Дар маркази вилояти Хатлони ш.Бохтар Форуми соҳибкорони в.Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва в.Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар Форуми мазкур соҳибкорони пешсаф ва муваффақи 2 кишвари бо ҳам дӯсту бародар иштирок намуданд. Ҳадафи асосии баргузории Форум ин мустаҳкам намудани риштаи ҳамкориҳо дар соҳаи савдо ва бастани шартномаҳои нави ҳамкорӣ дар ин самт мебошад.
Намоиши молу маҳсулоти в.Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи форуми соҳибкорон гузаронида шуд, ки дар он соҳибкорон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон молу маҳсулоти гуногуни худро бо нархҳои арзон пешниҳод карданд. Дар намоиши молу маҳсулоти вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон раиси в. Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода Қурбоналӣ, масъулон аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ш.Бохтар ва дигарон меҳмононро қабул ва ҳамроҳи намуданд.
Гуфта мешавад, ки соҳибкорони кишвари дӯсту баробар Ҷумҳурии Ӯзбекистон равған, либосҳои гуногуни мардонаву занона, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти ширрӣ, обҳои гуногун, ороишот ва дигар лавозимоти зарурии рӯзгорро пешкаш намуданд. Маҳсулоти мазкур бо нархи нисбатан арзон пешниҳод карда шуд. Хатлониён бо дидан кардан аз намоишгоҳи мазкур ба сифат ва нархи маҳсулот баҳои баланд дода, пешниҳоди ҳамкорӣ карданд.
Шоми рӯзи 6.05.2018 дар театри Мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови в. Хатлон барномаи фарҳангии санъаткорони в.Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва в.Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он сокинони шаҳри Бохтар ва дигар ноҳияҳои вилоят ширкат намуда, шукргузорӣ аз тинҷиву осоиштагии меҳан ва ягонагии мардуми сарбаланди тоҷик карданд. Таъкид гардид, ки ин намоишгоҳ метавонад, ки дар самти мустаҳкамтар гардидани ҳамкориҳо миёни соҳибкорони ду кишвари дӯст ва беҳтар гардидани дӯстиву рафоқат байни сокинони Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад.
Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон