Фурӯдгоҳи байналмилалии ш.Қурғонтеппа баъди қарздории зиёд, ки гаҳ-гоҳе парвозҳоро ба шаҳрҳои Русия анҷом медод, бо гирифтани 4 млн сомонӣ қарз аз бонкҳои Тоҷикистон аввал хатти парвоз ё паласаи парвозро тибқи стадартҳои ҷаҳонӣ месозад. Бекмурод Тағаймуродов-муовини раиси фурӯдгоҳи байналмилалии ш.Қурғонтеппа имрӯз 24 ноябр дар суҳбати СССР гуфт: «Дар хатти парвози ин фурӯдгоҳ 165 метр паласаи нав сохта мешавад, ки дар гузашта дарозии хатти парвоз 2285 метрро ташкил медод, вале тибқи стандартҳои парвоз набудааст. Барои 165 метр 4 млн сомонӣ харҷ шудааст, аз бонкҳо қарз гирифтем, худи президент гуфта буд, талаб кард, ки бо талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯи бошад, ҳоло корҳо рафта истодаанд, ки дар сурати анҷоми сохтмони хатти парвоз бо ду ширкати Русия шартномаҳо имзо шудаанд.”
Масъулини фурӯдгоҳи байналмилалии ш.Қурғонтеппа гуфтанд, қарзи андозро, ки аз солҳои гузашта боқӣ мондааст, ҳар моҳ то 50.000 сомонӣ ба андозсупорандагони азим супурда истодаанд, кормандоне, ки 2 моҳ дар рухсатии бемузд фиристода шуда будаанд, дигарбора ба кор даъват кардаанд. Тағаймуродов гуфт, ки онҳо бо ширкати “Ҳавопаимоии Сибир”ва “Ширкати ҳавопаймоии Уралский”-и Русия шартномаҳои корӣ имзо карда, бо истифода додани хатти парвоз ё паласаи нави фурӯдгоҳ ҳавопаймоҳои ин 2 ширкат аз ин ҷо ба шаҳрҳои Русия парвозҳо анҷом медиҳанд. Зимнан фурӯдгоҳи байналмилалии ш.Қурғонтеппа баъди бефаъолиятии соли 2010 фаъолият кард, ки то ин вақт гоҳе парвозҳо қатъ мешуд ва кормандон ба рухсатии бемузд фиристода мешуданд. Чандин бор қатъ шудани парвозҳо аз ин фурӯдгоҳ дар ҳоле буд, ки 90%-и муҳоҷирони кории минтақаи Қурғонтеппа аз ҳамин фурӯдгоҳ ба шаҳрҳои Русия, аз ҷумла, Маскав, Санкт-Петербург, Новосибирск ва Самара павоз мекарданд. Дар 1 ҳафта 5 маротиба парвозҳо аз ин фурӯдгоҳ ба фурӯдгоҳи Домодедови ш.Маскав анҷом мешавад ва аз он ҷо ба Қурғонтеппа парвозҳо сурат мегирад
Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон