ХАБАРИ ДОҒ

Ахиран, сар аз 1 ноябри соли ҷорӣ адвокатҳои Тоҷик низ андоз хоҳанд супорид. Андози онҳо 6% аз даромади умумӣ ва 1% андози иҷтимоист. Ростӣ, танҳо баъди қабули ҳамин қонун, ки ҳанӯз 5 сентябри соли 2016 Нусратулло Давлатзода-раиси Кумитаи андози ҶТ имзо карда буд, мо фаҳмидем, ки адвокатҳои мо умуман андоз намесупоридаанд!!!

 

Воқеан ҳам чаро адвокат то ин дам андоз  намесупорид? Охир андозро тамомии сохторҳои тиҷоративу давлатӣ ва ғайридавлатӣ месупоранд-ку? Шояд гап сари ин бошад, ки дар бештари маврид ҳуқуқшиносон-адвокатҳо худашон қонунҳоро таҳия мекарданду манфиати худро тӯли 25 сол аз манофеи давлат боло гузоштаву аз андоз озод карда буданд фаолияташонро? Бо ин ҳама аҷиб аст, ки семичкаву картошкафурӯш ва ҳатто ҳофизони дайдуи тӯйгард андоз супоранду адвокатҳо не.

Ин ҳам дар ҳолест, ки корафтодаҳо медонанд, замони ахир чӣ гонорарҳо ва дастмуздҳои ҳангуфте ишон намегирифтанд! Коршиносон ҳадс мезананд, шояд баъд аз боздошту ҳабс шудани теъдоде аз адвокатҳои номии кишвар, ки аз манофеи Зайд Саидову ҲНИТ ва дигар сарватмандони сармояашон хатчадор ва ҳисобу китоби даромаду гонорару музди кории ҳамин адвокатҳо, мақомот ба хулосае омада бошад, ки онҳо низ бояд ба давлат андоз супоранд. Ҳарчӣ ҳам ҳаст ё нест, чун андозсупоранда редколлегияи сайти www.cccp.tj бар назар аст, ки: Андозро бояд супурд!

Мо метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter