ХАБАРИ ДОҒ

Файзобод: писари раис ба хизмат рафт, аз мулло чӣ?

  • Чоршанбе, Май 04 2022

 

Холзода Бобишо Нарзулло, раиси ноҳияи Файзобод гуфт, 5 моҳ пеш зимни даъвати тирамоҳӣ писарашро ба хизмат ба артиш равон кардааст. Дар баробари ин раис таъкид дошт, ки даъвати навбатии баҳорона писарони роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Файзобод, мудири шуъбаи кадри мақомот ва раиси 1 ҷамоати деҳоти ноҳия барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон довталабона пайвастанд.

   - Қаблан зимни мулоқоту вохӯриҳо мардум баҳона пеш меоварданд, ки чаро фарзандони мансабдорон ба хизмат намераванд. Ҳамин ҳоло писарони 4 мансабдори ноҳия аз раис сар карда дар хизматанд, пас аз ин мардум боз чӣ баҳона мекарда бошанд? Ман нахуст намунаи ибрат шуда, писарамро ба артиш фиристодам, то хизмат карда ҷавонмарди воқеӣ гардад, пас аз ман чанде аз кормандон иқдом карданд. Вале пурсида мешавад, чаро имом-хатибон, муллоҳои обрӯманд, дар ин самт коре намекунанд? Онҳо низ дар байни ҷамъиятанд, дар байни мардум обрӯву нуфуз доранд. Аз ҷумла имом-хатиби Ҷамоати деҳоти Мискинобод, ки калонтарин ҷамоат аст. Аз ин пештар 2 маротиба гуфта будам, ки фарзандашро ба хизмат фиристонад, вале ӯ писарашро 2 сол шуд аз Армия мегурезонад, - гуфт Холзода Бобишо Нарзулло дар сӯҳбати эксклюзив бо газетаи мардумӣ.

Ҷамила Ҳусейнова, СССР,

Душанбе-Файзобод-Душанбе

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter