Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пеш аз фарорасии моҳи шарифи Рамазон ба соҳибкорону тоҷирон такроран хотиррасон намуд, ки дар моҳи Рамазон нарху навои маҳсулотро беасос баланд бардошта, ҳамватанонро ба азият гирифтор накунанд. Дар аксари кишварҳои исломӣ ва мусулмоннишин тоҷирон нархро, баръакс, дар ин моҳ арзон мекунанд, то ки бо ин роҳ низ соҳиби савоб шаванд. Аммо ҷои таассуф аст, ки соҳибкорону савдогарони мо моҳи шарифи Рамазонро на ҳамчун моҳи хайру саховат ва ибодату накӯкорӣ, балки ҳамчун моҳи даромад ва ҳарчӣ бо қимати болову бемисл фурӯхтани молҳои худ мешиносанду саъй мекунанд бо ҳар баҳона нархҳоро бардоранду даромади худро афзоянд.
Имрӯзҳо дар бозори «Ҳоҷӣ Шариф», ки яке аз бозорҳои яклӯхтфурӯшӣ дар вил.Хатлон ба ҳисоб меравад, нархи 1 кг помидор 8-12 сомонӣ, бодиринг 3-4 сомонӣ, сабзӣ-1,50-2 сомонӣ, картошка 2-2,50 сомонӣ, шакар 6,50 сомонӣ, себ 18-20 сомонӣ, нок 19-25 сомонӣ, гӯшти гов 36-40 сомонӣ, 1 кг гӯшти гӯсфанд 42-45 сомонӣ, 1 халта орд 143-145 сомонӣ, қулфинай 8-12 сомонӣ, тут-5 сомонӣ, 1 бандча кабудӣ 1 сомонист. Масъулону нозирони бозори мазкур мегӯянд, сабаби болоравии нархҳо дар бозор гуногунанд. Сабаби асосӣ ин афзудани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат буда, худи деҳқонон низ маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қиматтар мефурӯшанд. Деҳқонони асил баланд шудани нархи маҳсулоти кишоварзиро дар гарон шудани сӯзишвории дизелӣ ё солярка мебинанд. Ин дар ҳолест, ки Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ то ҳол аз ӯҳдаи танзими нархи сӯзишворӣ дар ҶТ набаромада истодааст. Нарху навои ҳамин маҳсулот дар бозорҳои Кӯшониёну Леваканд бошад 10% гаронтар ба назар мерасад.
Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон
Дар ҳамин маврид
1000 моли калони шохдор барои таъминоти пойтахт бо гӯшт
Таъминоти бозорҳои пойтахтро бо гӯшти чорво дар моҳи мубораки Рамазон 1 нафар аз соҳибкорони шинохтаи мамлакат-Умар Алиматов бар зима гирифтааст. Алиматов, роҳбари ширкати шинохтаи «Алибобо ва 40 роҳзан» буда, соли 3-юм аст, ки ин амали некро анҷом медиҳад. Соли гузашта мавсуф беш аз 300 сар чорвои калони шохдорро харида, бо нархи тавсияшуда ба сокинони пойтахт пешниҳод намуда буд. Имсол бошад ӯ азм кардааст, ки 1000 моли калони шохдорро харидорӣ намуда, то ба итмом расидани ин моҳи муборак бо нархи арзон тавассути фурӯш дар бозорҳои коммуналӣ ва марказҳои калони савдо бо нархи ягонаи барои фурӯш пешниҳодшуда ба сокинон ва меҳмонони ш.Душанбе пешниҳод кунад. Ин аст, ки ҳар шом то 33 гови калон забҳ шуда, ҳамарӯза 5,5-6 тонна гӯшти тоза ба бозорҳо ворид карда мешаванд.
Алиматовро субҳи рӯзи якшанбеи 27.05.2018 дар бозори «Саховат»-и пойтахт дидем. Эшон пас аз воридоти гӯшт шахсан ба ин ҷо омада, нарху наво ва хариду фурӯшро назорат менамуд. Вақте дар бораи ин азму амалаш пурсидем, таъкид дошт, ки ин кори хайрро дар пайи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ анҷом дода истодааст. Соҳибкор иброз намуд, ки барояш суду зиёни ин амали хайрхоҳона ва некаш муҳим нест, муҳим он аст, ки тавонад дастархони сокинони пойтахтро бо гӯшти хушсифату арзон таъмин намуда, бо ин роҳ нархи гӯштро коҳиш дода, нагузорад, ки он аз нархи тавсияшуда боло равад.
Воқеан ҳам, ҳамин аст, ки нархи 1 кг гӯшти гов айни замон дар бозорҳои пойтахт аз 36 сомонӣ боло нарафта, тайи 2 ҳафтаи аввали моҳи шарифи Рамазон ин нарх нигоҳ дошта шуда истодааст. Вагарна бо назардошти камбориш омадани зимистону баҳори имсола ва нарӯидани сабзаву алаф барои хӯроки чорво, ки боиси коҳиш ёфтани шумораи чорво дар мамлакат гаштааст, шояд нархи 1 кг гӯшти гов ҳоло дар бозорҳои кишвар то ба 50 сомонӣ мебаромад. Кош, сафи чунин ҷавонмардони Тоҷик бештар гардад! Офарин!!!
Ҷамила Ҳусейнова, СССР