ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Алаф хар!

  • Сешанбе, Апр 11 2017


Имрӯз чунин шудааст, ки ҳатто алафи хӯрданамонро аз пойтахти кишвари ҳамсоя меоранд! Ва нархи 1 кг пудинаи қирғизӣ ҳоло дар бозорҳои пойтахтамон то ба 10 сомонӣ расидаасту аз ҳама муҳим мардум онро мехаранд! Пас дар кишвари мо чӣ мекоранду вазорати кишоварзӣ барои чӣ лозим???

Мавсими кабудиву сабза, хоса пудинаву ҷағ-ҷағ, барги зулфу сиёҳалаф ва чукрӣ расидаву бозорҳои мо ҳоло пур аз ин нозу неъмати баҳорист. Имрӯз хонаводае нест, ки аз ин фурсат истифода бурда оши буридаву далдаи алафӣ… омода накунад. Бо супориши редаксия мо низ тасмим гирифтем ба бозор баромада, сабзаву кабудӣ харида, барои ҳамкорон самбӯсаи алафӣ омода намоем. Охир, Тоҷикистони сарсабзу хуррам ватани меваю сабзавот аст ва кабудиву алафи хӯрокӣ бояд фаровон бошаду нархаш арзон. Аммо пас аз сайругашт дар 3 бозори калонтарини пойтахт ин фикри мо хом баромад: нархи алафу кабудӣ ба осмон часпида, бо сабаби ҷаҳиши нархи доллари ИМА ба маротиб боло рафтааст. Шояд ба ин иллат, ки ранги доллар низ САБЗ аст?

Алаф фаровон, лек гарон!
01.04.2017. Соат бо вақти Душанбе 9:00 дақиқа. Ба бозори «Шоҳмансур» медароям ва рост сӯи растаи кабудифурӯшон меравам. Нархи 1 бандча ҷаъфариву кашниҷ ва пиёзи сабз 50 дирам-1 сомонӣ, шалғамчаи сурх-1,5-2 сомонӣ, 1 пакет алафи ҷағ-ҷағ, ки шояд 100 гр ҳам набошад, 3-4 сомонӣ, нархи 1 кг пудинаи кӯҳӣ-10-12 сомонӣ. 1 бандча сирпиёз 4 сомонӣ… Дар ин бозор алафу кабудӣ фаровон: рӯи аробаҳо, рӯи растаҳо ва рӯи замин пур аз сабзаву алафи хӯрокиву кабудӣ. Ҳатто сиёҳалафу чукрӣ низ баромадаву нархашон барои 1 бандча аз 6 сомонӣ сар шуда то 10 сомонӣ дакка мехӯрад. Кабудиву алаф хеле зиёд, лек нарх гарон, шояд ба хотири он, ки ин бозор ҷои хариди шахсони дорову сарватманд, мансабдору хориҷӣ, хоса элита буда, дар маркази шаҳр воқеъ асту бозори элита ба ҳисоб меравад ва пулдор ҳар чӣ қадар нарх монӣ, харидан мегирад!?

$ ва сирпиёз
01.04.2017 Соат бо вақти Душанбе 10:30 дақиқа. Дар бозори «Саховат» назар ба бозори қаблӣ сабзаву алафу кабудӣ камтар ба назар мерасад, танҳо дар чанд ароба ва раста гузошта шуда, вале нархи сабзавоти сабзи баҳорӣ аз бозори «Шоҳмансур» мондание надорад. Ин ҷо ҳам нархи 1 бандча ҷаъфариву кашниҷ ва пиёзи кабуд 50 дирам-1 сомонӣ, шалғамчаи сурх 1,5-2,5 сомонӣ, сиёҳалаф 6 сомонӣ, чукрӣ 6-8 сомонӣ, 1 пакет алафҳои гуногуни хӯрокӣ 2-3 сомонӣ, 1 бандча сирпиёз, ки аз 3 дона иборат аст 4 сомонӣ…
- «Чаро сирпиёз ин қадар қимат аст?», - мепурсам аз 1 фурӯшандаи ҷавоне, ки назди даромадгоҳи асосии бозор нишаста кабудӣ савдо мекунад.
- «Чӣ шумо Тоҷик нестед? Намедонед, ки доллари ИМА боло рафтааст? Тамоми хариду фурӯши мо бо доллар аст, фаҳмидед! Ин қадар заҳмат дорад ин кор, 4 сомонӣ магар пул аст!?» - бо хашм мегӯяд ӯ дар ҷавоб.
Шояд ман аз дунё бехабар мондааму масоили иқтисодиро хуб намефаҳмам, вале то тавонистам фикр кардаму алоқаи байни кабудии дар ҳудуди ноҳияҳои Рӯдакиву Ҳисор парваришёфтаро, ки таъминоти асосии бозорҳои шаҳр бо сабзавоти полезӣ маҳз ҳамин ноҳияҳост, бо болоравии қурби асъори амрикоӣ натавонистам ёбам…

Заҳмати зиёд, вале арзон!
02.04.2017. Соат бо вақти Душанбе 8:00 дақиқа. Ба бозори калонтарини яклухтфурӯшии пойтахт-«Деҳқон» ворид мешавам. Кабудиву сабзаву алаф инҷо ҳам хеле зиёд асту фаровон. Нархаш назар ба бозорҳои дигар ба маротиб арзон ва бояд ҳамин тавр ҳам бошад. Дар ин бозор ба 1 сомонӣ 5-6 бандча ҷаъфариву кашниҷ ва пиёзи кабуд харидан мумкин. Нархи сиёҳалафу чукрӣ низ 2,5 -3 сомонӣ буда, 1 халтаи калони алафҳои хӯрокӣ, хоса ҷағ-ҷағро бо 3 сомонӣ харидан мумкин аст. Аз фурӯшандае пурсидам, чаро алафи дар ҳама ҷо гаронро арзон мефурӯшад? Дар ҷавоб гуфт, ин алафҳои хӯрокиро худаш бо шавҳару келину писарон ва наберагонаш, ки дар Қубодиён зиндагӣ мекунанд, ҳамарӯза ба лаби дарёи Амударё рафта дастаҷамъона мечинанд. Сипас онро оварда дар хона мешӯянд ва барои овардан ба пойтахт омода мекунанд. Соати 2-и шаб бо мошин маҳсулотро ба бозори «Деҳқон» медароранд, то ин ки сари вақт фурӯшанд. Хоса, рӯзҳои охири боронӣ ҷамъ кардани алаф хеле мушкил шудааст. Маълум аст, ки тамоми бозорҳову марказҳои савдои ш.Душанбе меваю сабзавотро субҳи барвақт аз ин бозор мехаранд ва деҳқонон инро хуб дониста, аллакай соати 5-и субҳ молро ба бозор медароранд. Ҳамаи ин заҳмат, вақт ва маблағ талаб мекунад.

Вақте алафамон ҳам аз Бишкек меояд…
Агар аз 1 тараф заҳмату вақт ва маблағи барои ҷамъоварӣ, шустан аз лой ва овардани сабзаву кабудӣ то ба рӯи дастархони мо заҳмату вақти зиёдро талаб намояд, аз сӯи дигар миёнаравҳо ва тоҷирони моҳир низ аз чунин вазъият хуб истифода бурда, ба фоидаи кисаи худ талош мекунанд. Дар тайи 2 рӯзе, ки дар бозори сабзаву кабудӣ ва алаф гаштам, шоҳиди шудам, ки дар баробари молу коло ва либосу маводи сӯхт, имрӯз тоҷирон алафҳои хӯрокӣ ва пудинаро низ аз Қирғизистон меоранд! Бале! Имрӯз чунин шудааст, ки ҳатто алафи хӯрданамонро аз кишвари ҳамсоя меоранд! Ва нархи 1 кг пудинаи қирғизӣ ҳоло дар бозорҳои пойтахт то ба 10 сомонӣ расидаву аз ҳама муҳим мардум мехаранд! Аз мост, ки бар мост!


Ҷамила Ҳусейнова
СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter