12 июли соли 2017 Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҳайати намояндагии Департаменти хазинадории ИМА, ки таҳти сарварии Муовини Ёрдамчии Департаменти хазинадории ИМА хонум Клей Берр ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот анҷом дод. Дар оғози мулоқот муҳтарам Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳозирин оид ба самтҳои гуногуни бахши молия, ислоҳот дар низоми бонкии мамлакат ва иҷроиши стратегияи БМТ дар раванди солимгардонии низоми бонкӣ андешаронӣ намуданд. Сипас, ҷонибҳо аз вазъи феълии иқтисодиёт, масъалаи шаффофият ва риоя намудани меъёрҳои байналмилалӣ оид ба муқаррароти бонкӣ ва талаботи музокироти қаблан доиргаштаи Ҳукумати ҶТ бо Хазинаи Байналмилаии Асъорро дар хусуси таҳияи барномаи нав дар доираи “Механизми васеи қарздиҳӣ” мавриди баррасӣ қарор дода, изҳор доштанд, ки барои ҳалли масоили марбут ба низоми бонкию молиявӣ ҳамкории судмандро идома хоҳанд дод. Инчунин, дар рафти мулоқот, Нуралиев масъалаи ҳамкории бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо бонкҳои бонуфузи ИМА дар самти ҳисоббаробаркуниҳо, аз ҷумла кушодани суратҳисоби муросилотӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Зимни мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар самти амалӣ намудани кумакҳои техникӣ дар доираи барномаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) сухан карда, масоили гузариш ба реҷаи ҳадафгирии таваррумӣ дар татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, сиёсати идоракунии хавфҳо, таъмини суботи молиявӣ, назорати бонкӣ ва идоракунии захираҳои байналмилалиро дар ин раванд барои БМТ афзалиятдор арзёбӣ намуданд. Бояд қайд кард, ки дар мулоқоти мазкур, инчунин хонум Лина Бхатнагар – корманди Бюро оид ба корҳои Аврупо ва Авруосиёи Департаменти хазинадории ИМА, ҷаноби Грегори Брайн Сил – Атташеи Департаменти хазинадории ИМА, хонум Кетрин Кроуфорд – Вакили муваққатии Сафорати ИМА дар Душанбе, ҷаноби Ҷорҷ Шервуд - мутахассис оид ба сиёсати Сафорати ИМА дар Душанбе ва хонум Замира Тошматова – мушовир оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдори БМТ иштирок намуданд.
Шуъбаи матбуоти БМТ