ХАБАРИ ДОҒ

Чаро як идда бартариҳоро «бо доман пӯшониданианд»?

Қонуни ҶТ «Дар бораи консессияҳо» муносибатҳои вобаста ба консессияро танзим намуда, салоҳияти мақомоти давлатӣ, шарт ва тартиби ба консессия додани объектҳо, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои консессиядор, иҷро ва муҳлати шартномаи консессия, инчунин кафолати дастгирии фаъолияти консессиониро муайян месозад. Консессиядор уҳдадор аст, шартҳои шартномаи консессиониро риоя намояд, фаъолияти хоҷагии худро танҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи консессионӣ амалӣ кунад, баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳиро тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории ҶТ ба роҳ монад, молу мулк ва объектҳоеро, ки дар асоси шартнома ба ӯ дода шудаанд, дар муҳлати муқарраршуда ба конседент баргардонад, инчунин баъди анҷоми муҳлати амали шартномаи консессионӣ ва ё қатъ шудани он молу мулки худро ихтиёрдорӣ кунад, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи меҳнат, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зист риоя ва дигар уҳдадориҳоро, ки қонунгузории ҶТ пешбинӣ кардааст, иҷро намояд.

Дар доираи талаботи қонуни мазкур Ҳукумати ҶТ 2 шартномаи консессионӣ бастааст, ки натиҷаҳои ин иқдом қобили таваҷҷуҳанд. Мутаассифона, баъзе нафарони «аз ҳама кас ва ҳама чиз норозӣ» моҳият ва бартариҳои татбиқи ин шартномаҳоро нодида гирифта, аксар маврид «офтобро бо доман пӯшонидан» мехоҳанд. Лиҳозо, дар ин матлаб натиҷаҳои ин шартномаҳоро таври мухтасар бозгӯӣ мекунем. С.2002 байни Ҳукумати ҶТ ва ширкати «Помир энержи» шартномаи консессионӣ ба муҳлати 25 сол ба имзо расида буд, ки он ба пешрафти минбаъдаи такони ҷиддӣ бахшид. Яке аз мақсадҳои шартнома дар тӯли 25 сол таҷдиду барқароркунии тамоми шабакаҳои ҳудуди ВМКБ маҳсуб мешуд. Ҷоиз ба зикри алоҳида, аст, ки ширкат дар амалӣ шудани ин шартнома ба комёбиҳои зиёд ноил гашта, то ба имрӯз 31%-и воситаҳои асосии ба ширкат тааллуқдошта пурра азнавсозӣ гашт. Масъулин муътақиданд, ки агар садамаи с.2007 рух намедод, то ба имрӯз шояд 80 дарсади бандҳо иҷро намешуд.

Шартномаи дигари консессионӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ бо Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» баста шудааст. Дар асоси шартнома механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи пулакии роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок ҷорӣ шуд. Дарозии умумии лоиҳавии роҳи Душанбе-Чанок 358 км-ро ташкил дода, масири он аз 3 нақб («Майхӯра» 897 метр, «Истиқлол» 4998 метр, «Шаҳристон» 5253 метр), 24 галерея, ҳамчунин 38 кӯпрук иборат аст. Муҳим он аст, ки «IRS» барои дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯи талаботи бахши роҳсозӣ амалӣ кардани вазифаҳояш имконият ва шароити зарурӣ, аз қабили мутахассисони болаёқат, корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таҷҳизоти замонавӣ, техникаҳои пуриқтидорро доро буда, аз онҳо самаранок истифода намуда истодааст. Барои мисол, айни замон теъдоди техникаҳои филиали Ширкат зиёда аз 200 ададро ташкил дода, имкон фароҳам аст, ки нигоҳдории шоҳроҳ тибқи талаботи мавҷуда амалӣ шавад. Таъмиру таҷдид дар раванди нигоҳдории роҳ падидаи маъмул ба ҳисоб рафта, хароҷоти зиёди маблағ ва сарфи неруи зеҳниву ҷисмонии кормандонро тақозо дорад. Аз далелҳои мавҷуда метавон хулоса кард, ки таъмиру таҷдид дар фаъолияти филиали «IRS» ба раванди муттасил табдил ёфта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кучактарин дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад. Ҳамватанони азиз хуб медонанд, ки бинобар дар минтақаи релефаш душвори кӯҳистон ҷойгир будан, роҳи мавриди назар аз офатҳои табиӣ зиёдтар осеб мебинад. Табиист, ки ин омил масъулияти кормандони филиали Ширкатро дучанд намуда, аз онҳо чораандешиҳои фавриро тақозо менамояд. 

Бо мақсади густариш бахшидани ин раванд 4 корхонаи истеҳсоли асфалт ва 2 корхонаи масолеҳи сохтмонӣ бунёд шуд. Ширкати мазкур тӯли фаъолият ҳамасола беш аз 50 км-и роҳро таъмири асосӣ ва зиёда аз 100 километрро таъмири ҷорӣ менамояд. Шоистаи зикр аст, ки аз оғози фаъолият то имрӯз филиали ширкати мавриди назар 11 кӯпруки масири роҳро таъмири ҷорӣ намуда, 2 кӯпрукро аз нав сохт. Ғайр аз ин, дар масофаи 11000 метр деворҳои ҳимоявӣ сохта ё гузошта шуда, дар даҳҳо км корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шудаанд. То имрӯз зиёда аз 800 нафар ба кор ҷалб шудаанд, ки ин омил барои паст кардани шиддати бекорӣ дар мамлакат то андозае саҳмгузор аст. Дар баробари дигар омилҳое, ки моҳияти инсондӯстиро дар худ таҷассум намудаанд, аз ҷониби филиали Ширкат ба аҳолии деҳаҳои ҳамшафати роҳ муқаррар кардани имтиёз аст. Ҳамрадиф бо ин, кормандони филиали Ширкат ва техникаҳои пуриқтидори он дар бартараф ва пешгирӣ кардани офатҳои табиии ноҳияҳои ҳамшафати роҳ саҳми сазовор гузошта, ин омил аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ин ноҳияҳо мавриди арҷгузорӣ қарор гирифт. Дар маҷмӯъ бо итминони комил метавон гуфт, фаъолияти пурмаҳсули филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ба боло рафтани сатҳи хизматрасонии ба бахшҳои роҳу нақлиёт дахлдошта мусоидат намуд, балки андешаи мардумро дар мавриди нигоҳдории роҳ мусбат кард.

Далер Мерганов,

журналист

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter