ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Пахта кор!!!

  • Панҷшанбе, Авг 02 2018


Пахта ашёи стратегӣ аст?
Тайи чанд соли охир газетаи мардумии СССР таҳти унвони «Редаксия супориш дод…» матолиб чоп мекунад, ки иқдоми хело нек аст. Имрӯз гарчанде редаксия ба ман чунин супориш надода бошад ҳам, тасмим гирифтам, ки оид ба пахтакорӣ чизе нависам. Дипломи аввалини ман оид ба соҳаи кишоварзӣ асту хатмкунандаи Техникуми хоҷагии қишлоқи ба номи В.В.Куйбышеви собиқ н.Қӯрғонтеппа ҳастам. Аз сӯи дигар, аз 20.08.2009 сарвари хоҷагии деҳқонии «Назирӣ» буда, дар майдони 2 га замин зироатҳои гуногун кишоварзӣ кишт мекунам. Аз ин хотир, зарур донистам, оид ба бурду бохти ин соҳаи ҳаётан муҳим аз наздик шинос шуда, хулосаҳои зарурии худро барорам. Чунки оид ба пешравӣ ва камбудии соҳаи пахтакории хоҷагии қишлоқ миш-мишҳо ниҳоят бисёранд.
Чандин маротиба дар моҳҳои январ-марти соли 2017 олимони соҳаи иқтисод ва хоҷагии қишлоқ тариқи шабакаи ТВТ гуфтанд, ки солҳои охир нархи ашёи хоми 1 тонна пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 1000-1500 доллари амрикоӣ расидааст. Пахта ягона маҳсулотест, ки ба кишварамон асъори хориҷӣ ($) ворид мекунад. Ва он олимон зӯр зада исбот карданианд, ки пахта ва пахтакорӣ соҳаи сердаромад аст.

Пахта бар зарар аст!
Ман аз чандин сарварони хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ, хоҷагиҳои истеҳсолӣ-кооперативӣ оид ба ин мавзӯъ пурсидам, онҳо хулосаҳои олимонро инкор карда, мегӯянд, ки 1 тонна пахтаро фючерҳо аз мо $400-500 мехаранд ва ин нарх хароҷоти солонаи мо-шудгоркунӣ, чапаркунӣ, кишткунӣ, нармкунӣ (култиватсия), чобуқ, озуқадиҳӣ, обмонӣ, заҳрхимикатпошӣ, ҳосилғундорӣ, интиқол (транспортировка), андозбандӣ, маош ва ғайраро намепӯшонад. Дар Қонуни ҶТ оид ба хоҷагии деҳқонӣ омадааст, ки хоҷагидор ҳам дар интихоби зироат вобаста ба манфиати иқтисодиаш ва ҳам дар харидорёбию ба фурӯш баровардани он мустақил аст. Бояд ҳамин хел ҳам бошад. Қонунгузор ба касе ҳақ надодааст, ки ин ҳуқуқҳои деҳқонро поймол кунад. Раҳбарияти кишвар дар чандин баромаду вохӯриҳояш ба олимони ин соҳа ибрози ақида ва нигаронӣ намуда буд, ки ин қадар олимони зиёд, институтҳои тадқиқотии соҳавӣ ва шароиту лавозимоти беҳтарин дорему пахта ва дигар зироатҳои серҳосилу ба шароити кишвар мутобиқкардашуда кам. Кайҳо вақти он расидааст, ки олимони соҳибунвони кишвар аз пайи ин камбудиҳо шаванд.



Хулоса: Пахта, пахта, ҷон пахта?
Пахта ва пахтакорӣ дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ яке аз соҳаҳои сердаромадтарин ба шумор мерафт, чунки он замонҳо маводи лозимӣ, аз қабили сӯзишворӣ, нуриҳои минералӣ ва органикӣ нархи арзон доштанд. Техника ва пору, яъне нуриҳои минералӣ аз худи хоҷагиҳо мебаромад. Аз ин рӯ, қисми зиёди хоҷагиҳои пахтакории кишвар миллионер буданд, яъне миллионҳо рубл ҳамасола фоида мегирифтанд ва ин маблағҳо барои пӯшонидани ҳамагуна хароҷот басанда будӣ. Ҳамчунин хоҷагиҳои пахтакор барои хизматрасонии даҳҳо ташкилоту идораҳо, ба мисли хоҷагии об, муассисаҳои сохтмонӣ, шуъбаи маданият, ҷамъияти дониш, ҷамъияти дӯстдорони китоб миллионҳо рубл ҳамасола ёрии пулӣ мекарданд. Ҳоло ягона заводи нуриҳои азотии Вахши Лаваканд (собиқ Калининобод) даҳсолаи дуюм аст, ки аз кор мондааст. Нуриҳои минералӣ, маводи сӯхт ва молиданӣ, заҳрхимикатҳо аз хориҷи кишвар бо нархи гарон ворид мешаванд. Хоҷагиҳои хурд бошанд трактору дигар техникаҳои лозимиро иҷора гирифта истифода мебаранд. Ин ҳама омилҳоеанд, ки ба болоравии арзиши аслии маҳсулот ва камшавии фоида мусоидат мекунанд. Болои сӯхта намакоб, фючерҳо, яъне харидорони маҳсулот бо ҳар баҳонаҳои ба худ хос пахтаро бо пасттарин нарх мехаранд. Ҳоло миш-мишҳо ҳаст, ки дар оянда заводи нуриҳои Вахш (ВТЗ) ба кор медарояду нуриҳо арзон мешаванд. Лекин метарсем! Барои он ки 10 сол пеш арзиши 1 қопча сементи хориҷӣ дар Тоҷикистон 35-40 сомонӣ буду ҳоло, ки чанд семзаводи ватанӣ дорем, ҳамон нарх боқӣ монду 1 дирам ҳам арзон нашуд!!!

Ҷаббор Раҷабов,
мухбири мардумии СССР, н.Кӯлоб

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter