ХАБАРИ ДОҒ

Дар Хатлон нархи орд хест!

  • Панҷшанбе, Янв 24 2019


Сокинони вилояти Хатлон аз баланд шудани нархи орд нигаронанд. Айни ҳол дар 2 бозори калонтарини маркази вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар нархи орди навъи 1 185-195 сомонӣ шудааст. Абдулло-сокини шаҳри Бохтар, ки зиндагиашро бо мардикорӣ пеш мебарад, аз баланд шудани нархи орд нигаронӣ карда гуфт, «баъди депортатсия шуданам аз Русия зиндагиро бо мардикорӣ пеш мебарам. Дар оила 6 нафарем. Рӯзе мешавад, ки 25-30 сомонӣ кор мекунам, мо 1 халта ордро 20-25 рӯз нон пухта мехӯрем. Чаро тоҷирон аз ҳудуди вил.Хатлон ба бозорҳо орд ворид намекунанд? Баъзе савдогарону тоҷирон барои нафси худ виҷдонашонро мефурӯшанд…».
Дар вилоят зиёда аз 31 корхонаи замонавии ордбарорӣ ҳаст, ки дар соли гузашта 94663,3 тонна орд истеҳсол кардааст. Аз ин шумора 5 корхонаҳои саноатии бузург дар вилоят, ки бояд мардумро бо орд таъмин кунанд, солҳои тӯлонӣ аз кор мондаанд. Инҳо: «Орди Хатлон» дар ш.Бохтар, «Абубакри Дилшод», ш.Левакант, «Ҳафизов»-н.Ҷ Балхӣ, «Агро-фут-голд», н.Ҷ Балхӣ, «Осиё», н.Хуросон. Соҳибкорон сабаби аз кор бозмондани корхонаҳоро дар набуди гандум мебинанд. Тибқи иттилои Сарраёсати кишоварзии вил.Хатлон дар с.2018 зиёда аз 431 000 тонна гандум ҷамъоварӣ шудааст, ки аз ин шумора 39 000 тоннааш тухмӣ захира шудааст. Пас 392 000 тонна гандуми ҷамъоваришуда куҷо шуд? 1 нафар масъули «Зерновая компания» дар шаҳри Бохтар дар сӯҳбат гуфт, ки ин корхонаи мо чанд навъи ордро аз вил.Суғд вориди Хатлон мекунад ва тоҷирону савдогарон 1 халта ордро аз 165 то 175 сомонӣ пешкаши мардум мекунанд. Аммо дар бозорҳои вил.Хатлон бо кадом арзиш мефурӯшанд, мо намедонем. Бигзор Раёсати антимонополӣ нархи маҳсулотро ба танзим дарорад.
Тибқи қарори ҳукумати ҶТ №287 аз 31.05.2018 «Дар бораи номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ», ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешавад, чаро нархҳо бе назорат мондаанд? Тибқи иттилои дарёфтаи СССР, аксарияти соҳибкорон бе асос нархро 5-10% баланд мекунанд! Агар Раёсати зиддиинҳисорӣ нархҳоро танзим накунад, пас фикри мардуми камбизоатро кӣ мекунад?

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter