ХАБАРИ ДОҒ

Истифодаи пулакии роҳ дар Қирғизистон низ роиҷ мегардад 
Матолиби иншонамудаи журналист ва ибрози назари коршинос замоне ҳадафрас шуда, муҳимият касб мекунад, ки дар заминаи далелу арқоми асоснок рӯи саҳифа омада бошад. Ағлаб вақт мушоҳида менамоям, ки баъзе журналистони ба истилоҳ «саршинос» ва коршиносони «мустақил» бидуни овардани манбаъ андешаҳои подарҳаво ва аз ҳақиқати воқеӣ фарсахҳо дури хешро ба хонандагон таҳмил карданиянд. Вале хонандаи закиро наметавон гумроҳ ва ё фирефта кард. Нуктае, ки дар доираи ин матлаб мехоҳем ба он рӯшанӣ андозем, ин танҳо хоси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «кашфиёт»-и филиали Ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» набудани истифодаи роҳҳо тариқи пардохти муайян маҳсуб меёбад. Зеро 1 идда журналистон ва баъзе ба ном коршиносони мустақил атрофи ин мавзӯъ бе ироаи далелу арқоми асоснок андешаронӣ менамоянд. Аз «хулоса» ва ибрози назари ин «бузургон» чунин бармеояд, ки гӯё роҳи пулакӣ танҳо хоси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «кашфиёт»-и филиали Ширкат бошад. Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, овардани далели зерро бамаврид медонем:
18 январи соли равон дар парлумони Қирғизистон тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Қирғизистон «Оид ба роҳҳои автомобилгард» мавриди баррасии вакилон қарор гирифт. Дар ин бора нашрияи «24.Кg» нигоштааст. Муҳимият ва ҷолибияти қонуни мавриди назар дар он зоҳир мегардад, ки тибқи тағйиру иловаҳои воридмешуда, минбаъд дар Қирғизистон ба иҷора додани роҳҳо роиҷ мегардад. Вазири нақлиёт ва роҳҳои ин кишвар Жамшитбек Калилов зимни шарҳи масъалаи мазкур минҷумла гуфтааст, ки дар навбати аввал роҳи Бишкек-Чалдовар ва дар марҳилаи дувум роҳи ноҳияи Узгени ин кишвар ба иҷора дода шуда, ин раванд минбаъд тавсеа хоҳад ёфт.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш аз ҷониби Форуми байналмилалии иқтисодӣ рейтинги рақобатпазирии глобалии 137 кишвари олам гузаронида шуд. Дар ин зимн, ҳамрадиф бо нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, ҳолати роҳҳо ва инфрасохтори онҳо низ баҳогузорӣ шуд. Боиси ифтихору сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд бошад, ки дар рейтинг Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми шоистаро соҳиб шуд. Аз Осиёи Марказӣ кишвари мо дар мақоми 70 қарор гирифта, ба Қазоқистон ва Қирғизистон мутаносибан ҷойҳои 115 ва 122-юмро сазовор донистанд. Қарор гирифтани мо сари Ҷумҳурии Қирғизистон бесабаб нест. Зеро он кишвари ҳамҷавор маҳсуб ёфта, бо Тоҷикистон умумиятҳои зиёд дорад. Аз сӯи дигар, агар мо кишварҳои хориҷи дурро интихоб мекардем зери борони маломати «бузургон»-и зикршуда мемондем, ки барои муқоисаи Тоҷикистон бо кишварҳои пешрафта, аз ҷумла, мамлакатҳои Аврупо барвақт аст. Ҷоиз ба зикр аст, ки истифодаи пулакии роҳ дар Федератсияи Россия чандин сол инҷониб таври густурда мавриди истифода аст. Дар маҷмӯъ, истифодаи пулакии роҳ танҳо дар Тоҷикистон роиҷ набуда, дар кишварҳои ҳамҷавор низ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Муҳимтар аз ҳама, пайравӣ намудани дигар кишварҳо ба ин таҷриба далели он аст, ки чунин тарзи кор натиҷаҳои хуб ба бор овардааст. Мо ин омилро дар мисоли натиҷаҳои фаъолияти пурмаҳсули филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи шартномаи консесионӣ бо Ҳукумати ҶТ нигоҳдории роҳи Душанбе-Чанокро ба зимма дорад, мушоҳида намуда истодаем.

Далер Мерганов,
журналист

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter