Ғолибони ҳафта:
Авазхон Кабиров, Қаландаршо Одинаев ва Шоира Раҳимҷон
Дар тӯли 1 ҳафтаи охир пас аз эълон шудани лоиҳа – озмуни мазкур ба идораи газетаи мо нафарони зиёде занг задаву тавассути купонҳо номзадони хешро пешниҳод намуданд. Мо ҳамаи овозҳоро ҷамъ намуда, номзадҳоро ба феҳристи ягона ворид кардем. Вале ин охири кор нест. Ин феҳрист боз буда, ҳар яки шумо бо ба ёд овардани ин ё он тоҷиру соҳибкори муваффақ метавонед номи ӯро ба мо пешниҳод намоед ва барои вай ба воситаи пур кардани купон овоз бидиҳед. Купонҳои пур кардаро метавонед ҳам ба идораи Газетаи мардумии СССР биёред ва низ тавассути паҳнкунандагони рӯзнома ба мо фиристед.
Аз рӯи натиҷаи купон – овозҳои ҳафтаи 1-уми овоздиҳӣ, ки ба масъули лоиҳа дастрас шуданд, Авазхон Кабиров, директори генералии ҶДММ «Султони кабир» бо 30 овоз дар ҷойи 1, Қаландаршо Одинаев, директори корхонаи тиллои «Одина» сазовори ҷойи 2 ва Шоира Раҳимҷон – журналист, шоира ва оҳангсоз бо 15 овоз дар мақоми 3 –юм ҷо гирифтанд.
Рӯйхати баъдиро пас аз ин нафарон Маҳмадшариф Асадуллозода, соҳибкор аз шаҳри Қӯрғонтеппа бо 10 овоз, Исмат Абдуллозода, директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» бо 7 овоз, Ҳасан Асадуллозода, раиси бонки «Ориёнбонк» бо 5 овоз, Иззатулло Давлатов, директори ширкати сохтмонии «Элит Строй Сервис» бо 5 овоз, Шабнами Сурайё, сароянда ва продюсор бо 5 овоз идома медиҳанд. Дигарон бошанд аз 1 то 3 овозӣ гирифтаанду халос.
Озмун ва овоздиҳӣ идома дорад. Бо мо бошед, зеро Мо Метавонем!
Масъули лоиҳа – озмун Ҷамила Ҳусейнова
PS: Халқ бояд тоҷиронашро шиносад!
Набояд фаромӯш кард, ки Тоҷирони муваффақ давлатҳоро сохтаанд. Дар мо бошад танҳо ба шеъру фарҳанг арҷ мегузоранд ва фикр дорем, ки ҷамъият рӯи ҳамин аркон аст: Дуруст, вале дар асл Давлатҳо болои КАПИТАЛ қарор доранд. Мисоли оддӣ? Ба Амрикову Аврупо нигаред. Нигаристед? То-та!
Зимнан афроди соҳибкор, тоҷир ва кордонҳои муваффақро низ бояд халқ донад. Мо тасмим гирифтем, аз рӯи имкон ва тавон онҳоро ба миллат муаррифӣ кунем. Мо Метавонем!
Дӯстдорону ҳаводорони Газетаи мардумии СССР метавонанд дар ин Лоиҳа-озмун фаъолона ширкат варзида, 25 тоҷиру соҳибкори комёб ва муваффақи кишварро пешниҳод кунанд. Яъне, ба феҳристи тоҷирони муваффақ, ки ҳафтаи 2-юм аст, ки нашр мешавад, нафароне ворид карда шудаанду боз ҳам метавонанд ворид гарданд, ки дар тӯли 25 соли истиқлолияти Тоҷикистон баҳри ободии кишвар дар тамоми гӯшаю канори он саъйю талош намуда, барои беҳтар сохтани вазъи зисту зиндагонии мардум ва шароити иҷтимоиву фарҳангӣ талош кардаанду номи некеро аз худ боқӣ гузоштаанд.
Дӯстони азиз! Агар Шумо чунин соҳибкор ва тоҷирро мешиносед, пас зудтар дар бораи ӯ ба мо хабар диҳед ва дар интихоби тоҷирони беҳтарини Тоҷик бароямон тариқи зангҳои телефонӣ, смс-паёмак ва номаҳои электронӣ кӯмак намоед. Овоздиҳӣ тариқи купонҳои махсус сурат гирифта, он аз 1 июн то 31.08.2016 идома хоҳад ёфт. 25 тоҷири муваффақи Тоҷик бошад дар арафаи таҷлили ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон эълон шуда, нафароне, ки овозҳои бештарро ба даст меоранд, бо ҷоизаҳои махсуси Газетаи мардумии СССР ва Дипломҳои мардумӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Бо мо бошед, ки Мо метавонем!