ХАБАРИ ДОҒ

Қадрдонии кормандон бо мукофотҳои давлатӣ

  • Панҷшанбе, Сен 27 2018


   Ба истиқболи 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 августи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла кормандони соҳаи илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва коргарону бинокорон, соҳибкорон, хизматчиёни давлатӣ ва сарбозону афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои низомиро барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, таҳкими сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни халқҳо, бо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ қадрдонӣ намуданд.
   Сардори Идораи ҳисобдорӣ-сармуҳосиби Бонки миллии Тоҷикистон Фархуддинов Раҷабалӣ барои дастовардҳои баланд ва фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, саҳми арзанда дар рушду инкишофи низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
   Дар ҷаласаи идона, ки 4 сентябри соли ҷорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид иштирокдорони ҷаласаро бо ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ таҳният гуфта, ҷоизаи мазкурро дар вазъияти тантанавӣ ба Фархуддинов Раҷабалӣ аз номи Сарвари давлат тақдим намуд. Номбурда қайд кард, ки нақши Бонки миллии Тоҷикистон дар рушду нумӯи иҷтимоиву иқтисодӣ ва татбиқи сиёсати пулию қарзӣ назаррас буда, аз ҳар кадоми мо тақозо менамояд, барои рушду такомули ин соҳаи ҳаётан муҳим ва дар амал татбиқ намудани орзуву омолҳои неки худ кӯшиш ба харҷ диҳем.
   Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни суханронии худ, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои қадрдонии кормандони соҳа арзи сипос намуда, аз ҳар нафар корманд даъват ба амал овард, ки бо меҳнати софдилонаву содиқона дар рушди нумуи Ватани азизамон доимо саҳмгузор бошанд.
   Маврид ба зикр аст, ки дар қатори кормандони соҳоти мухталифи кишвар, сардори шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи Роҳбарияти БМТ, доктори илми филология, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоҳасан Султонов 30 августи соли 2018 аз ҷониби Сарвари давлат бо нишони сарисинагии “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шуд.

Ташрифи навбатии Ҳайати ХБА ба БМТ


   11 сентябри соли 2018 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҳайати намояндагии Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) таҳти сарварии роҳбари Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал, ки бо мақсади баргузории музокирот оид ба роҳандозии Барномаи нави ХБА (Механизми васеи қарздиҳӣ (ECF)) бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 11 то 26 сентябри соли 2018 бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд, мулоқот анҷом дод. Дар оғози мулоқоти корӣ Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев оид ба рушд ва дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди бахшҳои воқеӣ, монетарӣ ва молиявӣ дар солҳои 2017-2018, аз ҷумла сатҳи таваррум, унсурҳои пулӣ, нишондиҳандаҳои устувории молиявӣ маълумоти мушаххасро манзури ҳозирин гардонид.
   Зимни суханронӣ Ҷамолиддин Нуралиев таваҷҷуҳи Ҳайати ХБА-ро инчунин ба вазъи кунунии бозори беруна ва дохилии асъор, омилҳои асосии ба он таъсиркунанда, тағйироти қурбӣ дар ду соли охир, рушд ва дурнамои интиқоли маблағҳои пулӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои сифатан нави молиявӣ ва тиҷоратӣ бо ҷумҳуриҳои Туркия ва Ӯзбекистон, татбиқи лоиҳаи НБО “Роғун” ва созишномаҳои бо он алоқаманд, талабот оид ба маблағгузории беруна дар солҳои минбаъда (2019-2021) ва нақши барориши евробондҳо, татбиқи минбаъдаи реҷаи ҳадафгирии таваррум ва дурнамои рушди бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ дар Тоҷикистон ҷалб намуд.
   Роҳбари Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал дар навбати худ афзуд, ки Ҳайати намояндагии ХБА дар доираи сафари кории худ ҷиҳати омӯзиши барномаи ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон бо роҳбарони як қатор вазорату идораҳои дахлдор мулоқоти корӣ анҷом дода, баҳри тавсеа ёфтани ҳамкориҳо ва амалӣ намудани Барномаи Механизми васеи қарздиҳии ХБА (ECF) ба Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.
   Дар ҷараёни вохӯрии судманд ҷонибҳо ҳамчунин, оид ба ислоҳоти cоҳаи бонкӣ дар самтҳои афзалиятноки сиёсати пулию қарзӣ бо гузариш ба реҷаи ҳадафгирии таваррум, ҳалли мушкилоти бонкҳои низомсоз ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар, дар доираи барномаи дастгирии ХБА табодули назар карданд.
   Дар интиҳои мулоқоти корӣ, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ба Ҳайати намояндагии ХБА барои дастгирии доимии Тоҷикистон аз ҷониби ин ташкилоти молиявии байналмилалӣ изҳори сипос намуда, дар сафари навбатӣ фаъолияти пурсамар ва бобарору комёбӣ таманно намуд.
   Мавриди зикр аст, ки дар вохӯрии мазкур инчунин, Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ, роҳбарони сохторҳои калидии БМТ ва коршиносони ХБА Санан Мирзаев, Йохан Молин, Далмасио Бенисио, Олумуйива Адедеджи, Мурад Омоев, Александр Шеин ва Владислав Костюченко иштирок намуданд.

Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохӯрии “рӯ ба рӯ”


   Аз моҳи сентябри соли 2017 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни марҳилаи дуюми баҳодиҳии тарафайни низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) аз ҷониби коршиносони Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм қарор дорад.
Хотиррасон менамоем, ки рӯзҳои 5-15 марти соли равон ташрифи ҳайати коршиносон-баҳогузорон ба ш.Душанбе баргузор гашт. Дар рафти ташриф вохӯриҳо бо мақомоти салоҳиятдори низоми МҚД/МТ/МПСҚО, инчунин, бо намояндагони бахши хусусӣ доир гардиданд.
Баъдан, тибқи тартиби муайяншуда ҷараёни омодагӣ ва баррасии лоиҳаҳои ҳисобот вобаста ба натиҷаҳои ташриф ва ҳуҷҷатҳои тавассути тартиби дистансионӣ баррасигардида сурат гирифт.
   Дар робита ба масъалаи мазкур бояд қайд кард, ки ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳои баҳсталаб дар доираи лоиҳаи ҳисоботи баҳодиҳии тарафайн ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ватанзода М.М. - Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ҷиҳати иштирок дар вохӯрии “рӯ ба рӯ” бо баҳогузорони Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (Гурӯҳи Авруосиё), рӯзҳои 5-7 сентябри соли 2018 ба ш. Москва (Федератсияи Русия) сафар намуд.
   Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳайати байниидоравӣ аз намояндагони роҳбарият ва шахсони масъули вазорату идораҳои дахлдори низоми МҚД/МТ/МПСҚО, аз ҷумла: Вазорати адлия, Вазорати молия, Прокуратураи генералӣ, Суди олӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Хадамоти гумрук, Кумитаи андоз, Бонки миллии Тоҷикистон, Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иборат буд.
   Тибқи барнома дар вохӯрии нахустин бо намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби баргузории вохӯрии “рӯ ба рӯ”, масъалаҳои муҳими баррасишаванда ва марҳилаҳои минбаъдаи баҳодиҳии тарафайн муҳокима гардиданд.
Ҳамзамон, мутобиқи барнома масъалаҳо дар доираи хавфи ҚД/МТ, ҳамкории байналмилалӣ, низоми ҳуқуқӣ ва масъалаҳои фаъолияти оперативӣ, чораҳои огоҳкунанда ва назорат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин, муҳокимаи хулосаҳои коршиносон-баҳогузорони Гурӯҳи Авруосиё дар бахшҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва молиявӣ таҳти баррасӣ қарор гирифтанд.
Санаи 7-уми сентябр муҳокимаи масъалаҳои иловагӣ вобаста ба натиҷаҳои бевосита, инчунин хулосаҳои мутобиқати техникӣ миёни ҳайати кишвар ва коршиносони Гурӯҳи Авруосиё баргузор гардид.
   Лозим ба ёдоварист, ки дар рафти 29-умин ҷаласаи Пленарии Гурӯҳи Авруосиё, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ дар ш. Минск (Ҷумҳурии Белорус) баргузор мегардад, натиҷаи баҳодиҳии тарафайни низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО-и Ҷумҳурии То ҷикистон мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт.

Шуъбаи матбуоти БМТ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter