Сулаймон Султонзода, раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар як посухи расмӣ ба радиои Озодӣ кушода шудани делоҳои ҷиноятӣ ва боздошти "чанд нафар кормандони Агентӣ”-ро тасдиқ карда, ӯ гуфтааст, ба хотири "халал нарасондан ба рафти тафтишоти пешакӣ доир ба саволҳое, ки ба оғоз ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати собиқ кормандони Агентӣ тааллуқ доранд, пешниҳоди маълумоти дахлдор ғайриимкон мебошад.” Султонзода дар ин посухи расмиаш ҳамчунин гузоришҳои нашршуда дар бораи ёфт шудани маблағҳои бузург дар ҷараёни кофтукоби манзилҳои мансабдорони боздоштшудаи ин ниҳодро рад кардааст: "Ҳамзамон бояд қайд кард, ки маълумотҳои дар васоити ахбори омма нашршуда, алалхусус оиди дарёфти маблағи пулии 35 млн. доллари ИМА аз хонаи модари Хайрзода д., 1 млн 300 ҳазор доллари ИМА ва 6 кило тилло аз манзили истиқоматии Холмуродзода Ф., халтаҳои пур аз маблағ, тилло ва сангҳои қимматнок аз бункери Ниёзбадалов (Абдуғаффорзода) Ф. ва сохтакорӣ будани натиҷаи ташхиси озмоишгоҳи "Био Папа”-и шаҳри Москва дар парвандаи ҷиноятӣ нисбати Зайд Саидов асоси воқеӣ надоранд.” Ин нахустин шарҳи расмии Агентии мубориза бо коррупсия дар бораи делоҳои ҷиноятӣ ба зидди мансабдорони дар гузашта баландпояи ин ниҳод баъди беш аз 1 моҳи ибтидо аз мақомҳояшон барканор ва сипас боздошт шудани ин нафарон аст.