ХАБАРИ ДОҒ

«Стратегияи нав»-и Алимардонов

  • Чоршанбе, Март 29 2017


(Ё худ чи тавр Агроинвестбонк аз ҳисоби панҷакентиҳо аз бӯҳрон раҳо ёфтанист?!)

То 5 маротиба боло рафтани арзиши хизматрасониҳои кортӣ тариқи банкоматҳои «Агроинвестбонк»-и Муродалӣ Алимардон муштариёнро нигарон кардааст. Чанде аз муштариёни ин бонк дар шаҳри Панҷакент, ки тариқи кортҳои пластикӣ маоши хешро мегирифтанд, бо изҳори норозигӣ иброз доштанд, ки қаблан ин фоиз камтар буд, вале чанд рӯзи охир он ба маротиб боло рафтааст, ки дар ин замони бӯҳронӣ дандоншикан аст. Ба андешаи муштариёни ин бонк, қаблан фоизи гирифтани маош аз 1000 сомонӣ 0,3%-ро ташкил менамуд, аммо имрӯз аз 1000 сомонӣ 15 сомонӣ комиссия ё худ ҳаққи хизматрасонӣ гирифта мешудааст, ки 1,5%-ро ташкил медиҳад.
Барои маълум кардани сабабҳои болоравии ин хизматрасонӣ ба намояндагии «Агроинвестбонк» дар Панҷакент муроҷиат намудем. Аммо онҳо гуфтанд, ки ин ба ваколати мо дохил намешавад ва аз идораи марказӣ вобаста аст. Ба рақами 236-51-69, ки дар зери ҳар 1 тасдиқномаи банкоматҳои Агроинвестбонк навишта шудааст, занг зада, суол додем. Аз он тарафи гӯшӣ гуфтанд, ки ба рақами 236-74-66 занг занед, шӯъбаи масъул ва муайян кардани фоизҳо ҳамонҳо мебошанд, онҳо мефаҳмонанд. Ба ин рақам занг задем ва пас аз муаррифӣ аз мухотаб ному насаб пурсон гаштем. Ӯ худро Мирзоев Акрам муаррифӣ намуд. Ба андешаи ҷаноби Мирзоев, омили зиёд шудани фоизи хизматрасониҳои бонкӣ дар асоси супориши роҳбарияти бонки мазкур будааст.

Роҳи раҳоӣ-ҷайби муштарӣ?
-Қаблан ин хизматрасониҳо 0,3%-ро ташкил медод, аммо ҳудуди 1 моҳ мешавад, ки мо онро ба 1,5% боло бурдем. Мефаҳмем камтарак қимат аст, вале вазъияти бонки мо, ки вазнин буд, хостем ҳамин стратегияро пеш гирем ва арзиши хизматрасониҳоро боло бардорем – гуфт ҷаноби Мирзоев.
Яъне «Агроинвестбонк» мехоҳад аз ҳисоби мардум бо «стратегияи наваш» ва аз киссаи муштариёнаш вазъияти молии хешро беҳтар созад. Ин дар ҳолест, ки то ҳол дар банкоматҳои Агроинвестбонк лимит ҷорӣ асту ҳамарӯза аз 1000 сомонӣ зиёд барои 1 нафар намедиҳад. Дар ҳамин ҳол муштариёни ин бонк мегӯянд, чаро оид ба пасандозҳое, ки дар ин бонк солиёни сол мондаанд, аммо имрӯз гирифта наметавонанд, чунин «стратегия»-ро ба манфиати мардум ҷорӣ накарданд, то ки онҳо ба ҳангоми зарурат тавонанд пасандозҳои хешро бидуни кадом мушкилот роҳат бигиранд?
Ана ҳамин ҳолат ба қавли мардум эътимоди онҳоро нисбати ин бонк ба хок яксон намудаасту мегӯянд, ки дигар то ҳаёте доранд бо чунин бонке, ки танҳо ба манфиати хеш «стратегияҳои булаҷабона» дорад, ҳеҷ гоҳ сарукор нахоҳанд гирифт. Ин мардуми баҷономада мегӯянд, танҳо онҳо не, яъне ҷомеъа ҳам метавонад, ки роҳашро биёбад. Яъне усули бобоиро аз сари нав зиндаву пойдор намояд, яъне зинда бод Бонки бобоӣ-лӯлаболишти таки каш. Ҳам бе хавфтар аз Агроинвестбонки Алимардонов асту ҳам «стротегияи булаҷаб» надорад ва ҳам ҳар вақте хоҳӣ, пулатро бе мамониат мегирӣ ва ҳам бе %!
Мо Метавонем!


Хуршед Фозилов,
СССР, ш.Панҷакент

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter