ХАБАРИ ДОҒ

Тормозбонкҳо-Апендиксҳои иқтисодиёт

  • Панҷшанбе, Янв 18 2018

Ривояти сангпушт ва қонунҳои зиддимуштарӣ
Масали қадимаи Тоҷикиест, ки сангпушт ҳам замоне мисли мову ту хонандаи гиромӣ, аз ҷинси одамӣ будааст. Ӯ марди дорову забардаст, лек бисёр ҳилагару ҳақимардумхӯр буда, аз ҳаққу ҳамсоя ҳар чизро бо косаи калон гирифта, бо косаи хурд бармегардонидааст. Худованд ин аъмоли ӯро дида, ба хазандаи бадафте, ки косаи калонаш аз болою косаи хурдиаш аз поён ва умри дарози пуразоберо барояш муаяссар менамояд. Акнун тасаввур намо, хонанда, ки вақте мизоҷ аз бонк қарз гирифта, % ё маблағи асосии қарзро дар муҳлати дар шартнома муайяншуда барнамегардонад, бонк ба таври маҷбурӣ аз ӯ ҷарима ситонида, дар ҳолати ғайр ба ҷавобгарӣ мекашад. Ин амал дар боби 40-и Кодекси гражданӣ ва Дастурамали №186-и Бонки миллии Тоҷикистон қонунӣ гардонида шудааст. Аммо вақте мизоҷ маблағи бо заҳмат ба даст овардаашро пасандоз мегузорад, ташкилотҳои қарзӣ барои иҷро накардани ӯҳдадориҳои шартномавӣ, яъне саривақту дар мӯҳлати муайяншуда напардохтани фоизу маблағи асосӣ на ҷарима медиҳанду на ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Мутаассифона, дар ин маврид кодексу қонунҳо ба лаб кулӯх молида, БМТ ҳам таҳия ва тасдиқи дастурамалеро фаромӯш кардааст. Ҳамин гуна, вақте мизоҷ пасандози гузоштаашро бо сабабе пеш аз муҳлати дар шартнома муайяншуда бозпас мегирад, тибқи банди 3-и моддаи 858-и Кодекси гражданӣ, бонк тамоми маблағи фоизҳо ва ё дигар пардохтҳои то ин давра ба мизоҷ пардохтаашро аз маблағи асосии пасандоз тарҳ карда, бозпас мегирад. Аммо вақте муҳлати қарзи додаи бонк бо ташаббуси бонк пеш аз муҳлат қатъ мешавад, қонунгузор ва танзимгар (БМТ) барои ташкилотҳои қарзӣ ягон уҳдадориеро муайян накардаанд. Яъне бонк ягон тангаи пучакро ҳам барои мизоҷ барои ин аъмол ҳайф накарда, боз ҳам бо косаи калон гирифта, бо косаи хурд маблағи мизоҷро мегардонад.

Қонуншикании бонкҳои қонунӣ
Чанд соли бӯҳронӣ ва садамаҳои молиявии бонкҳои мӯътабари кишвар дар баробари саргардониҳои зиёду зиёнҳои бузурги иқтисодӣ, паҳлӯҳои мусбатеро низ дар ҷаҳонбинӣ ва маърифати молиявии сокинони ҷумҳурӣ ба вуҷуд оварда, таваҷҷуҳу эътибори мардумро ба аъмолу сарнавишти бонкҳо афзун намудааст. Бо тақозои вазифа чанде пеш як шаҳрванд, ки ҳамзамон мизоҷи яке аз бонкҳои дар гузашта маъруфу имрӯз ба бӯҳрон гирифтор шуда ҳам аст, ба ман муроҷиат намуд. Шикояти ӯ аз болои шартномаи қарзии ин бонк буд, ки дар яке аз бандҳои он қарзгир ӯҳдадор карда мешавад, ки дар ҳолати мӯҳлатгузашта шудани қарз, бояд фоизи дукарата бипардозад. Дар ҳоле, ки қонунгузор таъин кардани фоизи дукарата ва аз % фоиз ҳисоб намуданро мамнӯъ муқаррар карда, барои ситонидани чунин маблағ ҷавобгарии ҷиноятӣ муайян кардааст. Дар баробари ин тибқи моддаи 424-и Кодекси граждании ҶТ ва банди 34-и Дастурамали №186-и БМТ шартномаҳои берун аз муқаррароти қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ (меъёрҳои империативӣ) ба имзо расида беқурб буда, иҷрои ӯҳдадориҳо барои ҷонибҳои имзогузошта ҳатмӣ нестанд. Аммо мутаассифона, бонки мазкур ва иддае аз ташкилотҳои қарзӣ бо чунин шартномаҳои ғайриқонунӣ ва аъмоли ҷиноятӣ охирин пайсаҳои шаҳрвандони кишварро ғорат мекунанд.

БМТ мизоҷро пуштибон асту бонкҳо не!
Осебпазиртарин субъект ва қурбонии дилхоҳ бӯҳрони иқтисодӣ аввалтар аз ҳама аҳолӣ, ё шаҳрвандонанд. Зеро дигар субъектҳои хоҷагидории иқтисодиёт дар ин мавридҳо зиёну хароҷоти дар натиҷаи бӯҳрон ба вуҷуд омадаро ба арзиши молу хизматрасониҳо илова карда, мекӯшанд аз ҳисоби мизоҷони худ онҳоро пӯшонанд. Дар ин ҳолат ҳукумат ва мақомоти марбута ҷиҳати ҳифзи истеъмолкунандаю мизоҷон чораҳои пешгирикунандаро амалӣ менамоянд. Ана дар ҳамин маврид БМТ сар аз оғози с.2015 якчанд барқия ва мактубҳои тавсиявиро ба ташкилотҳои қарзӣ ирсол карда буд, ки мақсад ҳифзи истеъмолкунанда ва мизоҷон аз сарбориҳои бӯҳронӣ буд. Ҳамин гуна дастур, мактуби тавсиявӣ таҳти №05.2-435\1019 аз 9.03.2017 аст ва дар сархати 3-уми он тавсия дода мешавад, ки қарзҳои аз 180 рӯз зиёд батаъхирафтода аз рӯи тартиби аввал маблағи асосӣ, баъд фоизу ҷаримаҳо пӯшонида шаванд. Аммо мутаассифона, на ҳамин мактуби дар матлаб ишорашуда ва на дигар дастурҳои тавсиядодаи БМТ дар мавриди мазкур аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ на ба эътибор гирифта мешаванду на иҷро! Ҷавоби масъулини бонкҳо ҷиҳати мавриди амал қарор нагирифтани дастурҳои БМТ ин аст, ки гуё онҳо тавсиявӣ буда, ташкилотҳо барои иҷрояшон муваззафу ӯҳдадор нестанд. Пас ҳақиқатан ҳам ин дастурҳо тавсиявию “хасакӣ” бошанд, чӣ лозим буд, масъулин дар БМТ заҳмат кашида, коғазу ранги бисёрро масраф намоянд?

Намади сиёҳ бо шустан сафед намешавад
Имрӯз масъалаи хараҷу мараҷҳои соҳаи бонкдорӣ ва чораҳои солимгардонии бонкҳои варшикаста то сатҳи роҳбарияти олии ҷумҳурӣ боло рафта, дар паёми имсолаи президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ мавриди интиқоду таъкид қарор гирифт. Новобаста аз он, ки ҳукумати ҷумҳурӣ то имрӯз ҷиҳати солимгардонии иддае аз ин бонкҳо маблағҳои бузургеро сафарбар намудааст, афсӯс, ҷиҳати солимгардонии фаъолияти ташкилотҳои мазкур натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оварда нашуд. Зеро ҳалли мушкилоти ин бонкҳо на танҳо дар барқароркунии устувории молиявӣ, балки дар барқарор кардани имиҷу эътибор ва эътимоди аз даст додаи ин бонкҳо низ ҳаст. Мушкилот ва сарсониҳои ин бонкҳо ба сари мизоҷону шарикони корӣ ва ҳатто собиқ кормандонашон оварда, ба мисли оби дар замин рехтаест, ки дигар ҷамъ карданаш амрест муҳол. Ҳамзамон бояд гуфт, ки тибқи назария ва амалияи бонкдорӣ, ки онро ҳар 1 бонкири касбӣ хуб медонад, барои ташкилоти қарзӣ нишондиҳандаи мусбати эътимод болотар аз ҳар нишондиҳандаи молиявию иқтисодист. Аз ин рӯ, харҷу заҳмати зиёд ҷиҳати барқарор намудани ин бонкҳо меҳнати барабас буда, шояд табодули сохтор (реструктуризатсия) ва ребрендинги ин ташкилотҳо аз барқарокунӣ (реставратсия)-и онҳо беҳтар бошад?

“Бомба”-ҳои иқтисодиёти Тоҷикистон
Назарияи идоракунии хавфҳо дараҷаи пасти хавфро ба ҳаҷми зиёди қарзу амонатҳои хурд муқаррар намудааст. Яъне вақте ҳаҷми зиёди сандуқи қарзӣ ва ё сандуқи амонатҳоро маблағҳои хурди пешниҳоду ҷалбшуда ташкил медиҳанд, дараҷаи хавфнокӣ поён шуда, эътимоду самаранокӣ боло меравад. Ин формула на танҳо роиҷи идоракунии хавфҳои 1 ташкилоти алоҳида, балки муайянкунандаи самаранокӣ ва идоракунии хавфҳои дилхоҳ низом ва ё иқтисодиёт шуда ҳам метавонад. Вобаста ба таносуби ҳаҷми мавҷудаи иқтисодиёти кишвар ва ҳаҷми сармоя ва фарогирии бозори бонкӣ аз ҷониби “гигантбонк”-ҳое ба мисли Агроинвестбонк, ки андозаи сармояашон аз нисф зиёди сармояи умумии низоми бонкиро ташкил медиҳанд, барои иқтисодиёти Тоҷикистон хатарзо буданд, ҳастанд ва мемонанд. Зеро ҳар 1 садамаи молиявӣ ва ё бӯҳрони ба сари ин бонкҳо омада, хоҳ-нохоҳ ба ҳадди зиёновар ба иқтисодиёти кишвар таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, ба ин андозаи сармоя ва фарогирӣ барқарор кардану дар оянда нигоҳ доштани ин бонкҳо хато буда, оқибатҳои аз имрӯз ҳам бадтару риққатовартареро пайгир аст.

Бо 1 гул баҳор намешавад
Яке аз таъкидҳои муҳим ва хирадмандонаи Пешвои миллат дар паёми имсола ин мавҷудияти рақобати носолим дар низоми бонкӣ ва бо мақсади зиёд кардани шумораи ташкилотҳои қарзӣ, дастури кам кардани меъёри сармояи пардохтшудаи бонкҳо ҳангоми таъсисёбӣ аст. Дар ин замина масъулини блоки иқтисодии кишвар ва низоми бонкиро зарур аст, ки на танҳо ба меъёри сармоя, балки ба ҳудуди фарогирӣ ва ё монополизатсияи бозор, шакли ташкилӣ (имрӯз ҳамаи ташкилотҳои низоми бонкӣ, бонкҳои универсалиянд), сифати сармоя, шумораи филиалҳо ва дараҷаи тахассуснокии роҳбарони муассисаҳо барин масъалаҳо низ диққати ҷиддӣ диҳанд. Дар низоми бонкии кишвар ба майдон омадани бонкҳои соҳавию махсусгардонидашуда ва бонкҳои минтақавие, ки ҳудуди муайяни фаъолият доранд, самаранокии фаъолият ва рақобати солиму созандаро дар соҳа ба вуҷуд оварда, дараҷаи хавфу садамаҳои молиявиро дар иқтисодиёти кишвар ба 0 моил менамоянд.

Наҷоти бонкдорӣ дар меъёрбандии истифодаи пули нақд
Яке аз сабабҳои асосии ба бӯҳрон гирифтор шудани низоми бонкӣ ва монеаи рушди иқтисодиёти кишвар шудани ташкилотҳои қарзӣ, гардиши беруназбонкии ҳаҷми бузурги пули нақди ба муомилот баровардашуда аст. Хавфи мазкур ҳанӯз с.2010 аз ҷониби коршиносони дохилию хориҷӣ муайян шуда, дар “Стратегияи рушди соҳаи бонкӣ барои солҳои 2010-2015” қайд шуда буд. Он замон ҳаҷми пули нақди берун аз бонкҳо муомилотшаванда ба 69,6%-и ҳаҷми умумии пули нақди ба муомилот баровардаи БМТ баробар буд. Мутаассифона, имрӯз ин омор шояд аз 70%-80% ҳам зиёдтар шуда бошад. Дар баробари ин ҳаҷми ин агрегати пулӣ дар 7 соли ахир анқариб 11 баробар (аз 1,07 млрд. сомонӣ дар аввали с.2010 то 11,5 млрд. сомонӣ дар охири с.2017) афзуда, дар 2 соли охир суръати “кайҳонӣ”-ро гирифтааст. Ин тамоюл хоҳ-нохоҳ ба беқурбшавии арзи миллӣ ва чи тавре дар урфият мегӯянд ба “деревяний” шудани сомонӣ оварда мерасонад. Дуруст аст, ки солҳои ахир БМТ ва иддае аз ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати паст кардани шиддати гардиши беруназбонкии пули нақд, аз воситаҳои молиявие аз қабили тавсеъаи хизматрасониҳои пардохти электронӣ ва кортҳои бонкӣ истифода мекунанд. Албатта ин чорабиниҳо ба масъалаи мазкур таъсир мерасонад, лек таҷриба нишон медиҳад, ки танҳо тавассути ин хизматрасониҳо имкони ҳалли пурраи ин масъала ғайриимкон аст. Дар ин маврид таҷрибаи озмудашуда ва ҳақиқатан ҳам самараноки кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон, яъне ҷорӣ кардани меъёрбандии истифодаи пули нақд шояд муфиду судбахш бошад.

Ҳама умед ба Раҳимзода
Рӯзҳои ахири соли рафта дар расонаҳо ахборе паҳн шуд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати солимгардонии низоми бонкии кишвар гурӯҳеро бо роҳбарии Шариф Раҳимзода-доктори илми иқтисод, собиқ раиси БМТ ва Вазири рушди иқтисод, ҳоло вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, созмон додааст. Аммо дурустии ин хабар аз ҷониби маркази матбуотии БМТ лағв ва изҳор карда шуд, ки “БМТ ҳамчун мақоми масъул аз ӯҳдаи танзим ва назорати соҳа мебарояд”. Албатта ба масъулияту ӯҳдабарои масъулин дар БМТ мо ҳам шубҳа надорем, лек таъсиси чунин 1 гурӯҳ аз шахсиятҳои таҷрибадори кишвар ба самаранокии фаъолияти БМТ таъсири мусбат мерасонад. Гузашта аз ин Раҳимзода дар пешгирӣ ва бартараф кардани оқибатҳои фавҷи аввали бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ (солҳои 2008-2010) ҳамчун роҳбар ширкат намуда, дар ин масъала таҷрибаи кофӣ дорад. Маҳз менеҷменти самаранок ва чорабиниҳои зиддибуҳронии саривақтӣ дар он замон сабаб шуда буд, ки иқтисодиёти Тоҷикистон аз ин балои азими ҷаҳонӣ канор монад. Иқтисодиёти кишвар, хоса, соҳаи бонкдорӣ гирифтори маризие шудааст, ки ба ҷарроҳӣ ниёз дорад. Ҷарроҳии онро танҳо 1 мақоми давлатӣ ӯҳда карда наметавонад. Аз ин рӯ, ҷалби мутахассисони таҷрибадори дохилию хориҷӣ ва ширкати хайрхоҳонаю созандаи сокинони шарафманди ҷумҳурӣ, ба хусус, ману ту, хонандаи гиромӣ, дар ҷарроҳии соҳаи бонкдорӣ, ҳатмист! Мо Метавонем!

Одинашо Муродов
СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter