ХАБАРИ ДОҒ

Нақлиёти Душанбе: нархи гарону мусофири ҳайрон

  • Чоршанбе, Нояб 03 2021

14.10.2021. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ш.Душанбе дар сомонаи худ Иттилоияро дар бораи аз 10.11.2021 гарон шудани нархи роҳкиро дар нақлиёти истифодаи умуми пойтахт нашр кард. Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» пасон дар шарҳи ин амал гуфт, ки гароншавии нархи ҳамлу нақли мусофирон бо мақсади пурра қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ бо хизматрасонии нақлиётӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон дар ин замина муътадил гардонидани вазъи молиявии корхонаҳо ва ширкатҳои нақлиётӣ сурат гирифтааст.

Мо тасмим гирифтем бори дигар ба ин масъала таваҷҷӯҳ намуда, сабабу омилҳои болоравии нархи роҳкиро ва тарифҳои нави роҳкироро дар нақлиёти истифодаи умумро баррасӣ намоем.

 

Парк нав-мусофиркашонӣ афзуд

Тавре ба мухбири СССР дар МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» хабар доданд, дар давоми 3 соли охир, парки корхонаҳои коммуналии нақлиётии ш.Душанбе бо харидории автобусу троллейбусҳои муосир пурра азнавсозӣ гардида, дар заминаи ин ивазкунии баъзе аз хатсайрҳои амалкунандаи микроавтобусӣ ба хатсайрҳои автобусию троллейбусӣ ба роҳ монда шуд.

Дар 9 моҳи соли 2021 ҳаҷми мусофиркашонӣ дар шабакаи хатсайрҳои ш.Душанбе тариқи нақлиёти калонҳаҷм (автобус-троллейбус) 65,2%,  мусофиргардиш 55,9% ва ин нишондиҳанда дар ҷамъиятҳои нақлиётӣ (микроавтобус) мутаносибан 34,8% ва ё 44,1%-ро ташкил дод. Яъне парки корхонаҳои коммуналии пойтахт пурра нав шуда, мусофиркашонӣ низ дар ин муддат афзудааст.

 

Нарх 10 сол бетағйир буд…

Маврид ба зикр аст, ки маротибаи охир, ҳаққи роҳкиро дар шабакаи хатсайрҳои ш.Душанбе дар соли 2011, дар автобусҳо барои 1 мусофир 1,20 (як сомонию бист дирам), троллейбусӣ 0,70 (ҳафтод дирам) ва микроавтобусӣ 1,60 (як сомонию шаст дирам) муқаррар гардида, давоми 10 сол роҳкирои хатсайрҳои автобусӣ ва микроавтобусӣ бетағйир фаъолият карданд.

Танҳо дар хатсайрҳои троллейбусӣ давоми 10 сол 1 маротиба баландшавии ҳаққи роҳкиро аз 0,70 (ҳафтод дирам) то 1,00 (як сомонӣ) амалӣ гардидааст.

 

Қарздорӣ ва муфлисшавӣ

Дар ин муддат болоравии арзиши нархи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ 110%, қисмҳои эҳтиётӣ ва таркибии воситаҳои нақлиёт 90-110%, қувваи барқ 300%, нархи воситаҳои нақлиёт инчунин пардохти андозу фондҳо ва маоши миёнаи амалкунандаи кормандон нисбат ба соли 2011 ба маротиб зиёд гардидааст, ки корхона ва ширкатҳои мусофирбарии нақлиётӣ хароҷотҳои худро рӯйпуш карда наметавонанд ва боиси қарздории онҳо гардида, бархе корхонаҳо рӯ ба муфлисшавӣ оварда истодаанд.

Ҳарчанд корхонаҳои коммуналии нақлиётӣ ҷиҳати муътадил гардонидани вазъи молиявиашон мунтазам таи солҳои охир аз ҷониби МИҲД ш.Душанбе дар доираи имкониятҳои ҷойдошта маблағгузорӣ карда мешаванд, вале он басанда набуда, зарурияти тағйир додани нархномаи роҳкиро ба миён омадааст.

 

Нарх 80% боло рафт

Сар аз 10 ноябри соли 2021 ҳаққи роҳкиро дар шабакаи хатсайрҳои ш.Душанбе барои 1 мусофир ба таври ғайринақдӣ тавассути автобусҳо 1,80 (як сомонию ҳаштод дирам) ва тариқи кортҳои яксафара, яъне оне, ки корт надораду пул медиҳад (ду сомонию панҷоҳ дирам),  троллейбусҳо ба таври ғайринақдӣ 1,50 (як сомонию панҷоҳ дирам) ва тариқи кортҳои яксафара (ду сомонӣ), микроавтобусҳо 2,50 (ду сомонию панҷоҳ дирам) ва барои интиқоли 1 мусофир-километр тавассути воситаҳои нақлиёти кироякаш (таксӣ) 3,00 (се сомонӣ) муқаррар гардидааст. Масъулон мегӯянд, ки то 10.11.2021 кортҳои якдафаина дар дуконҳои назди истгоҳҳо пайдо мешаванд ва мусофирон метавонанд харида, аз онҳо истифода баранд.

Дар ин маврид хулосаи шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Душанбе аз 06.10.2021, таҳти №233 ба тасвиб расидааст.

 

City Card ҳамқиматшуд

ДарбаробарииннархитарофаҳоикортинақлиётииCity Card низтағйирёфтанд. Тавредарсаҳифаирасмииинширкатомадааст, сараз 10.11.2021 тарофаҳобатариқизеринивазхоҳандшуд:

«Наврас» - дар автобус - 0,9 сомонӣ, дар троллейбус - 0,75 сомонӣ. Ин тарофа барои кӯдакони синни аз 5 то 10-сола пешбинӣ шудааст.

«Донишҷӯ» - дар автобус - 1,26 сомонӣ, дар троллейбус - 1,05 сомонӣ. Ин тарофа барои толибилмони макотиби олии пойтахт пешбинӣ шуда, тарофа баъди тасдиқ кардани донишҷӯӣ ва пур кардани тавозун (баланс)-и корт ба маблағи зиёда аз 90 сомонӣ фаъол мешавад.

 

«Тахфифӣ» - дар автобус - 1,53 сомонӣ, дар троллейбус - 1,28 сомонӣ. Ин тарофа зимни пур кардани тавозун (баланс)-и корт ба маблағи зиёда аз 90 сомонӣ фаъол мешавад.

  

Мардум фаромуш шуд?

Тасмими гаронкунии нархи роҳкиро дар байни аҳолӣ, ки мусофирони асосии нақлиёти истифодаи умуми ш.Душанбе мебошанд, боиси сар задани нофаҳмӣ ва нигаронӣ гашта истодааст. Зеро бо назардошти вазъи мураккаби иқтисодии кишвар, сатҳи поини маошу нафақа, пайваста боло рафтани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия-орду равған, гӯшту шакар ва маводи сӯхт, ки бе ин ҳам ба миёни мардуми коргар зарбаи сахт зада истода буд, боз ҳам хабари қиматшави нархи роҳкиро дар автобусу троллейбус ва микроавтобусу таксӣ расид.

Ҳоло хуб, ки масъулон ин хабарро барои мусофирон бадро 1 моҳ пеш расониданд, вале боз ҳам то 70-80% боло бардоштани нархи роҳкиро магар инсофона аст? Оё хуб набуд, ки нархи роҳкиро дар автобус то 1,50 сомонӣ, троллейбус 1,20 сомонӣ ва микроавтобус билохира 2 сомонӣ шавад!? Вазъи буҷаи хонаводагии мардум низ пас аз беш аз 1 соли пандемияи коронавирус ва баста шудани роҳҳои ҳавоӣ ба Федератсияи Россия низ бояд ба назар гирифта мешуд, вале тавре ба назар мерасад на ин шуду на он…

Бо ин ҳама мо бар умедем, ки дар ҳукумати шаҳр гӯши мардумшунав ҳаст ва ин тарофаҳои барои камбизоатон хелеее дардманд тағйири мусбӣ мехӯрад. Ба вежа дар ҳамин шабу рӯзи тақдирсоз…

Мо Метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова,

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter