Дуруд ба кулли кормандони газетаи мардумии СССР! Соли 1995 мактаби №42-и деҳаамон ба номи М.Маҳмадшоев гузошта шуду наздикони эшон ваъда доданд, ки дар назди мактаб 1 варзишгоҳи замонавӣ месозанд. Тавре мегӯянд вақти номгузорӣ ваъдаҳои калон доданду аммо баъдан замини барои варзишгоҳ ҷудошударо аз худ карда гирифтанд. Бо омадани нафаре бо номи Ҷалолиддин ба раисии деҳа, ин замин ба номи ҷиянаш Дилшод, ки дар деҳа рӯзе зиндагӣ накардааст, ҳуҷҷатгузорӣ ва шахсӣ карда шуд. Шахсони номдори деҳаамон бо ин масъала борҳо ба раисони вақти н.Айнӣ низ муроҷиат карда буданд, аммо ҷавоби рад гирифтанд. Соҳибкорони деҳа дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии хешро барои сохтмони 1 майдончаи варзишӣ баён карданд, вале боз ҳам ҷавоби рад гирифтанд. Соҳибкорон ҳатто розӣ буданд 1 мактаби наву замонавӣ низ бунёд намоянд, лек иҷозат нашуд, чаро нафаҳмидем.
Дигар ин ки яке аз фарзандони Ш.Маҳмадшоев дар хориҷа буда, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста аз сиёсати пешгирифтаи ин давлату ҳукумат танқид мекунад. Оё месазад номи падари чунин хиёнаткорро ба мактаб-боргоҳи илму дониш гузошт?
Коллективи омӯзгорони мактаби №42,
деҳаи Томин, Ҷамоати деҳоти Варз, н.Айнӣ.
Таснифи Бунёди Зарафшонфар