(Луқма)
Барои таъмири роҳҳои мошингарди шаҳру деҳоти Исфара кормандони ДЭУ-50 арвоҳи гузаштагонро шод карда, аз усули асрҳои гузашта истифода мебаранд. Инак, чандин сол аст, ки ин усул барои эшон нисбатан осонтар ба таъмири асосӣ ба шумор рафта, ҳатто муҳандисони ин корхона чӣ будани таъмири саросариро тамоман фаромӯш кардаанд. Роҳҳои таъмирталаб ва тамоман корношоямшудаи самти Исфара-Ворухро бо шод кардани арвоҳи бобоëнашон, таъмири асосӣ (капиталӣ) нею, таъмири «бобоӣ» карда, хок ба чашми ронандагон ва мусофирон пошида, пеш бурда истодаанд, ки ба ягон чорчӯба намеғунҷад!
Ин дар ҳоле, ки танҳо дар ин самти роҳ бештари мошинҳои шаҳру ноҳия гузар мекунанд ва бечунучаро ҳар яке аз санҷиши техникӣ мегузаранду андози роҳро месупоранд! Худ аз худ суол бармехезад, ки ин ҳама маблағе, ки супорида мешавад, ба куҷо меравад? Ва чаро бо ин ҳама маблағгузорӣ роҳҳои шаҳру ноҳия таъмири асосӣ нею, таъмири «бобоӣ» мешаванд? Наврӯзи бобоӣ, муборак!
Ҳакимбой Исмоилзода, ш.Исфара