Ошёнаи 2-юми чойхонаи воқеъ дар бозори маркази шаҳр одатан дар нисфирӯзӣ хеле серодам аст. Дар ин ҷо ғизое машҳур бо номи «Устухон» мизоҷонро ба худ ҷалб кардааст. Бале устухон. Он устухонҳое, ки аз таги Оши палов мегиранд ва талабгори зиёд доранд. Зеро он хуб пухтаву хеле ҳам болаззат аст. Мо аз ин ғизо фармоиш медиҳем. Рӯи табақе пешхизмат 3 устухон меорад, ки шояд вазни умумиаш 1 кг ҳам набарояд. Гӯшташро тоза мекунем ва ба табақе мегирем, ки 300-350 грамро ташкил медиҳад. 2 нони дигар, 1 салат, 2 чойник чой ҳам мефармоем. Ҳангоми ҳисобӣ пешхизмат коғазчаеро овард, ки дар он 62 сомонӣ навишта шуда буд. Ҳисоби тахминӣ мекунем: 2 нон-4 сомонӣ; 1 салат-5 сомонӣ; 2 чойник чой-2 сомонӣ ва боқимонда 52 сомонӣ нархи ҳамон устухон будааст. Ин дар ҳолест, ки 1 кг гӯшт дар бозорҳои ш.Панҷакент 30 сомонист. Мо ба 300-350 гр гӯшти пухта 52 сомонӣ медиҳем. Чунин рафтори «устухонфурӯшон» ноинсофӣ нест? Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи кормандони минтақавии «Тоҷикстандарт» дар водии Зарафшон ин гуна устухонҳо бо каме гӯшт «супнабор» ном доранду ба категорияи пасти гӯштҳо шомил буда, нархи пастро бояд доро бошанд.
Қиматӣ дар «Сайёра»
Ошхонаи дигаре, ки бо хӯроки машҳури худ бо номи илликшӯрбо дар Панҷакент шӯҳрат ёфтааст, ошхонаи «Сайёра» аст. Меҳмони ин ошхона ҳам шудем ва хостем аз илликшӯрбои таърифӣ тановул кунем. Тарзи пешниҳоди илликшӯрбо дар ин ошхона чунин будаст: Аввал устухони «илликдор»-ро дар табақе ва сипас оби шӯрборо дар косачае меоранд. Арзиши 1 ҳиссаи хӯрок барои 1 нафар 18 сомониро ташкил медодааст. Ба гуфтаи кормандони «Сайёра» дохили илликшӯрбо 350 гр гӯшт доштааст. Лек мо ба ин боварем, ки 350 гр гӯшт дар ин хӯрок мавҷуд нест! Аммо дар яке аз чойхонаҳои машҳури ш.Панҷакент мавсум ба чойхонаи Муҳиддин, барои ҳамин миқдор устухони гӯштдор бо нону чой ва хӯриш ҳамагӣ 9 сомонӣ пардохтем. Дар ҳоле ки дар чойхонаи Муҳиддин бо ин қадар қимати арзон 1 ҳиссаи илликшӯрборо мефурӯшанд, пас дар «Сайёра», ё умуман, дигар ошхонаҳо аз рӯи кадом инсоф ва адолат таъомҳо нархгузорӣ мешаванд?
Чингизхонро хӯрдем
Яке дигар аз ин гуна ошхонаҳое, ки нархҳои гарон дорад, ошхонаи навтаъсисе бо номи «Хуҷандӣ»-ст. Аҷибии ошхона дар он аст, ки таъоме дорад бо номи «Чингизхон». Ба гуфтаи кормандони ошхона дар таркиби ин ғизо 8 намуди гӯшт мавҷуд буда, он ба шакли кабоб тайёр мешудааст. Вале ба ҳангоме ки мо хостем барои санҷиш аз ин таъом тановул кунем, онро ба мо дар шакли таъоми кӯзача яъне шӯрбое, ки гӯшти реза дорад, пешниҳод карданд ва донаҳои гӯште, ки андаке аз нахӯд калон буд, таркиби ин таъомро ташкил медод. Ба гуфтаи пешхизмат ва таббох, дохили он 8 намуд гӯшти ҳайвоноти гуногун мавҷуд буд, аз қабили харгӯш, гӯсфанд, гов, мурғ, равғани думба, дилу ҷигари гӯсфанд. Лек гӯштпораҳое, ки дохили ин таъом ба мо пешкаш шуданд ва андозаашон андаке аз нахӯд калон буд, онро натавонистем, бинобар хурд будан муқаррар кунем, ки гӯшти кадом ҳайвон аст. Ин ҷо 1 чиз муайяну муқаррар буд: Қимати гарони ин таъом. 200 гр таъоми «Чингизхон» ба 12 сомонӣ баробар буд. Дигар тамъу мазаи ин таъом ҳеҷ кашфиёте надошт. 1 кг гӯшти пухташудаи харгӯш ба 80 сомонӣ баробар аст, ин дар ҳолест, ки 1 харгӯши зинда 25-30 сомонӣ буда, қариб 2-3 кг гӯшт медиҳад. Ногуфта намонад, ки дар ошхонаи «Чингизхон» гӯшти пухтаи хирс низ фаровон аст. Чизи дигаре муаммост, ки чаро дар ошхонаву чойхонаҳои ш.Панҷакент ҳаққи хизматрасониро мегиранду ба мизоҷон чек намедиҳанд? Ахиран Прокурори ш.Панҷакент-Назарзода Авазҷон дар 1 ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ба проблемаҳои ҷойдошта: ҳолати санитарӣ, нарху наво, сатҳи хизматрасонӣ ва дигар ҳолатҳо дахл карда, таъкид доштааст, ки бояд тамоми сохторҳои назоратӣ, аз ҷумла, маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, бахши Тоҷикстандарт дар ш.Панҷакент, хадамоти байторӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдор камбудиҳои ҷойдоштаро дар нуқтаҳои хӯроки умумӣ дар кӯтоҳтарин муддат бартараф созанд. Вале баъзе аз соҳибназарон бар онанд, ки Прокурори шаҳр чунин таъкидро борҳо кардааст, лек ислоҳи ин камбудиҳо сурат нагирифтанд. Ин навбат ҷаноби Назарзода то куҷо ба ин кор муваффақ мешавад? Вақт довар аст! Санҷишҳои мо нишон доданд, ки мавзӯъ хеле фароху доманадор асту аз ин хотир тасмим гирифтем, ки минбаъд онро пайгирӣ кунем. Зеро Мо метавонем! Шумо чӣ?
Хуршед Фозилов,
Бибиҷон Ашӯрова, Панҷакент, СССР