ХАБАРИ ДОҒ

ТОҶИК ЭЙР» ПАРВОЗҲОРО БА ХОРУҒ ОҒОЗ МЕНАМОЯД!

  • Ҷумъа, Фев 24 2017

 Ширкати ватании ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» аз санаи 25.02.2017 ба иҷрои хатсайри Душанбе – Хоруғ – Душанбе шурӯъ менамояд. 

Дар ин бора ба СССР котиби матбуоти ширкати «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев иттилоъ дода, зикр кард, ки сабаби асосии муваққатан манъ намудани парвозҳои доимӣ дар хатсайри Душанбе – Хоруғ ин гузаронидани корҳои хизматрасониҳои техникӣ  дар ҳавопаймои АН – 28 мебошад. 

  - Айни ҳол талаботи ҷомеаро ба инобат гирифта мо омода ҳастем, ки парвозҳоро дар ин самт ба таври мунтаззам бо истифодаи чархболи МИ–8  ба роҳ монем.  Ин чархбол дар шароити мувофиқати обуҳаво ҷиҳати парвоз ба ҳама гуна самтҳо муддати 24 соат дар як шабонарӯз омода аст. Бо чархболи Ми-8 метавон 22 нафар мусофиронро ба нуқтаи таъинот расонид, ки шуморашон аз ҳавопаймои АН-28 зиёдтар мебошад, - изҳор намуд Азиз Хайруллоев.

Тибқи нақша парвози нахустин санаи 25-уми феврал анҷом дода мешавад.

Арзиши чипта – 615 сомонӣ. Хоҳишмандон барои дастрас намудани чипта метавонанд ба кассаи фурӯши чиптаҳо, ки дар ошёнаи якуми бинои ҶСК «Тоҷик Эйр» (кӯчаи М.Мастонгулов, 32/1) воқеъ аст, муроҷиат намоянд. Телефон барои тамос: (+992 48) 701 50 42.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter