Бонки миллии Тоҷикистон ҳамеша иҷрои саривақт ва босифати дастуру ҳидоятҳо, супоришҳо ва вазифаҳое, ки дар паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 22.12.2017 ироа шуданд, тадбирҳои зарурӣ меандешад. Бо мақсади таъмини иҷрои саривақтӣ ва сифатноки Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти ҶТ аз 22.12.2017 зикр шудаанд, Нақшаи чорабиниҳои БМТ таҳия ва тасдиқ шуд. БМТ бо мақсади ҷалби бештари сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёт ва кумакҳои техникӣ барои таҳкими низоми молиявии кишвар бо Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Исломии Рушд, Бонки Давлатии Рушди Хитой, Бонки Рушди Авруосиё, фондҳои байналмилалӣ, бонкҳои марказӣ (миллӣ) ва сохторҳои бонкии кишварҳои хориҷи дуру наздик ҳамкориҳои судманд ба роҳ мондааст. Айни замон, БМТ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ҷиҳати ҷалби кумакҳои техникӣ дар самти татбиқи босамари сиёсати монетарӣ, таъмини суботи молиявӣ ва татбиқи стрес-тестинг, рушди идораи корпоративӣ, татбиқи стандартҳои байналмилалӣ, пурзӯр кардани назорати бонкӣ, низоми суғурта, маърифати молиявӣ ва автоматикунонии низоми пардохт ҳамкорӣ карда истодааст. БМТ дар доираи салоҳияти худ ба ташкилотҳои қарзӣ дар бобати андешидани тадбирҳо ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ дастур дода, масъалаи мазкурро таҳти назорати доимӣ қарор додааст. Дар 10 моҳи с.2018 бо мақсади зиёд кардани маблағгузории қарзӣ ба низоми бонкии кишвар аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ 72,5 млн доллари ИМА қарз ва сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ҷалб карда шуданд. Аз ин миқдор ба сармоягузориҳои мустақим 1,7 млн. долл. ИМА ва ба қарзҳои ҷалбшуда 70,8 млн. долл. ИМА рост меояд. БМТ бо мақсади андешидани чораҳои мушаххас дар самти гузаронидани ислоҳоти зарурии пуливу қарзӣ, муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ, фаъолияти бонкҳо, устувории сармояи бонкӣ, сатҳи нархҳо, қарздиҳӣ ба иқтисодиёти миллӣ ва ҷалби сармоя, назорати риояи қонунгузории бонкӣ ва такмили он, паст кардани дараҷаи хавфҳо ва ҷорӣ намудани усулҳои идораи корпоративӣ тадбирҳои заруриро татбиқ намуда истодааст.
Тайи солҳои охир иқтисодиёти кишвар новобаста аз фазои начандон муътадили берунӣ ба пешравиҳои назаррас комёб шуд, ки пеш аз ҳама дар нисбатан муътадил гардидани вазъи макроиқтисодӣ, сатҳи ҷоизи таваррум, тадриҷан вусъат ёфтани бахши молиявӣ ва беҳтар гардидани муҳити институтсионалию қонунгузорӣ зоҳир ёфтааст. Дар ин раванд, ислоҳоти самарабахш дар самти татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, нисбатан устувор шудани мавқеи низоми бонкӣ дар фаъолияти иқтисодиёт, ба эътидол омадани иқтидори молиявӣ, ҷалби захираҳои озод, беҳтар гардидани сифати хизматрасониҳои бонкӣ ва пешниҳоди маблағҳо ба иқтисодиёт дида мешавад. Сатҳи таваррум дар моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ 5,1%-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 банди фоизӣ кам аст. Дар сохтори тағйирёбии таваррум дар ин давра поёнравии нархи баъзе аз маҳсулоти истеъмолии аҳолӣ, аз қабили себ, нок, картошка, пиёз, нахӯд... мушоҳида шуд, ки он дар маҷмӯъ барои муътадил гардидани сатҳи умумии нархҳо мусоидат намуд. Сатҳи таварруми солона бошад, дар моҳи ноябри соли равон ба 5,5% баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 банди фоизӣ кам аст. Нишондоди мазкур новобаста аз таъсири таконҳои берунаи иқтисодӣ ва молиявӣ ба ҳадафи муайянкардаи БМТ мувофиқ буда, тамоюли тағйирёбии он дар доираи дурнамои пешбинишуда ҷараён дорад. БМТ бо мақсади бартараф кардани таъсири манфии омилҳои берунӣ ва гузаронидани ислоҳоти муваффақ, пеш аз ҳама дар самти татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, солимгардонии низоми бонкӣ ва ҷорӣ кардани механизмҳои нави танзиму идоракунии ба шароити иқтисоди ҷаҳон мутобиқкунанда чораҳои зарурӣ андешида истодааст. Аз ҷумла, бо назардошти вазъи муътадили нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, алалхусус таваррум, дар давоми моҳҳои январ-ноябри с.2018 меъёри бозтамвил тадриҷан аз 16,0% то 14,0%-и солона паст карда шуд. Бо назардошти идоракунии самараноки сатҳи пардохтпазирии бонкҳо, коҳиш додани фишорҳои қурбӣ ва таваррумӣ, рушди низоми молиявӣ ва бозори аввалияи коғазҳои қиматнок, дар давраи ҳисоботӣ 146 музоядаи коғазҳои қиматноки БМТ баргузор шуд ва ҳаҷми фурӯши онҳо 17,7 млрд сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,3 маротиба зиёд аст. Инчунин, бо мақсади танзим кардани ҳаҷми пул дар муомилот амонатҳои шабонарӯзӣ дар ҳаҷми 34,0 млрд сомонӣ ҷалб шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,7 маротиба афзудааст. Дар баробари ин, БМТ бо мақсади таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ дар ин давра ба ташкилотҳои қарзӣ дар ҳаҷми 554,8 млн. сомонӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат ҷудо кард, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 24,0% зиёд аст. Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар 10 моҳи соли ҷорӣ 6,0 млрд. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,5% зиёд аст. Бояд гуфт, ки аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 41,2%-и вазни қиёсӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд. Теъдоди қарзҳои додашуда дар ин давра 17,5% ё 68,6 ҳаз. адад афзуда, ба 460,6 ҳаз. адад баробар шуд, ки ин нишондод аз афзоиши пешниҳоди қарзҳои хурду миёна ба муштариён, аз ҷумла ба соҳибкории хурду миёна шаҳодат медиҳад. Дар ин давра ҳаҷми қарзҳои хурди аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ додашуда 3,9 млрд. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,5% зиёд аст. Ба ҳолати 1.11.2018 бақияи умумии пасандозҳо 9,8 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,2% зиёд аст. Ҳаҷми бақияи пасандозҳо бо пули миллӣ 20,0% ва бо асъори хориҷӣ 1,3% афзуд, ки аз зиёд шудани эътимоди аҳолӣ ба пули миллӣ-сомонӣ ва тадриҷан паст шудани сатҳи долларикунонии иқтисодиёт шаҳодат медиҳад. Нишондиҳандаи пардохтпазирии низоми бонкӣ дар ин давра меъёри муқаррарнамударо таъмин карда, 77,1%-ро ташкил дод, ки аз талаботи муқарраршуда 37,1 банди фоизӣ зиёд аст.
Низоми бонкии кишвар фаъолияти худро мутобиқ ба дастуру супоришҳои Президенти ҶТ ҷиҳати ҷалби маблағҳои озод ва зиёд кардани ҳаҷми қарздиҳӣ барои рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт, аз ҷумла рушди ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ равона намуда истодааст. Ҳамин тариқ, ба санаи 1.11.2018 ба соҳаи рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 35,4 млн. сомонӣ (ба 4 313 нафар) қарз дода шудааст, ки аз ин 8,1 млн. сомонӣ ба соҳаи рушди сайёҳӣ ва 27,3 млн. сомонӣ ба соҳаи ҳунарҳои мардумӣ рост меояд. Дар баробари ин, бо мақсади дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии бонкӣ Харитаи электронии мавқеи ҷойгиршавии марказҳои хизматрасонии бонкӣ таҳия ва дар сомонаи БМТ ҷойгир карда шуд, ки тавассути он шаҳрвандон метавонанд аз марказҳои наздик ба ҷои истиқомат ва будубош, инчунин марказҳое, ки ба таври шабонарӯзӣ (24 соата) фаъолият мебаранд, аз хизматрасонии бонкӣ ба таври фаврӣ истифода баранд. Бояд гуфт, ки сомонаи расмии БМТ (www.nbt.tj) дар самти ба даст овардани маълумоти зарурӣ оид ба фаъолият ва вазъи низоми бонкӣ имрӯз ба яке аз сарчашмаҳои фаъол ва дастраси муштариён мубаддал гаштааст. Қобили қайд аст, ки айни замон ба роҳ мондани иртиботи аҳолӣ бо низоми бонкии кишвар ва дар ин замина таъмин намудани сатҳи зарурии ҳимояи ҳуқуқҳо ва баланд бардоштани маърифатнокии истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳим дар БМТ ба ҳисоб меравад. Дар ин самт доир ба мавзӯъҳои гуногун чорабиниҳои дахлдор амалӣ мешаванд, аз ҷумла дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ватанӣ ва байналмилалӣ барои истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ, инчунин ҷавонону мактаббачагон, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои таълимӣ; бо мақсади огоҳӣ доштан аз таърих пул ва пулҳои ҷаҳон, дар Осорхонаи БМТ ташкили экскурсияҳо; гузаронидани “Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ” бо фарогирии зиёда аз 10 587 нафар талабагону муаллимони мактабҳои миёна амалӣ карда шуданд.
Бо мақсади таҳким бахшидани раванди танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии амонатгузорон, тибқи таҷрибаи байналмилалӣ бо дарназардошти пешниҳодҳои Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор, БМТ ба қонунҳои ҶТ “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”, “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” ва “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” тағйиру иловаҳо ворид намуд, ки бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ бо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Татбиқи қонунҳои зикршуда заминаи танзим ва назорати низоми бонкиро тақвият дода, ба таъмини фаъолияти устувору боэътимоди ташкилотҳои қарзӣ ва такмил додани усулҳои идораи корпоративӣ дар онҳо мусоидат хоҳад кард.
Яке аз масъалаҳое, ки дар Паёми Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (22.12.2017) мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифта буд, вусъат додани пардохтҳои ғайринақдист. БМТ бо мақсади вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар муомилоти пулӣ ва рушди инфрасохтори низоми пардохт тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст. Бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди низоми пардохт ва зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ лоиҳаи қарори Ҳукумати ҶТ “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз ҷониби Гурӯҳи кории байниидоравӣ таҳия шуда, 30.11.2018, №565 бо қарори Ҳукумати ҶТ тасдиқ шуд. Тибқи ин қарор вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои давлатие, ки хизматрасониҳои пулакиро ба аҳолӣ пешниҳод менамоянд, вазифадоранд, ки дар баробари ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ, ҳама намуди хизматрасониҳоро ба таври ғайринақдӣ бо истифода аз воситаҳои электронии пардохтӣ низ ба таври ҳатмӣ таъмин кунанд. Бо мақсади пурзӯр кардани назорати амалишавии стратегияи рушди низоми пардохт ва чораҷӯӣ намудан ҷиҳати насби терминалҳои пардохтӣ ва истифодаи васеи кортҳо БМТ ҷиҳати вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар муомилоти пулӣ ва рушди инфрасохтори низоми пардохт тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст. Барои тақвият бахшидани назорати иҷрои стратегияи рушди низоми пардохт ва вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ташкилотҳои қарзӣ вазифадор карда шуданд, ки соҳибкоронро саривақт бо терминалҳои электронӣ таъмин кунанд ва фаъолияти мунтазами терминалҳоро ба роҳ монанд. Дар ин раванд ташкилотҳои қарзӣ дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон терминалҳои электрониро дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ фаъолона насб намуда истода, инчунин барои бурдани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии аҳолӣ низ муваззаф шудаанд. Миқдори умумии кортҳои пардохтие, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзии ватанӣ ба муомилот бароварда шудааст, ба санаи 1.11.2018 1 млн. 791,3 ҳазор ададро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,3% зиёд аст. Миқдори дорандагони кортҳои пардохт бошад, 1 млн. 763,3 ҳазор нафарро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 5,1% зиёд аст. Дар 10 моҳи с.2018 шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ дар ҷумҳурӣ мувофиқан 679 адад ва 4 272 ададро ташкил намуда, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи банкоматҳо 15 адад кам ва шумораи терминалҳои электронӣ 1 192 адад афшуд. Аз ин миқдор дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд 1 472 адад ва дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонии кишвар 2 800 адад терминалҳои электронӣ насб гардидаанд. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат таъкид шуда буд, ки бо мақсади таъмини рақобати солим дар бозори хизматрасониҳои бонкӣ ва дастрасии аҳолӣ ба воситаҳои молиявӣ, инчунин ҷалби бештари сармоя ба ин соҳа ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ барои бонкҳои навтаъсис ба маблағи 50 млн. сомонӣ муқаррар карда шавад. Тибқи муқаррароти БМТ аз 5.01.2018 бо мақсади таъмини рақобати солим дар бозори хизматрасониҳои бонкӣ ва дастрасии аҳолӣ ба воситаҳои молиявӣ ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ барои бонкҳои навтаъсис аз 80 млн. сомонӣ то ба 50 млн. сомонӣ кам карда шуд. БМТ минбаъд низ ҷиҳати татбиқи сиёсати самарабахши пулию қарзӣ ва устувории низоми бонкии кишвар дар доираи салоҳияти худ чораҳои зарурӣ меандешад.
Шуъбаи матбуоти БМТ