноҳияи ш.Душанбе-Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур тобеъ карда мешаванд.

   - Тибқи Нақшаи генералии ш.Душанбе ҳудуди пойтахт бояд васеъ гардида, дар ҳудуди аз ҳисоби н.Рӯдакӣ ба пойтахт гузаронидашуда инфрасохтори нав амсоли мактабу муассисаҳои томактабӣ, марказҳои нави саломативу хизматрасонӣ, хатҳои нави муҳандисӣ, хатҳои обу барқу системаи обу коррез бояд бунёд ёбанд. Бо назардошти ин аҳолии пойтахт то ба 1,5-2 миллион хоҳад расид ва барои ин теъдоди сокинон шароити лозимаи кору зиндагӣ бояд фароҳам оварем, - афзуд Амирхон Қурбонзода зимни нишасти матбуотӣ рӯзи 18.02.2021.

   Чуноне ки муовини аввали раиси ш.Душанбе зикр намуд, масъалаи ба таври расмӣ вогузор шудани ин ҳудуди заминҳо дар сессияи наздиктарини Маҷлиси намояндагони халқӣ ш.Душанбе баррасӣ гашта, аз ҷониби комиссия босалоҳият алакай ҳисобу китоби инфрасохтори мавҷуда, бекорхобида ва тахрибшудаву эҳтиёҷоти аҳолӣ нисбати муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ ва фарҳангӣ дар ин 7659 га ҳудуд арзи вуҷуд дошта, мавриди омӯзиш қарор дорад. 

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 

   PS. Бояд гуфт, ки  нишасти навбатии матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ш.Душанбе ин маротиб дар Қасри нави теннис ва ҳавзи шиноварие, ки ба тозагӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтааст, баргузор гашт. Воқеан ҳам ин комплекс Маҷмааи муосир ва беҳамто дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, вижагиҳои хоси худро дорост.

   Боз ҳам ин, ки нишасти мазкур дар муқоиса бо нишастҳои матбуотии вазорату кумита ва сохторҳои дигари давлатӣ ба маротиб фарқ карда, дар сатҳи олӣ баргузор гашт. Намояндагони воситаҳои ахбори омма дар муддати расо 1 соат тавонистанд ба тамоми суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифта, пас аз нишаст аз Маҷмааи нав боздид намоянд.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter