Раисони собиқи ноҳияи Ёвон сар аз шодравон Қурбоналӣ Азизов, Саъдулло Бекназаров, Мирзобек Холмуродов, ки ҳар яке аз 5 то 10 сол раисӣ кардаву шахсони кордида буданд. Мардуми ноҳия аз онҳо ба некӣ ёд мекунанд. Аксарияти корхонаҳои азими саноатӣ дар ноҳия маҳз дар замони раҳбариии ин шахсиятҳо бунёд ёфтаанд. Ҳоло бошад тамоми корхонаҳоро вайрону валангор карда, ба фурӯш гузоштаанд. Хоса дар вақте, ки солҳои 2022-2027 солҳои рушди саноат эълон шудаанд, мо корхонаҳои саноатиро ба ҷойи азнавсозӣ баръакс мефурӯшем, то моликони нав ба мардум ҳудудашонро ҳамчун замини наздиҳавлигӣ тақсим карда диҳанд.
Дар ҷумҳурӣ 7% замини кишоварзӣ мебошад, вале мансабдорони мо ин порчаи хурди заминро барои рушди кишоварзӣ неву барои тақсимоти қитъаи замини наздиҳавлигӣ сарф мекунанд. Чаро дар ноҳияи Ёвон ба мардум аз болои теппаҳо замини наздиҳавлигӣ дода намешавад? Чаро маҳз замини кишоварзиро мо бояд барои нозу нузи ин ё он нафар хароб карда, ба рӯяш манзили истиқоматӣ бисозем?
С. Бегмон,
н.Ёвон