ХАБАРИ ДОҒ

 

Аз камбудиву мушкилот, аз афтодану хестанҳо ҳарос надорам ва ҳамеша мардонавор бо проблемаҳо рӯбарӯ мешавам, танқидро хуб қабул мекунам ва ҳеҷ гоҳ кина намегирам, бароям Инсон будану инсон мондан аз ҳама чиз волотар аст…

Сарбандро ҳамеша шаҳри саноатӣ меҳисобам ва медонам, ки он амсоли шаҳрҳои Нораку Бӯстон ва Гулистони кишвар дар баробари сохтмони иншоотҳои бузурги стротегии кишвар бунёд ёфтааст. Дар ҳақиқат, байни дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Сарбанд имрӯз бо ҷойгир будани калонтарин корхонаҳои минтақа ва силсилаГЭСҳо дар ҳудуд фарқ мекунад. Боз 1 фарқияти дигари ш.Сарбанд дар он аст, ки раисии шаҳрро 1 зан бар ӯҳда дорад-Санавбар Самизода, ки мо рӯзи шанбеи гузашта дар қабулаш будем. Самизода барои газетаи СССР бегона нест, мо дар бораи эшон дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Раиси мардумӣ кист?» борҳо навишта будем ва ҳоло аз наздик ошноӣ пайдо кардем.


 
Раиса ҳар 1 сокини шаҳрро мешиносад!
13.01.2018. Соат бо вақти Сарбанд 7:50 дақиқа. Аз пойтахт барвақт баромада, дар ин соат аллакай назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Сарбанд қарор доштам. Мехостам нахуст дар қабули шаҳрвандон аз ҷониби Санавбар Самизода ширкат кунам ва бубинам, ки сокинонаш ба раиса аз чӣ мегӯянд. Ба касе аз кормандони ҳукумати шаҳр чизе нагуфта, ба толори калон даромада, нишастам. Беш аз 30 тан сокинон барои арз кардан назди ӯ омада буданд. Расо соати 8:00 дақиқа Самизода ба толор даромада, бо саломи умумӣ аҳволпурсӣ намуд. Аз баъзеҳо саломатии падар ё модарро пурсид, аз бархе дар бораи проблемаи шахсиаш, ки ҳоло дар мақомоти судӣ баррасӣ шуда истодааст. Ӯ ҳар нафареро, ки субҳи имрӯз ба қабулаш омада буданд, аллакай мешинохт! Дар Сарбанд низ амсоли даҳҳо шаҳру ноҳияҳои дигаре, ки шоҳид будам, мардум назди раис аз ҷудо карда шудани қитъаи замин барои сохтмони манзил, аз вазъи бади оилавӣ, аз шароити ногувори иқтисодӣ арз мекарданд. Самизода саъй менамуд бо овардани чанд мисол аз рӯзгори худ ва ё панде мардумро рӯҳбаланд созад ва бидуни кӯмак онҳоро ҷавоб надиҳад. Хоса, аз муроҷиати 1 зан, сокини шаҳр дар бораи ба хона-интернат ҷо кардани фарзандаш хеле нороҳат шуд ва таассуф ҳам хӯрд, ки баъзе аз падару модарон бо баҳонаи шароити танги оилавӣ фарзандони хешро аз худ дур мекунанд ва аз тарбияи онҳо мегурезанд. Самизода бо чанд мисоли гуногун, ҳатто бо овардани ҳадисҳо ва порчаҳо аз Қуръони карим занҳоро мутақоид намуд, ки фарзанд бояд дар оила ба воя расад ва кӯдакро дар хурдӣ аз оғӯши гарми модар дур кардан гуноҳест нобахшиданӣ…
Чунин бархӯрди раисро бори аввал медидам, мисли пандгӯияш! Браво, Самизода!
 
Зебову зебопараст!
Соат бо вақти Сарбанд 10:30 дақиқа. Санавбар Самизода пас аз он, ки фаҳмид, мухбири СССР дар қабули мардум ширкат дошт, маро ба утоқи кориаш даъват намуд. Қабулгоҳи ӯро хеле хоксорона дарёфтам, мисли худи бинои ҳукумати шаҳр, аммо аз чизе, ки хеле хушам омад, ин гулҳои зиёди хонагӣ дар утоқ ва аз ҷумла дар қабулгоҳ буд. Мутахассисони бахши кор бо занони ҳукумат гуфтанд, ки раиса хеле гулпараст аст ва дӯстдори зебоӣ. Пас аз омаданаш ба Сарбанд шаҳр симо ва қабои нав ба бар кард-гулпӯш шуд! Бар замми ин Самизода ташаббус намуда, дар Сарбанд 1 гулхонаи хоси замонавӣ бунёд кард, ки он ҷо лолаҳои гуногунранг парвариш меёбанд. На танҳо лолаҳо, балки даҳҳо намуди дигари гулҳои ороишӣ. Офарин!
Воқеан ҳам раиса на танҳо зебопараст, балки хушгуфтор ҳам будааст. Аз суҳбате, ки бо эшон доштам, хеле мутаассир гаштам. Ба ҳар 1 суоли ман дар бораи имрӯзи Сарбанд ва мушкилоти мардум бо факту далел ва ҳатман шеър, ҷавоб мегуфт. Аз сӯҳбат лаззат мебурдам. Дар ҳақиқат зани зебо, зебопараст ва хушгуфтор!


 
Сарбанд-шаҳри сарсабз!
Соат бо вақти Сарбанд 11:30 дақиқа. Бо баҳонаи он, ки мехоҳам Сарбандро тамошо кунам, аз утоқи раиса мебароям. Дар қабулгоҳ бо Ҷумъабек Эҳсонов, журналист, узви ИЖТ во мехӯрам. Ӯ тамоми корҳои худро партофта, розӣ мешавад бо ман ба сайри Сарбанд барояд ва мо қадамзанон ба тарафи Қасри фарҳанги шаҳр роҳ пеш мегирем. Сарбанд дар замони шӯравӣ дар таъминоти Маскав буду аҳолии асосияшро ҳам русҳо ташкил медоданд. Аз ин лиҳоз ҳанӯз ҳам дар фарҳанги шаҳрдорӣ таъсири одатҳои русӣ эҳсос мешавад. Шояд ин аст, ки Сарбанд имрӯз 1 шаҳри тозаву озода ва ба тартиб буда, дар тамоми кӯчаву хиёбонҳо гулу гиёҳ, хусусан, дарахти арча шинонидаанд. Сарбанд шаҳри сарсабз будааст!
Мо аз Қасри фарҳанг, варзишгоҳи нав, бозори марказӣ, меҳмонхонаи «Фароз», мактаб-гимназия, сехи адрасу атласбофӣ, майдони асосии шаҳр ва обанбори Сарбанд дидан намудем. Воқеан, корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ ин ҷо зиёданд ва сатҳи зиндагиву некӯаҳволии сокинонаш аз фаъолияти маҳз ҳамин корхонаҳо вобаста аст. Барои ҳамин имрӯз Самизода бештар саъй мекунад маҳз чунин корхонаҳоро бунёд намояд ва ин барояш проблемаи №1 аст.

Идеологи асил!
Соат бо вақти Сарбанд 13:00 дақиқа. Ба чойхона-ҷои дӯстдоштаи пирони сарбандӣ расида, бо акаи Ҷумъабек қарор мекунем дар ҳамин ҷо 1 пиёла чой нӯшем. Мавсуф, ки дар бораи рушду нумуъи вилояти Хатлон, хоса, фаъолияти раисони минтақа иттилои бештар дорад, бароям дар бораи Санавбар Самизода нақл намуд.
-Самизода 21 сол аст, ки дар сохторҳои гуногуни давлатӣ кор мекунад. То ин дам дар вазифаҳои гуногун сар аз мудири бахши кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон, баъдан директори осорхонаи вилоятӣ, муовини раиси н.Бохтар кор кардааст. Аз зинаҳои поёнии мақомоти давлатӣ то ба раисии ш.Сарбанд расида, таҷрибаи зиёд ҳам дорад. Кор дар мақомоти давлатӣ Самизодаро хеле пухтаву кордида кардааст. Санавбар дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ низ байни мардум кор мекард ва мутмаинам, ки маҳз заҳмати ӯст, ки ҳоло насли наврас дигар дар фикри ба даст яроқ гирифтану интиқом нест. Имрӯз насли наврас дар фикри тинҷиву осудагии Ватан аст. Санавбар Самизода идеологи асил аст ва ҳар куҷое кор накарда бошад, барои пеш бурдани идеологияи миллӣ талош кардааст. Маҳз бо ташаббуси ӯ дар вилоят даҳҳо шӯро ва марказҳои занону бонувон, ҷамъиятҳои олимони ҷавону духтарони соҳибкасб, шӯроҳои илмӣ, маҳфилҳои бешумор амсоли «Актёри ҷавон», «Олими ҷавон», «Варзишгари ҷавон», «Китобхони беҳтарин» ташкил шудаанд.
Самизода дар ҳар куҷое, ки кор кард баҳри боло бардоштани мақоми зан дар ҷомеа кӯшид. Ӯ аз бурду бохт ҳарос надорад. Буданд лаҳзаҳое, ки аз мудири 1 раёсати калони вилоятӣ гирифта, ӯро ба мудирияти осорхона гузоштанд. Ин Санавбарро рӯҳафтода накард, баръакс кӯшиш ба харҷ дод, ки осорхонаи вилоятиро дубора эҳё ва мардумро ба он ҷалб намояд. Ман ҳам он замон хеле зиёд ба осорхонаи вилоятӣ рафта, дар маҳфилҳои адибон ва олимони ҷавони хатлонӣ ширкат мекардам. Самизода гуманист аст, ҳамеша мекӯшад дасти мададаш ба ниёзманде бирасад, мардум ӯро барои ҳамин хислатҳояш дӯст медоранд, - афзуд Ҷ.Эҳсонов.
 
Сарбанд шаҳри пешқадам!
Мувофиқи маълумоти Вазорати молия ва Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ нақшаи даромадҳои буҷети ш.Сарбанд дар с.2017 бо назардошти андози иҷтимоӣ 100% иҷро шудааст. Нақшаи андозҳо тибқи нишондодҳои соли сипаришуда 102%-ро ташкил намуда, роҳбарияти шаҳр ҳамеша кӯшиш кардааст, маоши кормандони соҳаҳои буҷавиро пеш аз дигарон бипардозад. Сарбанд бо 45.000 нафар аҳолӣ 28 корхонаи саноатӣ дорад. Ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ дар 11 моҳи с.2017 ба 191,1 млн. сомонӣ расонида шуд. Корхонаҳои калонтарини шаҳр ин ҶДММ «Сементи рушди Хатлон», корхонаҳои «Техмаш», «Нури рушд», «Рамзи Ваҳдат», «Сафарӣ», ҶДММ «Субҳи Сарбанд», корхонаи бузурги «Нури Осиё» (собиқ «Тоҷиказот») ба шумор мераванд. Яке аз ҷойҳои намоёнро дар рушди саноат ва истеҳсолоти шаҳр НБО Сарбанд-Головной ишғол мекунад. Айни замон бо ташаббуси ҳукумати кишвар ин нерӯгоҳ бо ҷалби сармояи хитоӣ азнавсозӣ гашта, пурра таҷдид мегардад.
Дар с.2017 дар шаҳри Сарбанд 83 км роҳҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, бо дастгирии соҳибкорон ва шахсони сахӣ тариқи ҳашар 2,1 км роҳҳои маҳаллии байни деҳаҳо таъмир карда шуд. Барои ман шунидани он, ки Сарбанд нахустин шуда, дар ҷумҳурӣ нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро намуд (106%) ғайричашмдошт буд. На танҳо ин, балки кишоварзони сарбандӣ соли гузашта ҳам дар асалпарварӣ, ҳам дар пилласупорӣ ва ҳам дар афзоиши мурғпарварӣ ва баррагирӣ ба муваффақият ноил гашта, дар вилояти Хатлон пешқадам ҳам шудаанд! Офарин, кишоварзони сарбандӣ!



Самизода: Ман аз бохтҳо ҳарос надорам!
Соат бо вақти Сарбанд 17:00 дақиқа. Пеш аз бозгашт ба пойтахт бори дигар ба бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Сарбанд даромадам, то бо раиса хайрухуш намоям. Новобаста аз рӯзи шанбе ва ба охир расидани вақти корӣ дар қабулгоҳ мардум зиёд буд. Бархе аз деҳаҳои дурдаст омадаанд ва ба раиса арз доранд. Яъне, онҳое, ки натавонистанд субҳ ба қабули Самизода биёянд, пас аз нисфирӯзӣ омаданд ва ӯ ҳамаро бо навбат қабул мекард, аз ҷумла, маро низ.
- Ҳар чизе, ки шумо имрӯз дар Сарбанд дидед ин заҳмати худи мардум аст. Мардуми Сарбанд меҳнатдӯстанд ва ман онҳоро хеле дӯст медорам. Сарбанд шаҳри бузурги саноатист ва кор бе камбудӣ намешавад, вале ҳамаи ин камбуд ҳалшавандаанд, вақту соати хешро доранд. Аз камбудиву мушкилот, аз афтодану хестанҳо ҳарос надорам ва ҳамеша мардонавор бо проблемаҳо рӯбарӯ мешавам, танқидро хуб қабул мекунам ва ҳеҷ гоҳ кина намегирам, бароям Инсон будану инсон мондан аз ҳама чиз волотар аст - таъкид дошт зимни худоҳофизӣ Санавбар Самизода, раиси шаҳри Сарбанд.
Ман низ барои ин зан муваффақият хостам, зеро имрӯз раисии ин ё он шаҳр масъулиятест басо муҳиму мушкил ва на ҳар фард, чӣ мард ва чӣ зан метавонад аз ин масъулият бо сари баланд барояд. Аммо Самизода тавонистааст!
Бошӣ, Санавбари Сарбанд!

Ҷамила Ҳусейнова,
Душанбе-Сарбанд-Душанбе
13.01.2018

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter