ХАБАРИ ДОҒ

АГРОИНВЕСТБОНК ВА ТОҶИКСОДИРОТБОНК ҲИСОББАРОБАРКУНИҲОРО БО МУШТАРИЁН БАРҚАРОР КАРДАНД.

  • Сешанбе, Янв 17 2017

Хушхабарро аввалин шуда ба идораи ҳафтаномаи мардумӣ, ҳамин саҳар  сармуҳосиби СССР, акаи Сайидмурод тариқи телефон аз Кӯлоб расонд. Ба ӯ  масъулони филиали дар шаҳри Кӯлоб будаи Агроинвестбонк, ваъдаи қатъи доданд, ки имрӯз то бегоҳ ҳамаи маблағҳои ҳафтаномаи СССР ва дигар мизоҷон пурра ба таври ғайринақдӣ пардохт карда мешаванд. Ҳамчунин онҳо таъкид карданд, ки аз ин пас тамоми ҳисоббаробаркуниҳо ба таври мунтаззам ва аз рӯйи меъъёрҳои қабулшуда сурат мегиранд.

 

Феълан дирӯз сомонаҳои расмии Агроинвестбонк ва Тоҷиксодиротбонк хабари расмии барқарор шудани ҳисоббаробаркуниҳо дар ин 2 ташкилоти муътабари қарзиро пахш намуда буданд. Дар ин ахбори расмӣ таъкид мешавад, ки  ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва ҶСК «Агроинвестбонк» додани пули нақд дар банкоматҳо ва хизматрасонии кортҳои пардохтиро дар ташкилотҳои хизматрасонию савдо барқарор намудаанд. 

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Агроинвестбонк, меъёри гирифтани пули нақд дар 1 рӯз – 600 сомонӣ ва хариди молу маҳсулот тавассути кортҳои бонк номаҳдуд мебошад. 

Зимнан, Агроинвестбонк ва Тоҷиксодиротбонк  аз чоргонаи бузургтарин бонкҳои Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, соли гузашта ба мушкилоти молӣ дучор ва охири соли гузашта Ҳукумати ҷумҳурӣ ба Вазорати молияи дастур дода буд, ки барои ин бонкҳо дар ҳаҷми 3 млрд. 850 млн. сомонӣ (ҳудуди 490 млн. $ тибқи қурби ҳозира) коғазҳои қиматнок ҷудо намояд. 

Ҳамчунин бонкҳои номбурда имкон доранд векселҳои аз Вазорати молия гирифтаашонро дар Бонки миллии Тоҷикистон ба пули нақд табдил диҳанд. Коғазҳои қиматнокро бонкҳои дучори мушкилот ба муҳлати 5 сол бо 2%-и солона таҳти гарави дороиҳои худ мегиранд. 

Дороиҳои «Агроинвестбонк» аз маҷмӯъ 730 иншооти дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ҷойгиршуда, аз ҷумла бинои Сарбонк, 60 филиал ва 5 маркази хизматгузорӣ иборат мебошад. Ҳамчунин минтақаҳои истироҳату фароғат дар дараи Варзоб, иқтидорҳои гуногуни хурди истеҳсолӣ, фермаву анбор, нуқтаҳои фурӯши сӯзишвориву таъмири воситаҳои нақлиёт, марказҳои савдо, мағоза, дорухона, қаҳвахона, марказҳои хизматрасонии маишӣ, хона ва манзилҳои сершумор низ ба ин бонк мутааллиқанд.

Даҳаи охири моҳи декабр палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз қарори ҳукумат дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ ҷиҳати сармоягузорӣ намудани бонкҳои тиҷоратии кишвар ҷонибдорӣ намуд.

Дар маҷмӯъ ба бонкҳо ба маблағи умумии 3 млрд. 850 млн. сомонӣ (наздики 490 млн. доллари ИМА бо қурби ҳозира) векселҳо пешниҳод мешаванд. Аз ҷумла «Тоҷиксодиротбонк» ба маблағи 2 млрд. 250 млн. сомонӣ, «Агроинвестбонк» - 1 млрд. 70 млн. сомонӣ, «Тоҷпромбонк» - 450 млн. сомонӣ ва «Фононбонк» - 80 млн. сомонӣ коғазҳои қиматнок мегиранд. 

 

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter