Раиси дастрас
26.01.2018. Соат бо вақти Восеъ 9:15 дақиқа. Ману Шоҳрух қадамзанон аз кӯчаи марказии шаҳрак, ки дар он тамоми биноҳои маъмурӣ, аз ҷумла, бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар н.Восеъ ҷойгир аст, гузаштем. Хеле хуб аст, вақте тамоми биноҳои мақомот ва сохторҳои лозима барои мардум дар 1 ҷой воқеанд-ҳукумати ноҳия, Прокуратура, Агентии ҳифзи иҷтимоӣ, суғурта, шуғли аҳолӣ, идораҳои маорифу фарҳанг… Мардуми корафтода метавонанд дар 1 фосилаи кӯтоҳ корҳои хешро анҷом дода, дар пайи имзои 1 нома ё ариза аз 1 кунҷи шаҳрак ба гӯшаи дигар надаванд. Таҷрибаи хеле хуб, ки дигар шаҳру ноҳияҳо низ метавонанд аз он истифода бубаранд. Шоҳрух мегӯяд, тайи 3 соли охир шаҳраки Восеъ хеле дигаргун шудааст: кӯчаҳои асосӣ таъмир, боғи фарҳангӣ ва фароғатӣ, ки солҳои тӯлонӣ ба фаромӯшӣ зада буд, тозаву обод шуда, маҳалҳои истиқоматӣ дар ҳоли рушд қарор гирифтанд.
-Наметавонам аз заҳматҳои раиси ноҳия Мӯсо Ғафурзода нагӯям. Эшон аз рӯзи аввали ба раисӣ омадан барои ободии тамоми гӯшаву канори ноҳия азму талоши зиёд кард. Борҳо шоҳиди он будам, ки чӣ гуна аз соати 5-и субҳ тамоми масъулини ноҳия дар гулгашти асосӣ-дар назди муҷассамаи Восеъ-Қаҳрамони халқи Тоҷик ҷамъ шуда, аз Ғафурзода барои 1 рӯзи оянда дастуру супоришҳо мегирифтанд. Раис масъулинро аз хоби ғафлат ва танбалӣ бедор сохта, бо ин роҳ маҷбур кард роҳбарон ба мардум наздиктар шаванд. Раис дар соли нахустини корӣ аз тамоми деҳаву ҷамоатҳои ноҳия дидан карда, ҳатто хона ба хона гашта, аз ҳоли мардум ошно мешуд. Ӯ меҳмони дилхоҳ хона шуда, бо аҳли оила нишаста чой менӯшид, аз ҳоли оғилу бому замину оташдон пурсон мегашт. Аз мардум даъват менамуд, ки ҳамқадами замон бошанду барои худ ва фарзандонашон шароити хуби таҳсилу зиндагӣ ташкил намоянд. Шояд ҳамин талқинҳо ва бархӯрди оддиву заминии раис бо сокинон буд, ки имрӯз мардум ба поккориву таъмиру таҷдид ва зебову оро додани ҳавливу назди дарвоза ва кӯчаҳои худ шурӯъ кардаанд, - афзуд Шоҳрух.
Футболист ва волейболист!
Соат бо вақти Восеъ 10:00 дақиқа. Замони гузаштан аз назди бинои Ҳукумати ноҳия шунидем, ки раис дар варзишгоҳ қарор дорад ва ба мусобиқаи минтақавии футбол оғоз мебахшад. Ману Шоҳрух сӯи варзишгоҳ роҳ пеш гирифтем ва раисро он ҷо пайдо кардем. Ғафурзода ба мусобиқаи футбол бо суханронӣ ва табрикот ҳусни оғоз бахшид. Тавре маълум гашт Мӯсо Ғафурзода раиси Федератсияи футболи водии Кӯлоб буда, ба бозии футбол таваҷҷӯҳи хос дорад. Раис аз он, ки мухбири СССР дар ноҳия меҳмон аст, хеле шод шуд. «Марҳамат, Восеъ дар ихтиёри шумост! Аз кадом гӯшааш хоҳед дидан намоед, мардуми Восеъ меҳмондӯстдоранд, ба ҳар хонае дароед, шуморо мисли дӯст пешвоз ва қабул мекунанд!»-гуфт раис.
Мо бо раис қадамзанон аз варзишгоҳ баромада, тавассути боғи марказии фарҳангиву фароғатӣ роҳро убур кардем. Раис дар ин фосила аз корҳои нахустини ободкорӣ дар боғи мазкур, аз ҷумла, тамизкории буттаву дарахтон, баровардани партов, сабзкорӣ, таҷдиди амфитеатр, нимпайкараи Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ-Миралӣ Маҳмадалиев, лавҳаи қаҳрамонони Тоҷик ва дар оянда бунёди майдончаи фароғатӣ барои кӯдакон, майдон барои бозии волейбол, гулгашти қаҳрамонҳо нақл намуд. Бо раис хайрухуш карда гуфтам, ки ҳатман пас аз боздид эшонро хоҳам дид. Тавре маълум шуд, раис ба ғайр аз футболисти хуб буданаш, волейболист ҳам ҳаст. Офарин, раис!
Хлеб, пиво ва намак: Бренди Восеъ!
3 чиз ҳамеша бренди Восеъ буданд, ҳастанд ва мемонанд-хлеб, пиво ва намак! Ҳар касе, ки ба самти шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва Бадахшон рафтуомад мекунад, ҳатман аз Восеъ хлеби машҳури онро харидорӣ менамояд. Хлеби Восеъ бо таъми хоси хеш мақбули харидорон аст. Пиво-оби ҷави Восеъ низ аз рӯи таъму лаззат ва сифат беҳамтост ва дӯстдорони ин нӯшокӣ дар мавсими тобистон аз Душанбеву Хуҷанду Хоруғу Қӯрғонтеппа маҳз аз Восеъ оби ҷав мехӯранду мехаранду мебаранд. Дар бораи намаки Восеъ нагуфтан кӯрнамакист! Аниқтараш, дар боби намаки Хоҷамӯъмин соатҳо метавон ҳарф зад, зеро захираи он метавонад тамоми сокинони сайёраро дар тӯли 100 сол таъмин намояд. Намаки Восеъ аз хусусиятҳои хоси коркард бархӯрдор аст ва ман дар бораи ин 3 бренди Восеъ муфассал хоҳам гуфт.
SD-сирри хлеби Восеъ
Соат бо вақти Восеъ 10:30 дақиқа. Аз Шоҳрух хоҳиш менамоям маро ба ҳамон корхонаи машҳури хлеббарорӣ бубарад. Корхона дар канори роҳи мошингард воқеъ буда, хлебро низ дар 2 дӯкон мефурӯхтаанд. 1 дона хлеб 3 сомонӣ нарх доштааст. Аз фурӯшанда сирри хлебпазиро пурсидам, ӯ дар ҷавоб танҳо хандид, вале чизе нагуфт. Воқеан ҳам хлеби Восеъ таъми хос дошта, дар бораи технологияи омодашавии хамири он касе чизе намегӯяд. Лек он чизе, ки ба дигарон муассар нашуд, ба ман муяссар гашт! Донистам, ки сирри хлеби Восеъ дар чист!
Давлат Султонов-сокини Восеъ пас аз ба итмом расидани хизмати ҳарбӣ дар Олмон с.1955 ба Восеъ баргашта, ба хлебпазӣ шурӯъ мекунад. Ӯ хлебро аз рӯи технологияи дар Олмон дидааш тайёр карда, ба фурӯш мебарорад ва ин хлеб дар муддати кӯтоҳ мақбули умум мегардад. Аз с.1955 то ин дам, яъне расо 63 сол боз ин хлеб аз рӯи ҳамон технологияи Султонов пухта шуда, таъм ва сифати хешро ҳифз кардааст! Имрӯз Султонов дар қайди ҳаёт нест ва кори ӯро фарзандонаш идома медиҳанд. Онҳо низ амсоли падар дар бораи чӣ гуна тайёр шудани хамир ва хусусияти пухтани хлеб ба касе чизе намегӯянд! Технология ва ретсепти хлеб танҳо ва танҳо ба оилаи Султоновҳо марбут асту халос! Мо аз яке аз фарзандони Давлат-Сабур Султонов, ки ҳоло дар вазифаи муовини раиси н.Восеъ кор мекунад, дар боби сирри хлеб пурсидем, ӯ низ танҳо хандиду гуфт:
«Ин сирри оилавист!».
Хлеби гарм бо пиво
Соат бо вақти Восеъ 11:00 дақиқа. Бароям хеле аҷиб буд, вақте фаҳмидам, ки технологияи пухтани пиво-оби ҷавро низ аз Олмон Давлат Султонов ба Восеъ овардааст. Маҳз ӯ боиси дар ноҳия пайдо шудани заводи пивопазӣ гашта, заводро дар назди сехи хлебпазӣ сохтааст. Хӯрдани хлеби гарм бо пивои нав пухташуда таъми нотакрор дошта, ба гуфти баъзе аз ҳолдонҳо таъми он аз маззаи тандӯркабоби гӯсфандӣ фарқе надорад! Намедонистам! Акнун фаҳмидам, ки чаро дар Аврупо, хоса Олмон, дар баробари оби ҷав барои мизоҷ чанд бурда хлеби гарм оварда мегузоранд! Заводи пивопазӣ ба таври мавсимӣ фаъолият намуда, айни замон баста аст. Пивои Восеъ, ки шӯҳраташ тамоми Тоҷикистонро фаро гирифтааст, фақат дар маконаш фурӯхта мешавад ва ҳар нафаре, ки лозим аст, омада аз ин ҷо харида мебарад. Масъалаи бастабандӣ ва содироташ ба пойтахт ва дигар вилоятҳои кишвар ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст. Коршиносон мегӯянд, содироту бастабандӣ маблағи зиёд талаб менамояд. Шояд инро махсус намекунанд, то ин ки дӯстдорони пиво ба Восеъ бештар оянд!
Намаки нотамом!
Соат бо вақти Восеъ 12:00 дақиқа. Ману Шоҳрух сӯи кӯҳи Хоҷа-Мӯъмин - кони намак роҳ пеш гирифтем. Тавре гуфтем, захираи ин кон дар сурати аз байн рафтани намак дар тамоми сайёра, метавонад аҳолии заминро тӯли 100 сол намак диҳад. Мепиндоштам, ки намакро аз Хоҷа-Мӯъмин бо техникаи вежа канда, тозаву хушк намуда, сипас бастабандӣ менамоянд. Аммо ин фикру гумон ғалат баромад! Дар ҳарҷо-ҳарҷои кӯҳ об, дурусттараш намакоб фаввора зада мебарояд ва он ба воситаи ҷӯйҳо поён мехамбад. Дар поёни кӯҳ қитъаҳои хос, ки зерашон бо пленкаи махсус гирифта шудааст, тайёр аст. Намакоб рӯи ҳамин пленкаҳо ҷорӣ шуда, муддате таҳшин ва обаш бухор мегардад. Намаки дар зер мондаро коргарон ҷамъ карда мегиранд. Ана ҳамин намакро баъдан коркард, ғанигардонӣ, бастабандӣ ва ба фурӯш равон мекунанд!
Бино ба иттилои Шоҳрух, бори нахуст с.1931 дар кони намаки «Хоҷа-Мӯъмин» корҳои тадқиқотӣ гузаронида шуда, тибқи он захираи намак дар қисмати болоии кӯҳ ба миқдори 31 млрд. тонна муайян шудааст. Дар атрофи кон 163 чашмаҳои оби шӯр ба қайд гирифта шуда, аз он 29-тоаш доимоамалкунанда, боқӣ мавсимиянд.
Гузаргоҳи зеризаминӣ-ягона дар Хатлон
Соат бо вақти Восеъ 14:00 дақиқа. Чизи дигаре, ки ба ман дар Восеъ, аниқтараш дар деҳаи Тугарак хуш омад-ин гузаргоҳи зеризаминӣ буд. Ин гузаргоҳи зеризаминиро, ки дар назди мактаби миёнаи №4 воқеъ аст, с.1989 Ҳикматулло Насриддинов-номзад ба вакили маҷлиси Шӯрои Олии ҷумҳурӣ бо хоҳиши сокинони маҳал барои мактаббачагон бунёд карда будааст. Он то ҳол низ муҳимияти хешро гум накарда, аз рӯи тахмини мо ягона гузаргоҳи зеризаминӣ дар вилояти Хатлон аст.
Ҷамоати Рӯдакӣ-Швейтсарияи Восеъ!
Соат бо вақти Восеъ 15:00 дақиқа. Билохира, Шоҳрух маро ба зодгоҳаш-ҷамоати ба номи Рӯдакӣ мебарад. Аз зангҳои телефонии ӯ шунида будам, ки ҷамоати мазкур пешрафта буда, солҳои охир хеле шукуфтааст. Вале намедонистам, ки то чӣ ҳадд! Шахс аз роҳе, ки аз маркази ноҳия то ба ҷамоат меравад, ҳавас мебарад, роҳ ҳамвор буда, шабонгоҳ садҳо чароғ бо батареяҳои офтобӣ равшан мешаванд. Тайи чанд соли охир дар ҷамоат варзишгоҳ, майдони теннис, боғҳои нав, беморхонаи муосир, Қасри фарҳанг, мактабҳои замонавӣ, боғи фарҳангӣ, марказҳои савдо ва корхонаҳои ҷадид бунёд ёфта, барои мардуми маҳал шароити хуби кору зиндагӣ фароҳам овардааст. Дар пешрафти он саҳми фарзандони фарзонааш кам нест ва маҳз бо ташаббуси чунин соҳибкорон дар ҷамоати ба номи Рӯдакӣ корҳои зиёд ба сомон расонида шудаанд. Худи мардуми маҳал, ба мисли дӯсти мо-Шоҳрух зодгоҳи хешро «Швейтсарияи хурд» меноманд!
Проблемаҳои №1-и Ғафурзода
Соат бо вақти Восеъ 17:00 дақиқа. Аз ҷамоати мазкур ба марказ баргашта, рост ба ҳукумати ноҳия меравам. Мӯсо Ғафурзода дар утоқи корӣ муовинону масъулини ноҳияро ҷамъ намуда, оид ба корҳои омодагӣ ба ҷашни Сада, ки дар ноҳия қарор аст рӯзи 28.01.2018 таҷлил гардад, маҷлис доштааст. Пас аз чанд дақиқа ҷаласа тамом шуду ман ба назди раис даромадам. Бо раис дар бораи дидаву шунидаҳо, проблемаҳои мубрами Восеъ, корҳои ободонӣ… наздики 1 соат сӯҳбат кардем.
-Барои ман имрӯз проблемаи №1-ин таъмини пурраи аҳолии ноҳия бо оби ошомиданист ва ҳоло коршиносони ноҳия дар ин самт кор карда истодаанд. Аҳолӣ сол аз сол меафзояд, мисли маҳаллаҳои нави аҳолинишин мардум кӯчида, манзил месозанд, вале дар бораи инфрасохтори маҳал намеандешанд. Бурдани хати нави лӯлаҳои об, ҳалли масъалаи хатҳои обу коррез, харидани техникаи нави коммуналӣ барои шаҳрак ва ҷамоатҳо, таъмиру азнавсозии қубурҳои кӯҳнашудаи пойгоҳҳои обкашӣ-масъалаҳои муҳим барои мост. Ноҳия аз лиҳози ҳудуд ва аҳолӣ яке аз ноҳияҳои калонтарин дар минтақа буда, аз ҳоло бояд дар бораи бунёди биноҳои баландошёна андешем, барои ин бошад системаи обпартоиро сохтан даркор-ин ҳам 1 мушкили дигар. Новобаста аз он, ки баровардани партов аз ҷамоатҳо ҳоло ба низом даромадааст, боз ҳам дар ин самт кор карда, сармоягузоронро ҷалб кардан лозим. Мебинед, мушкил зиёд аст ва мо бояд роҳҳои ҳалли онро пайдо намуда, шароити сокинонро беҳтар гардонем, вазифаи мо ҳамин аст,- таъкид медорад М.Ғафурзода.
Восеъ дар ҳоли рушд
Бояд гуфт, ки рушди устувори иҷтимоию иқтисодии ноҳия солҳои охир бевосита аз афзоиши саноат, кишоварзӣ, сохтмон, нақлиёт ва хизматрасонӣ вобастагӣ дошта, дар с.2017 иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ 100,9% таъмин шуд. Корхонаҳои саноатии Восеъ дар 12 моҳи соли пор ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 86 млну 763,2 ҳазор сомонӣ расониданд, ки афзоиш нисбат ба ҳамин давраи с.2016 110,6%-ро ташкил медиҳад. Дар соли гузашта ба маблағи 554,6 ҳазор сомонӣ сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ иҷро карда шуда, ҳаҷми гардиши мол ба 210 млну 446,8 ҳазор сомонӣ расонида шуд. Дар баробари ин бояд гуфт, ки омӯзгорону духтурон ва дигар кормандони соҳаҳои буҷавӣ имрӯз маоши хешро сари вақт дастрас мекунанд ва дар ин самт мушкиле нест. Шоҳрух низ таъкид медорад, ки боре ҳам нашудааст, маоши омӯзгорон аз рӯзи муайяншуда дертар дастрас шавад-ин хеле муҳим аст.
-Пас аз омадани Ғафурзода ба раисӣ дар бозори ноҳия гӯшаҳои деҳқон таъсис ёфтанд, ки мардум метавонанд бо навбат маҳсулоти заминҳои худро тавассути ин гӯшаҳо ба фурӯш гузоранд. Бозори дигари ноҳия-«Гулистон» низ таҷдид ва шароити хариду фурӯши мардум беҳтар шуд. Дар рушди соҳаҳои маорифу фарҳанг ҳам саҳми раис кам нест. Боре ба шумо гуфта будам, ки раис метавонад ба дилхоҳ мактаби ноҳия рафта, дар дарсҳо, хоса, дарсҳои омӯзгорони ҷавон ба мисли ман иштирок кунад, дониши муаллиму хонандаро шахсан бисанҷад. Раиси мо фарҳангдӯстдор аст ва борҳо шоҳиди он шудаам, ки маҳфилҳои гуногун, амсоли ёдбуди шоирону адибон ва журналистони шинохтаи диёр бо ширкати бевоситаи Ғафурзода дар сатҳи хеле воло барпо мешаванд. Раис ҳафтае 2 бор рӯзи қабул дорад-чоршанбе ва шанбе, ғайр аз ин ӯро ҳамеша дар кӯчаҳои шаҳрак дидан мумкин, рақами телефонашро сокинони ноҳия доранд, ки он ҳам 24 соат фаъол асту мушкиле пеш ояд сокинон метавонанд мустақим ба раис занг бизананд-проблема оҷилан ҳаллу фасл мешавад. Магар аз ин зиёд мешавад!? - афзуд Шоҳрух.
Воқеан ҳам барои мардум дастрас будани раис хеле муҳим аст, хоса, вақте метавонӣ мустақим ба ӯ занг зада, аз мушкилот ошкоро бигӯӣ. Ин амал беҳтар аз аризанависиву навбатпоӣ ва аз 1 идора ба идораи дигар давиданҳост. Беҳтарин таҷриба! Таҷрибае, ки дар дигар ноҳияҳо надидаам! Офарин, Ғафурзода!
Бренди Восеъ ба СССР
Соат бо вақти Восеъ 19:00 дақиқа. Бо Шоҳрух Ҳалимов барои даъват ва 1 рӯзи ҳамкорӣ арзи сипос карда, озими пойтахт шудам. Пеш аз баргашт чанд дона хлеб ва бастаи намаки кони «Хоҷа-Мӯъмин»-ро ҳам харидам, то ин ки ба идора ба бачаҳо бубарам-бе бренди Восеъ наметавонистам баргардам! Мо метавонем!
Ҷамила Ҳусейнова, СССР
Душанбе-Кӯлоб-Восеъ-Душанбе, 26.01.2018