Пас аз арзу нигаронии мардум-хонандагони газетаи мардумии СССР вобаста ба қиматии нарху наво дар бозор, мо тасмим гирифтем ба рейд баромада, аз 2 бозори калонтарини ш.Душанбе-“Саховат”-у “Меҳргон” ва бозори хусусии “Сафариён” дидан намоем.
“Сафариён”: “Хоҳед харед-нахоҳед нахаред!”
Тибқи мушоҳидаҳои мо нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар бозор воқеан гарон шудааст. Дар бозори “Сафариён” ҳам мардуми харидор дар назди дӯконҳои гӯштфурӯшӣ аз нархи гарони он гиламанд шуда, бархе бо дасти холӣ мерафтанд. Ба мардуми норизо гӯштфурӯшон мегуфтанд “хоҳед харед, нахоҳед нахаред!”...
Дар бозори “Сафариён” қимати 1 кило гӯшт 60 сомонӣ, кӯфтаи гӯшти гов (фарши аслан аз каллаи гов)-40 сомонӣ, каллаю почаи гов-40 сомонӣ арзиш дошт. Нархи орди навъи 1-ум дар ин бозор 240 сомонӣ буд...
Нархи 1 халта орди навъи 1-ум дар бозори “Меҳргон”- 235-240 сомониро ташкил намуда, арзиши равғани 5 литраи растанӣ, аз он ҷумл “Олейна” то ба 145 сомонӣ дакка хӯрдааст. 1 кило гӯшти гов 60 сомонӣ буда, ба мардуми харидор қассобон, чун дар Сафариён 1 посух доштанд:
“Хоҳед харед, нахоҳед нахаред!”
“Саховат”: ҳаёҳӯй нест
Дар бозори дигари пойтахт- “Саховат” нархи 1 кило гӯшти гов 55 сомонӣ буд, вале харидор надошт. Назди дӯконҳои гӯштфурӯшӣ мо на издиҳоме дидем ва на ҳаёҳӯйе. Ажиотаж нест! Ё харидор ахиран баақл шудаву телатумбак карда нархро намевардорад дигар, ё...пул надорад...
Сайвалӣ Сабзаев, директори КВД “Бозори “Саховат” зимни сӯҳбат бо мухбири мо афзуд, ки маъмурияти бозор 1 моҳи ахир нархи маҳсулоти ниёзи аввалияро ба танзим даровардаанд, вале омилҳои беруна ва худи мардум метавонанд дар арафаи ид бо ҳаёҳӯй боиси боло рафтани нархи гӯшту равғану орд шаванд.
Арзиши маҳсулоти дигар, амсоли орду равған, картошкаву пиёз, сабзавоти барвақтӣ дар инҷо назар ба бозорҳои “Меҳргон”-у “Сафариён” арзонтар ба чашм мерасид.
Дар бозори “Саховат” нархи 1 халта орди навъи 1-ум 220-230 сомонӣ, равғани 2 литраи растанӣ-46-48 сомонӣ, 1 кило шакар-9 сомонӣ, картошка-4-4,40, пиёз 1,20-1,60 сомонӣ, 1 кило бодиринг 10 сомонӣ арзиш дошт. 1 кило дилу ҷигару каллаю почаи гов дар ин бозор 35-40 сомониро ташкил менамуд.
Назорати бозор дар дасти кист?
Нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар бозорҳои кишвар имрӯз ба маротиб боло рафтаву боиси нигаронӣ ва норизоии мардум шудааст. Воқеан ҳам, чаро мақомоти дахлдор, аз он ҷумла Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ, ки танзими нарху наво вазифаи ҷониаш аст, барои коҳиш додани нарх коре намекунад? Ё мекунаду намегӯяд? Агар мекард, мардуми харидор кори онҳоро бо чашму харҷи кисаи худ ҳатман медиду эҳсос мекард!
Ва ё то кай савдогарони беэмони мо-“паразитҳои бозор” (ибораи дӯстдори М. Убайдуллоеви номӣ) бо баҳонаи болоравии қурби доллари ИМА, пандемияи коронавирус, кам шудани воридоти маҳсулот, хосса орду равғани растанӣ, аз вазъи имрӯзаи мардум суистифода бурда, нархҳоро ба фоидаи худ гарон мекунанд? Чаро мақомоти қудратӣ-Прокуратура, ВКД, КДАМ ва Агентии мубориза алайҳи коррупсия дасти чунин “паразитҳоро” ба қавле намешиканад, то ба мардум ҷабр нашавад?
Омиронаи Сайёф, СССР