ХАБАРИ ДОҒ

Бо сомонӣ ба Тошканд наравед!

  • Панҷшанбе, Сен 07 2017


Агентии иттилоотии “Фарғона” хабар медиҳад, сайёҳон аз Русия, Тоҷикистон ва дигар ҷамоҳири ҳамсояи Осиёи Марказӣ, ки вориди Ӯзбекистон мешаванд, наметавонанд, расман пули миллии худро бо асъори ӯзбакӣ иваз кунанд. Дар ин сурат танҳо имкон доранд, ки пули нақди доллари ИМА, евро, фунти англисӣ, франки швейцарӣ ва йени ҷопониро бо худ дошта бошанд ва онро бо пули ӯзбакӣ мубодила кунанд. Айни замон, Бонки марказии Узбекистон қурби расмии сӯм-пули миллии ин кишварро якбора 93% паст фароварда, 8100 сӯм барои 1 доллар муқаррар кардааст. БМӮ гуфтааст, аз ин ба баъд қурби расмиро ҳамчунон ҳар рӯзи душанбе, вале акнун бар асоси натиҷаҳои мубодилаи асъори хориҷӣ дар биржа муқаррар хоҳад кард. Зимнан, БМӮ бори аввал қурби расмии сӯм дар баробари пули миллии Тоҷикистонро низ муқаррар кардааст.  1 сомонӣ бар асоси қурби расмӣ 920,45 сӯм арзиш дорад.
Вале аҷобати кор дар ин ҷост, ки ҳарчанд пули Тоҷикӣ умуман дар ҳамсоякишвар дар гардиш надошад ҳам, бозорҳои мо аллакай аз молу коло ва мошинҳои ӯзбакӣ пур шудан дорад. Сарояндагони ӯзбак низ толорҳои Душанберо охурча кардаанд ва ин дар ҳолест, ки 1 сарояндаи Тоҷикро ба ин кишвар роҳ намедиҳанд. Боз шумо мегӯед, ки қарсак аз 1 даст намешавад. О, мана мешудааст-ку?!




ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter