ХАБАРИ ДОҒ

"Бо чор шабакаи телевизиони Тоҷикистон мондем". Мавҷгирҳои моҳвораиро дар Душанбе барчиданд

  • Чоршанбе, Май 26 2021

Мавҷгирҳои кандашуда дар Душанбе

Мақомоти шаҳри Душанбе тайи як ҳафтаи охир даҳҳо мавҷгир ва ё антенаҳои параболии сокинонро аз боми биноҳҳои истиқоматияшон дар хиёбони Рӯдакии пойтахт барчидаанд.

Чунин тасмим Алӣ Валиев, сокини шаҳри Душанберо чанд рӯз боз аз тамошои барномаҳои телевизонҳои хориҷӣ маҳрум сохтааст. Ҳоло антенаи моҳворавии ӯву ҳамсояҳояш на болои бом, балки рӯи замин, назди биное ҷамъоварӣ шудаанд. "Ба мо ҳамин қадар гуфтанд, ки антенаҳо болои хонаҳоро безеб мегирад. Хайр ҳозир ҳамин чор каналро тамошо карда гаштем"-афзуд, Алӣ Валиев, сокини пойтахт.

Мавҷгирҳо намои шаҳро нозеб мекунанд

Рӯзи 21-уми май як гурӯҳ аз кормандони идораи манзилию комуналии ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе ба кандани мавҷгирҳои моҳворавии сокинон банд буданд. Онҳо гуфтанд, бар асоси дастури раиси шаҳр амал карда истодаанд. Ба гуфтаи онҳо "мавҷгирҳо намои зебои шаҳрро коста мегардонад, барои ҳамин бояд аз боми сокинон гирифта шаванд".

Аммо баъзе аз сокинон гуфтанд, кандани мавҷгирҳояшон аз як ҷиҳат хараҷоти молиро ба миён гузоштааст, аз сӯи дигар ҳуқуқи дастрасии онҳо ба иттилоъро маҳдуд мекунад.

"Фикри моро напурсиданд, фақат ҳаминро гуфтанд, ки ин ҷо антенаҳои Шумо зебоиро коста мекунад. Антенаро харида будем ва барои часпонданаш пул харҷ кардем, бояд дар баробари кандан бо дигар мавҷгир таъмин мекарданд",-афзуд яке аз ҳамсуҳбатони мо, ки нахост номаш бурда шавад.

"Қарори раиси шаҳр аст"

Турамурод Шукуров, корманди идораи манзиливу комуналӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, барои барчидани антенаҳо ба сокинон муҳлат дода буданд. Ӯ таъкид намуд, ки вақте баъзе сокинон чунин талаботро иҷро накарданд, худи онҳо дастбакор шудаанд. Ба қавли Шукуров, дар чанд рӯзи ахир аз 3-4 бино дар хиёбони Рӯдакӣ ҳудуди 150 мавҷгирро кандаанд.

"Қарори раиси шаҳр баромадагӣ, дар роҳи асосии хиёбони Рӯдакӣ дар болои бомҳо бояд ягон хел антена набошад, аз боло метобад, меҳмонон аз роҳ мегузаранд мебинанд, тартиби шаҳрдориро риоя кардан даркор. Дар биноҳои Қайроққум тирамоҳи гузашта тахминан 800 антенаро кандем ва сокинон ба шабакаи “Мавҷи Истиқлол” пайваст шудаанд”,- иброз дошт ӯ.

Хиёбон ва кӯчаи Рӯдакӣ аз маркази шаҳри Душанбе мегузарад ва маъмулан мошинҳои раисҷумҳурон ва дигар меҳмонони баландпоя, ки ба Тоҷикистон меоянд аз ин кӯча убур мекунад. Зоҳиран шаҳрдории Душанбе ба хотири зебову замонавӣ нишон додани шаҳр ба меҳмонони хориҷӣ тасмими барчидани мавгирҳоро гирифтаанд.

Кормандони идораи манзилию комуналӣ мавҷгирҳои моҳвораии сокинонро канда, дар назди бинои пулиси минтақавӣ афкандаанд. Мусъулон гуфтанд, соҳибони ин дастгоҳҳо метавонанд, ҳар лаҳза онҳоро омада бигиранд, аммо ба ҷойи инҳо бояд аз мавҷгирҳои алтернативӣ ё симӣ истифода баранд. Ин дар ҳолест, ки баъзе сокинон гуфтанд, мавҷигрҳои онҳоро аз болои бом партофтанд, ки корношоям шудаанд ва ҳоло намедонанд мавҷгирҳояшон куҷост.

Бархе ҳуқуқшиносон мегӯянд, сокинон ҳақ доранд, боми бинои истиқоматиашонро истифода баранд ва мавҷгирҳои худро дар он ҷо гузоранд. Аммо ба қавли онҳо ин амали мақомот ҳам ғайриқонунӣ нест.

Шодком Махсумов, ҳуқуқшиноси Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон гуфт, тасмими барчидани мавҷгирҳои моҳвораӣ бояд тарзе сурат гирад, ки ҳуқуқи сокинон нақз нашавад. Ӯ афзуд, агар мавҷгирҳо воқеан симои зоҳирии пойтахтро нозеб мекунад, ҳукумати шаҳр дар ин замина бояд ягон қарор ва ё санаде қабул кунад. Он гоҳ, дар ин замина метавонанд мавгирҳоро барчинанд.

Барчидани мавҷгирҳои моҳворавӣ аз боми биноҳои истиқоматӣ дар кӯчаҳои марказии пойтахт аз соли гузашта шурӯъ шуда буд. Бархе аз сокинон аз он гуфтанд, ки ин амал ҳуқуқи дастрасии онҳо ба иттилоъро маҳдуд мекунад. Иддаое, ки мақомот рад мекунанд ва мегӯянд, сокинон имкони васеи истифода аз мавҷгирҳои дигари симӣ ва интернетиро доранд.

 

•Алишер Зарифӣ

•Амриддин Олимов

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter