ХАБАРИ ДОҒ

Панҷакент: Турсунов «экономист»-и кист?

  • Панҷшанбе, Июл 27 2017


(фелетон)

СССРи гиромӣ ва қадрдон! Ту ҳастӣ, ки ба қавли занакҳои лаби об «дардамонро мегӯему дилҳоямонро холӣ мекунем». Имрӯз танҳо ту рисолати табибиро ба ҷо меориву бас...
Камина бо 2-3 рафиқи дигарам ҳамроҳ шудаму хостам, ки аз кони Ҷилави корхонаи муштараки «Зарафшон» боздид намоям. Азбаски ба ин мавзеъ танҳо мошинҳои ЗИЛ, УРАЛ, КАМАЗ, КРАЗ, ГАЗ-66 коргаронро мерасонанд, аз Фирӯз ном рафиқам хоҳиш кардам, ки бо мошини сабукрави ОПЕЛ моро он ҷо расонад. Ӯ маро рӯихотир намуд ва гуфт: «Муаллим, танҳо худатро мебарам». Розӣ нашуда гуфтам: «Агар мебурдагӣ бошӣ ҳамаамон, яъне 4 нафарро мебарӣ». Чун илоҷаш намонд, розӣ шуд. Роҳро нисф накарда будем, ки садои кафидани автошина нороҳатамон намуд. Ӯ ғур-ғуркунон аз мошин поён шуд ва ба ҷои чархи аз корбаромада чархи эҳтиётиашро насб намуд ва хост, ки 2 нафарамон пиёда роҳ равем. Вале мо «пушти ману табари қассоб» гуфта якдилона ба мошин нишастем. То мавзеи кон ягон километр боқӣ монда буд, ки боз садои таркиши автошина баланд шуд. Фирӯз ба ғазаб омада гуфт:
-Мебахшеду акнун оҳиста-оҳиста роҳ пеш гиред, то ки ба манзил бирасед.
Мани маҷруҳ бо пои кашолаю миёни дардманд то нуқтаи тиббии кон расидам. Хайрият, ки корманди тибб Худоймурод Тағоев маро қабул намуду пардифенҷонро бо 1 сӯзандору аз ман дареғ надошт, вагарна бо ин дарди шадид зиндагиро тарк гуфтанам яқин буд. Барои тай кардани ин роҳи 13-километра соатҳо вақтамон беҳуда рафт. Дар замони ҳамкории англисҳо ин роҳ ҳар ҳафта 2-3 бор таъмир мешуд. Аммо хитоиҳо маблағашонро беҳуда сарф карданӣ нестанд. Қариб 500 нафар коргар ҳар саҳару бегоҳ бо мошинҳои кӯҳнаи «ненадёжный»-и иҷоракор ин роҳро тай мекунанд. Худо нишон надиҳаду агар воқеае рух диҳад, менеҷери шӯъбаи бехатарии корхонаи муштараки «Зарафшон»-Қобил Турсунов чӣ ҷавоб медода бошад? То 1 моҳ пеш қисмати роҳро, ки аз байни деҳаи Филмандар мегузашт, рӯзона 5 бор ва шабона 5 бор об мезаданд, то ки аҳолӣ аз чанги бебаркаши мошинҳо ранҷ набарад, вале имрӯз касе бо телефони ‎92 835 89 00 ба ман хабар дод, ки Турсунов об пошидани роҳро қатъиян манъ кардааст. Гумон мекунам, ин ҷаноб ё бо «эконом» кардани 2-3 танга хитоиҳоро боз ҳам бойтар карданӣ бошад, зеро 75% даромад аз онҳост, ё ки барои боло бурдани имиҷи худ талош мекунад?
СССР-и дардошно! Шояд бо дахли ту ин роҳ таъмир гардаду коргарон субҳу шом аз ту дуъои хайрашонро дареғ надоранд.


Котибалҳуруф Исмоил Зарифӣ,
деҳаи Косатарош, ш.Панҷакент
(Аксҳо илова мешаванд)

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter