ХАБАРИ ДОҒ

 

Варқа Зайниддинов, ҳуқуқшинос ва узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, сокини маҳаллаи Шабчароғи ш.Бохтар ба редаксия занг зада (тел: 917751514), гуфт, ки сокинони биноҳои баландошёнаи маҳаллаи мазкур аз дасти сохтмончиён на рӯз оромӣ доранду на шаб осоиш.

   - Президенти кишвар дар Паёми худ, ки чанд рӯз пеш ироа гардид, таъкид доштанд, ки пеш аз ҳама бояд эҳтиром ба волоияти қонун гузошта шавад. Вале он чизе, ки мо мебинем тамоман баракси ин гуфтаҳост. Соат аз 21-и шом мегузарад, вале мо сокинони биноҳои баландошёнаи маҳаллаи Шабчароғ хобу оромӣ надорем: кор дар майдонҳои нави сохтмонӣ бо садои баланд давом дорад!

Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки расо 28 сол пеш қабул гардида, кафолати ҳуқуқу озодиҳои ҳар 1 шаҳрванди кишвар аст, дар ин сохтмонҳо риоя намегарданд. Сохтмон муҳимтар аз шаҳрванду ҳуқуқу озодиҳояш гаштааст. Беморон дард мекашанд, тифлакон дод мезананд, модарон асабӣ ва пиронсолон бемор. Дар рузи истироҳат хобу оромӣ надорем. Ягон мақомоти қудратӣ дар ш.Бохтар наметавонад аз ин қонуншиканӣ пешгирӣ намояд?

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter