«Амонатбонк»-1: доллар нест! «Амонатбонк»-2: доллар ҳаст!
20.10.2016. Соат бо вақти Душанбе 8:20 дақиқа. Тасмим мегирам боздиди нахустро аз бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» сар кунам ва ба филиали он дар кӯч.Н.Қарабоев, ки дар ошёнаи 1-и бинои истиқоматии ҳамшафати меҳмонхонаи «Фарҳанг» ҷойгир аст, медароям. Ба суоли ман дар бораи он, ки 40 доллар мехарам, ҷавонмарди хазинадор бо киноя механдад ва мегӯяд, ки «тайи 10 рӯз шуд доллар надорем, зеро асъори хориҷиамон конвертатсия шуда аст. Баъдан биёед!»…
Соат бо вақти Душанбе 8:45 дақиқа. Ба филиали дигари «Амонатбонк» дар хиёбони Рӯдакӣ, дар шафати меҳмонхонаи «Пойтахт» медароям. Аз хазинадор дар бораи будан ё набудани доллар мепурсам. Дар ин ҷо пули доллари хурд будааст! $50 дода, аз хазинадор хоҳиш менамоям, онро майда кунад. Ӯ ба ман 2 купюраи 20 долларӣ ва 1-то 10 долларӣ медиҳад, вале мегӯяд, ки барои мубодила бо сомонӣ 2-3 дақиқа интизор шавам. Лек ман мунтазир нашуда, хурсандона ба филиали дигари ин бонк роҳ пеш гирифтам.
Соат бо вақти Душанбе 9:00. Ба филиали «Амонатбонк» дар назди вокзали ш.Душанбе медароям ва $40-ро ба сомонӣ иваз мекунам. Хазинадор ба ивази он 315 сомонӣ медиҳад. Курси $ дар ин рӯз дар 3 нуқтаи «Амонатбонк» 7.88 барои фурӯш ва 7.90 сомонӣ барои хариди $ буд. Гуфтанд, ки «Амонатбонк» аз рӯи курси ҳаррӯзаи БМТ курси асъори хориҷиро муайян месозад.
1 сомонӣ зарар дар 20 дақиқа!
Соат бо вақти Душанбе 9:20 дақиқа. Барои дубора харидани 40 доллар ба филиали бонки дигари кишвар – «Агроинвестбонк» дар дохили маркази савдои «Пайкар» муроҷиат мекунам. Хазинадор ба ивази ин маблағ аз мо 316 сомонӣ дархост мекунад ва ман бо қимати 1 сомонӣ бештар $40 мехарам. Курси $ дар ин бонк 7.87 барои фурӯш ва 7.89 сомонӣ барои харид буд.
Танҳо «Эсхата» санади тасдиқкунанда дод
Соат бо вақти Душанбе 14:00 дақиқа. Мубодилаи $40-ро идома дода, ба филиали бонки «Эсхата» воқеъ дар кӯч.Н.Муҳаммад медароям. Шояд ба хотири он, ки ин намояндагӣ дар наздикии бозори «Шоҳмансур» ва хазинаҳои бешумори авиакассаҳо ҷойгир аст, навбати одамон зиёд буд. Расо пас аз 17 дақиқа навбатам мерасад ва $40-ро дода, боз 315 сомонӣ ба даст мегирам. Намояндагии бонки «Эсхата» дар рӯзи якуми боздидам ягона бонке буд, ки пас аз мубодилаи доллар бароям санади тасдиқкунандаи амалиёти мубодилавӣ таҳти №1589240 дод. Курси доллари ИМА дар ин бонк имрӯз чунин буд: 7.87 барои харид ва 7.89 барои фурӯш.
Дигар дар ягон бонк аз ман ҳуҷҷати тасдиқкунанда на талаб карданду на доданд. Мо Метавонем!
«Ориёнбонк»: доллари хурд надорем!
21.10.2016. Соат бо вақти Душанбе 10:40 дақиқа. Бо мақсади харидани $40 филиали «Ориёнбонк» воқеъ дар хиёбони С.Шерозӣ-16 медароям. Навбат зиёд, аксарияти мардум барои қабули маблағи интиқолшуда аз Русия истодаанд. Ҷавонмарди хазинадор аз нафароне, ки мехоҳанд доллар иваз кунанд, даъват мекунад, ки пештар оем. Аз ӯ пурсидам: «2-то 20 доллара доред? 40 доллар лозим, агар бошад мегирам…». «Не, пули хурд надорам, агар хоҳед $50 иваз мекунам, барои маблағи хурд вақти моро нагиред!» - бо таъкид ва хашм маро гусел мекунад хазинадор. Курси доллари ИМА дар «Ориёнбонк» 7.87 барои харид ва 7.89 сомонӣ барои фурӯш буд.
«Агроинвестбонк»: Гаранг накунед!
Соат бо вақти Душанбе 10:45 дақиқа. Ба намояндагии бонки «Агроинвестбонк» дар хиёбони С.Шерозӣ медароям. Он дар ошёнаи 1-уми бинои истиқоматӣ, дар ҳамсоягӣ бо маркази савдои «Сафар» воқеъ буд. Ба ҷуз 1 милисаи пеши дар ва 2 марди хазинадор дар ин филиали бонк дигар пашшае пар намезад! Милиса-муҳофизи бонк дар курсӣ нишаста, бо телефон саргарми сӯҳбат буд. Вақте саррофӣ пурсидам, бо ишораи сар маро сӯи хазина фиристод. Хазина холӣ, аммо баъди чанд лаҳза аз дохили утоқ марде баромада пурсид, ки чӣ мехоҳам. Гуфтам, ки мехоҳам доллар бихарам. Ӯ норозиёна ва бо даҳони пур аз хӯрок дари хазина ва баъдан дари сейфро кушоду аз ман доллар хост. Дубора гуфтам, ки $40 мехарам! Қиёфааш дар 1 лаҳза иваз шуда, бо хашму ғазаб гуфт: «Надорем доллар, надорем майда, чӣ одамонро гаранг мекунед! Гуфтед доллар иваз мекунам, агар ин тавр буд, аз ҷой намехестам! Равед, гаранг накунед!».
Барои 40 доллар бонк кор намекунад!
22.10.2016. Соат бо вақти Душанбе 10:00. Бо мақсади харидани 40 доллар ба филиали «Соҳибкорбонк» дар рӯбарӯи бозори «Саховат» медароям. «Доллари хурд нест!» бо хитоб мегӯяд хазинадор. Курси 1 доллари амрикоӣ дар ин бонк чунин буд: харид 7.86, фурӯш 7.91 сомонӣ!
Соат бо вақти Душанбе 10:15 дақиқа. Дар филиали «Агроинвестбонк» дар к.Н.Қарабоев низ пули хурди доллар нест. Хазинадор бо 1 тамасхур ба мо нигоҳ карда мегӯяд: «Агар 100 доллар медоштед, иваз мекардем!»
Соат бо вақти Душанбе 10:30 дақиқа. Аз «Агроинвестбонк» баромада, ба филиали «Кафолатбонк», ки дар тарафи дигари к.Н.Қаробоев воқеъ аст, ворид мешавам. 1 ҷавон маро дида, аз утоқи дохил зуд давида мебарояд ва назди хазина даъват мекунад. Чеҳрааш хеле гарму табассум дар лабон, вале вақте мефаҳмад, ки ба 2 20-долларӣ ниёз дорам, ханда аз лаб мепарад. «Доллари хурд надорем! 100 доллара дошта бошед, марҳамат, барои 20-40 доллар бонки мо кор намекунад!».
Ҳамин тавр, дар рӯзи 3-юми супориш, натавонистам 40 доллар бихарам ва бо 316 сомонӣ дар даст мондам. Зарари ҳар бор ивазкунии ин маблағ ба ман 1 сомонии нақд мерасид. Қисса кӯтоҳ, маълум шуд, ки дар кишвари на он қадар сарватманду ғании мо, бонкҳоямон имрӯз пули хурди доллари ИМА-ро надоранд!!! Ё мо воқеан миллати бой дар ин сарзамини камбағалем ва ё барояшон хариду фурӯши пули майда бар зарар аст? Вале набояд чунин бошад! Зимнан тасмим гирифтам дафъаи дигар бо 17-23 доллар ба нуқтаҳои мубодилаи асъори бонкҳо рафта, онро фурӯшам, ё бихарам. Мо метавонем!
Мину Аминзода, СССР