Муҳаммад Тиллобердиев истиқоматкунандаи деҳаи Роҳи нави Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш мебошад. Ӯ соҳиби 5 фарзанд буда, аз ин 3 нафар маъюб-ду нафараш маъюби гуруҳи 1-ум ва 1 нафараш маъюби гуруҳи 2-юм аст. Айни ҳол 13 нафар дар таъминоти ин мард қарор доранд.
Замин доданд, аммо…
Соли 2010 ба бо ҳузур ва дастгирии ду намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ аз ҳудуди деҳаи Роҳи Нави ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳия ба Муҳаммад Тиллобердиев бинобар сабаби калон будани оилаву барои 3 кӯдаки маъюбаш 15 сотих замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд. Бинобар душвор будани шароити зиндагонӣ ин мард имконияти сохтмони манзили истиқоматиро надошта, ноилоҷ барои хӯрондани аҳли оила ин замини наздиҳавлигиро кишту кор карда, истифода бурда истодааст. Аммо вай хуб медонад, ки мақсади ҷудо намудани ин замин сохтмони манзили истиқоматист.
7 сол дар интизори ҷавоб…
Муҳаммад Тиллобердиев чандин маротиба ба МИҲД ноҳияи Вахш барои қонунӣ ҳуҷҷатгузорӣ намудани ин замини наздиҳавлигӣ муроҷиат намудаст, зеро замини ҷудошуда ягон ҳуҷҷат надорад ва муайян нест, ин мард соҳибмулк аст ё не? Вале мақомотҳои дахлдор то ҳол ба ин масъала монеа эҷод намуда истодаанд. Мавсуф 7 сол дар интизории мактуби ҷавобӣ буда, дар ин муддат бо 3 фарзанди маъюбаш дар пушти дари МИҲД ноҳияи Вахш ҳамоно овораанд.
Падари ин 3 маъюб мегӯяд, ки аз ин рафти кор хаста шуда, якчанд маротиба аризаи шикоятӣ ба мақомотҳои дахлдор навиштааст, аммо ягон натиҷа нест, боз ҳамон ваъдаҳо аз тарафи ҷамоат ва намояндаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Вахш...
Кӯдакони маъюб чӣ гуноҳ доранд ?
Илова бар ин Музаффар, Исмоил ва Роҳиллахон Тиллобердиевҳо нафақаи хеле ками маъюбӣ мегиранду аламовар ин аст, ки дар ҷашну маросимҳо аз ҳоли онҳо касе на хабар мегирад, на касе онҳоро барои гирифтани кӯмакпулиҳо даъват мекунад. Ин дарду ранҷҳояшон басанда набуд, ки келини ин хонадон моҳи апрели соли 2018 баъди таваллуди фарзандаш 2 моҳ зиста вафот кард ва айни замон 3 кӯдаки хурди келин низ дар таъминоти Муҳаммад Тиллобердиев қарор доранд.
Шароити зисту зиндагонии ин оила бениҳоят вазнин асту дигар намедонад ба куҷо раваду дарди дилашро ба кӣ арз намояд. Чаро дар маҳал супоришҳоро масъулини ҷамоати деҳоти Тоҷикобод иҷро намекунанд? Заминро ҳамчун таҳҷоӣ ҷудо карда додаанд, вале ҳуҷҷатгузории онро ба иҷро намерасонанд. Мавсуф хоҳиши расмӣ гардонидани замини наздиҳавлигиро дорад, вале МИҲД аз додани қарор "оиди вобаста намудани замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ" беэътиноӣ зоҳир карда истодааст. Шояд дар таги ин коса ба қавле нимкосае ҳаст?
Нуриддин Қосимзода, журналист, вилояти Хатлон