Баъди ба се шоха тақсим шудани ширкати “Барқи тоҷик”, шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакентро тобеъи филиали шаҳри Истаравшан кардани он, нигаронии даҳҳо нафар кормандони ин ниҳодро ба бор овардааст.
Гурӯҳи норозиёни кормандони “Шабакаҳои барқи Панҷакент” мегӯянд, ки онҳо ба 3 шаҳру ноҳияҳоии водии Зарафшон: Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва Панҷакент дар маҷмӯъ ба беш аз 500 000 нафар аҳоливу корхонаву идора ва ташкилотҳо хизмат мерасониданд, ки ягон мушкилот набуд. Акнун онҳоро гӯё дастнигар кардаанд ё карданианд...
Аз ин амал кӣ манфиатдор аст?
Ба ақидаи барқчиёни Панҷакент, водии Зарафшонро тобеъи Истаравшан кардан аз чанд ҷиҳат ҳам хатову ҳам нодуруст будааст.
1. Ба андешаи кормандони “Шабакаҳои барқи Панҷакент” дар ин миён масъалаи ихтисори чандин коргар пеш омадааст, ки ин амал хилофи дастуру супоришҳои президент, дар масъалаи бо кор таъмир намудани сокинон мебошад. Барои мисол, агар 5 ё 10 нафар корманд ихтисор шаванду ин коргарон боз 3-4 нафар дар хона нонхур дошта бошанд, муаллифони ин “тарҳи одилона” ба ризқи 20-30 нафар зомин мешаванд.
2. Бо тобеъ намудани “Шабакаҳои барқи Панҷакент” ба Истаравшан, мушкили чандин нафареро, ки бояд ҳар моҳ ҳисобот супоранд, счёт ё барои ин ё он кори худ хулосаву мӯҳру имзо гиранд мушкилтар намудаанд.
3. Сокинони шаҳру деҳоти Панҷакент, ноҳияи Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳро зарур меояд, ки барои омода намудани ҳуҷҷатҳои техникӣ аз қабили бастани шартномаҳо, гирифтани шартҳои техникӣ ва пайваст намудани иншоотҳои нави бунёдшаванда ба Шабакаҳои барқӣ роҳҳои тӯлониро тай намуда, то ба шаҳрҳои Истаравшану Хуҷанд раванд, ки ин хароҷоти зиёдатӣ ва сарсониҳоро ба миён меорад.
4. Барои хариди ин ё он таҷҳизот ва ё ягон лавозимоте, ки оҷилан лозим мешаваду қаблан бе мушкилӣ иҷро мегардид, акнун иҷозати роҳбарияти “болоӣ” дар Истаравшан лозим...
5. Дурии масофаи ҷойгиршавии маркази идораҳои маъмурӣ: аз Панҷакент то Истаравшан-205 км аст, сифати назорат дар корҳо заъф хоҳад дид.
Барқчиёни Зарафшон низ метавонанд!
Таврт маълум бинобар мавҷуд будани имкониятҳои техникӣ дар водии Зарафшон (яъне аз қаламрави водӣ гузаштани хати интиқоли барқии 500кВ Ҷануб-Шимол, мавҷуд будани нерӯгоҳҳои хурду миёнаи обӣ, хатҳои интиқоли барқии 220кВ, 110кВ,35кВ,20кВ,10кВ,6кВ ва миқдори зиёди зеристгоҳҳои барқии шидаташон 220/110/35/20 кВ) имконият буд, ки ташкили чунин департаментҳо бевосита дар қаламрави худи водӣ (ноҳияҳои Айниву Куҳистони Мастчоҳ ва шаҳру деҳоти Панҷакент) амалӣ гардад.
Бигзор “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент”, чун пештара боқӣ монад ва ё ҳадди ақалл онро ҳамчун 1 сохтори алоҳида ба водии Зарафшон табдил диҳанд. Зар ин ҷо низ мутахасисон ҳастанд ва тӯли ин қадар сол тавонистанд корро пеш баранд ва минбаъд низ метавонанд!
Хуршед Фозилов,
Панҷакент, махсус барои СССР