“Муносибати бонк ва мизоҷро шартнома муайян менамояд” чунин аст яке аз қойидаҳои оҳании соҳаи бонкдорӣ. Аммо ҳаводиси ахири низоми бонкдорӣ ва масъалаҳои баҳсноки теъдоди зиёди мизоҷони бонкҳои кишвар нишон дод, ки ин санадҳои ҳуқуқӣ начандон одилона ва мувофиқ ба муқаррароти қонунгузорӣ таҳия ва имзо мешаванд. Мисоли оддӣ дар дилхоҳ шартномаи қарзии байни бонк ва муштарӣ ба имзо расида, муҷозот дар шакли ҷарима муқарар гардидааст, ки танҳо муштариён ҳангоми иҷро накардани ӯҳдадориҳо пардохт менамоянд. Аммо дар шартнома (хусусан шартномаҳои пасандозӣ ва хизматрасониҳои хазинавӣ), ки аксаран бонкҳо уҳдадориҳои худро дар назди муштариён иҷро намекунанд, муқаррарот оид ба ҷаримаву пена ва ё дигар намуди муҷозот барои ташкилотҳои қарзӣ муайян нашудааст.
Ҷ. Нурмаҳмадзода проблеммаи пеш гузоштаи хабарнигори ҳафтаномаи “СССР” тасдиқ карда, иброз намуд, ки масъалаи мазкур мавриди муҳокима, омӯзиш ва баррасии мутахассисони БМТ қарор дошта, дар ҷаласаи навбатии БМТ бо тамоми бонкҳои кишвар ба муҳокимма монда мешавад. Ҳамчунин Раиси БМТ иброз намуд, ки дар ҳақиқат масъалаи номбурда, аз солҳои пеш ҳамин тавр, яъне ноодилона ба роҳ монда шуда, роҳбарияти БМТ кӯшиш мекунад дар ин маврид адолатро барқарор намояд.
Масъалаи дигаре, ки хабарнигори ҳафтаномаи мардумӣ пешниҳод кард, дар мавзӯи беасос ва асосан бо гуноҳи бонкҳо муҷозот ва ҷаримабандӣ шудани корхонаву ташкилот ва ширкату соҳибокорон, аз ҷониби мақомоти андоз ва дигар мақомоти давлатӣ барои сари вақт напардохтани маблағҳои андоз, пардохтҳои ҳатмӣ ва музди меҳнати кормандон буд. Маҳз дар чанд моҳи ахир ва бо сабаби вазъи нохуби молиявии калонтарин бонкҳои кишвар Агроинвестбонку Тоҷиксодиротбонк ва дигар ташкилотҳои қарзӣ, теъдоди зиёди корхонаву ташкилот ва ширкату соҳибкорони ҷумҳурӣ имкон надоштанд, ки маблағҳои андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмии давлатиро сари вақт ҳисобӣ намоянд. Зеро супоришҳои пардохтии онҳо бо сабаби дар суратҳисобҳои мухобиравии ин бонкҳо набудани маблағ, тӯли аз 3 моҳ то 1 сол пардохт намешуданд. Аммо дар асоси муқаррароти Кодекси андоз ва дигар тартиботи қабулшуда, ин субъектҳо барои сари вақт ва дар мӯҳлати муайяншуда напардохтан ба таври автоматӣ ҷаримабандӣ шудаанд.
Раиси Бонки миллӣ ин мавзӯъро низ тасдиқ карда, иброз намуд, ки дар ҳақиқат масъала ҷиддӣ ва дар мадди назари роҳбаррияти БМТ мебошад. Ҳамчунин афзуд, ки роҳбарияти БМТ тасмим дорад, ҳатман масъаларо ба муҳокиммаи мақомот ва дигар сохторҳои давлатӣ расонида, ҷиҳати бекор кардани ҷаримаҳои беасос кӯшиш менамоянд.
СССР.