Чаро “мардумӣ” ва чаро “давлатӣ”?
Ҳанӯз саду чанд сол муқаддам, замони ташкилёбии Хазинаҳои амонатгузории Россияи подшоҳӣ, принсипи асосии фаъолияти ин ташкилотҳои молиявӣ аз хизматрасонӣ ба табақаҳои поёнии ҷамъият муваззаф гардида буд. Баъдтар, маҳз ҳамин принсип сабаб шуд, ки Ҳукумати Шӯравӣ ин ташкилотро барҳам назада, баръакс тӯли тамоми мавҷудияташ ташаккул дод. Дар даврони истиқлолият, миёни дигар ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ танҳо дар Тоҷикистон, бо ҳидояту дастури Пешвои миллат, Асосгузори суҳу ваҳдат, Президенти ҷумҳурӣ-Эмомалӣ Раҳмон, Амонатбонк ҳамчун сохтори давлатӣ нигоҳ дошта шуда, ба сифати агенти молиявии давлат барои иҷрои нақшаву барномаҳои иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шудааст. Яъне, ба ибораи дигар принсипи “мардумӣ ва ё дар хизмати мардумони оддӣ будан” –и Амонатбонк баъд аз пошхӯрии СССР танҳо дар Тоҷикистон ҳифз гардидааст. Ин аст, ки имрӯз тамоми ҳамтоҳои он ба мисли Сбербонки русиву Халқбонки қирғизӣ хусусиву тиҷоратӣ ва моликияти ашхоси алоҳида шуда бошанд ҳам, Амонатбонк чун ҳамешагӣ “давлатӣ”-ю “мардумӣ” ва хизматгузори ҳар хонадон ва сокинони арҷманди кишвар боқӣ мондааст.
Дер ояду шер ояд...
Чанд сол муқаддам тамоми расона ва воситаҳои ахбор интиқод аз он мекарданд, ки Амонатбонк бо тарзу усули пешин фаъолият дошта ҷиҳати ҷорӣ намудани хизматрасониҳои наву муосир бетаваҷҷуҳ аст. Шояд ин интиқод то ҳадде ҳақиқат дошт, зеро имкониятҳои молиявию фаннӣ ва кадрӣ он замон ҳақиқатан дар Амонатбонк маҳдуд буд. Аз дигар тараф бе таҳлилу омӯзиш ва маслиҳату тадбир ҷорӣ намудани таҷрибаю ихтирооти нав хавфу мушкилоти зиёдеро ба бор меорад. Аз ин хотир бо таҳаммул ва шояд бо андаке дермонӣ, аммо бо таваккалу эътимод Амонатбонк оҳиста-оҳиста ба коркард, мутобиқгардонӣ ва ҷорӣ намудани дастовардҳои пешқадами соҳаи бонкдории ҷаҳон шурӯъ намуда, дар ин самт имрӯз қадамҳои устувор мемонад.
Бо дастур ва дуои хайри Пешвои миллат
Такони ҷиддиро дар ҷорӣ намудани хизматрасониҳои муосир, дастур ва супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти кишвар, ҷиҳати ҷорӣ кардани пардохти нафақа тавассути кортҳои бонкӣ, гузошта буд. Имрӯз Амонатбонк дар доираи иҷрои барномаҳои иҷтимою давлатии “Пардохти нафақа тавассути кортҳои бонкӣ” ва “Музди меҳнат тавассути кортҳои бонкӣ” дастовардҳои бузургеро соҳиб шудааст. Шумораи дорандагони кортҳои бонкии Амонатбонк ба ҳолати имрӯза 1,2 млн. нафарро ташкил дода, 70%-и бозори кортҳои бонкии ҷумҳурӣ дар ихтиёри ин бонк мебошад. Мувофиқи оморҳои охирин, Амонатбонк 88%-и нафақагирони ҷумҳуриро бо кортҳои ройгон таъмин карда, тавассути 222 адад банкомат ва 1030 адад постерминалҳо дар саросари кишвар ба онҳо хизмат мерасонад. Тибқи барномаи “Музди меҳнат” Амонатбонк бо 6980 корхонаву ташкилотҳо шартномаҳои хизматрасонӣ ба имзо расонида, саривақт ва бе каму кост маблағҳои онҳоро пардохт карда истодааст. Бо мақсади рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои бонкӣ, Амонатбонк дар зиёда аз 170 нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ аз қабили меҳмонхона, дорухона, ошхона, НФС ва марказҳои савдо терминалҳои пардохтӣ насб намудааст.
Мубориза бо ҷинояту фасод тавассути хизматрасониҳои муосири бонкӣ
Пӯшида нест, ки низоми мавҷуда ва аз замони Шӯравӣ боқимондаи ҳисоббаробаркунӣ барои истифодаи барқ, хизматрасониҳои коммуналӣ, андоз ва пардохтҳои давлатӣ бо сабаби мавҷудияти факторҳои инсонӣ ва бюрократаи қоғазӣ, фасод ва дигар ҷиноятҳои молиявиро ба бор меоранд. Бо мақсади мубориза ва пешгирии ин падидаи номатлуб қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи рушди низоми пардохт барои солҳои 2015-2025” таҳти №679 аз 31.12.2014 сол қабул шуда, бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявӣ ҷиҳати иҷрои самараноки он сафарбар гардида буданд. Маҳз дар ҳамин заминаи ҳуқуқӣ, Амонатбонк фаъолияти хизматрасониҳои бонкиро ба роҳ монда, ҷорӣ кардани ҳисоббаробаркуниҳои эллектронӣ ва пешниҳоди маҳсулоти иноватсионии бонкдориро афзалу муҳим шуморид. Амонатбонк низоми ҳисоббаробаркуниҳои фаврӣ (биллинг)-ро барои ҷамъоварии маблағҳои истифодаи барқ, об ва дигар хизматрасониҳои коммуналӣ дастрас карда, тариқи “Бархат” имрӯз дар 150 марказҳои хизматрасонӣ ҳисоббаробаркуниҳоро ба анҷом мерасонад. Барномаи электронии “Қабули пардохт” дар 255 филиал ва марказҳои хизматрасонӣ пайваст гардида, шаффоф гаштани ҷараёни молиявӣ ва танзими муомилоти нақдиро дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ таъмин менамояд.
Амнияти молиявӣ-муҳимтарин рукни амнияти давлатӣ
Абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва иқтисоди “соягӣ”-и ҷаҳонӣ бо истифода аз воситаҳои технологияҳои навтарин, қудратҳоеро раҳандозӣ менамоянд, ки боиси шикасту садамаҳои молиявӣ дар мамлакатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ заиф мешаванд. Чандест, ки дар доираҳои гуногун ва аз тариқи васоити ахбори кишвар падидаи нави технологияи молиявӣ тарғибу ташвиқ мешавад, ки аллакай берун аз Тоҷикистон маъруфият пайдо карда, ба иқтисодиёти бузургтарин кишварҳо сар халондааст. Аз хатароти эллектронӣ чист ҳанӯз 5 сол муқаддам дар саҳафоти ҳафтаномаи “СССР” бонги изтироб зада будем, ки имрӯз он роҳат ба иқтисодиёти Тоҷикистон ворид шудан дорад. Шарҳи чию чигуна будани асъори эллектронӣ фаррох буда, дар доираи ин матлаб дар бораи он маълумоти пурра додан, ғайриимкон аст. Феълан, он асъор (воҳиди пулӣ) ва низоми муомилоти пулиест, ки дар шабакаи интернет сурат гирифта, ба гунаи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ имкони назорат ва танзими давлатию миллиро надоранд. Маъруф гардидани ин асъор дар қудратмандтарин давлат, ҳатман ба рушди иқтисоди “соягӣ”, напардохтани андозу дигар пардохтҳои давлатӣ, қочоқи асъор ва маблағгузории терроризму экстремизм мусоидат мекунад. Дар соҳаи бонкдорӣ коршиносон онро ба вируси гузарандаи молиявӣ мушобеҳ карда, пешгӯӣ менамоянд, ки рушди ин низом эътибор ва зарурати бонкҳоро сифр менамудааст. Машҳуртарин асъорҳои эллектронӣ Биткоин ва Ванкоин буда, теъдоди онҳо имрӯз дар олам аз 100 адад ҳам зиёдтаранд. Ногуфта намонад, ки иддае аз тоҷирон имрӯз бо ҳар роҳу восита, тавассути асъори эллектронии “Биткоин” аз хориҷи кишвар молу коло ворид менамоянд.
“Ҳушёрӣ”-и сиёсию“зиракӣ”-и иқтисодӣ
Хонандаи гиромӣ ва сокинони арҷманди кишвар ибораи маъруф ва таъкиди ҳамешагии Асосгузори суҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ-Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ҳушёрии сиёсӣ хуб дар хотир доранд. Зиракии иқтисодии дар боло ишора намудаи мо ҳам як ҷузъи ин дастури хирадмандона буда, маънои суботу амнияти иқтисодию молиявиро дорад. Ин аст, ки солҳои ахир Ҳукумати ҷумҳурӣ якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқиеро дар соҳаи иқтисод ва молияи кишвар ба тасвиб расонида аст, ки ҳадафи асосии онҳо маҳз ба суботу амнияти ин соҳа равона гардидаанд. Самтҳои нави фаъолияти Амонатбонк, хусусан дар мавриди коркард, озмоиш ва ҷорӣ намудани хизматрасониҳои наву иноватсионии бонкдорӣ, идомаи мантиқии иҷрои қарору супоришҳои дар боло зикргашта мебошанд. Харҷу масрафи маблағҳо барои интишори кортҳои бонкӣ ва пешниҳоди ройгони онҳо ба нафақагирон, дастрас ва харидории барнома ва технологияҳои навтарин,омода намудани кадрҳо дар дохил ва хориҷи кишвар, ҷорӣ кардани навтарин дастовардҳои бонкдорӣ дар мавриди субот ва амният аз хатароти фаромилии молиявӣ дастовардҳои муҳимтареро соҳиб кардаанд. Зеро, рисолати Амонатбонк ҳамчун бонки давлатӣ дар ин самт ҳамеша боризу афзалтар аст. Мо метавонем!
Одинашо Муродов
СССР