БДА ҶТ “Амонатбонк” айни замон ба зиёда аз 20 ҳазор корхонаю ташкилотҳо, беш аз 720 ҳазор нафақагирони мақомотҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, зиёда аз 1,7 млн. нафар пасандозгузорон тавассути 75 филиал ва 546 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо шумораи наздики 3 ҳазор нафар кормандон дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ хизматрасонӣ менамояд. Ба санаи 30.06.2019 дороиҳои бонк маблағи 4,2 млрд. сомонӣ ва ӯҳдадориҳои бонк 3,8 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 мутаносибан 8,3% ва 8,1% зиёд гардиданд. Пардохтпазирии бонк дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шуда, маблағҳо саривақт ба ҳисобҳои дахлдор гузаронида шуданд. Сармояи бонк ба андозаи 10,2% афзоиш ёфта, ба 417,2 млн. сомонӣ баробар шуд. Даромади софи бонк дар ин давра 20,4 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 13,5% зиёд мебошад. Дар ин бора рӯзи 23.07.2019 зимни нишасти матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма Сироҷиддин Икромӣ, раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” хабар дод.
Роҳандозии қабули маблағи андозҳо ба таври ғайринақдӣ
Тавре мавсуф иброз дошт, бонк аз рӯи фаъолияти худ ба андозаи 31,1 млн. сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлатӣ пардохт намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 7,6 млн. сомонӣ ва ё 32,5% зиёд мебошад. Тавассути филиалҳои бонк маблағҳои андозу пардохтҳои ҳатмӣ қабул ва ба ҳисобҳои дахлдор гузаронида мешаванд. Ин хизматрасонӣ, ки бевосита барои ғанӣ гардонидани буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст, иҷрои босифату саривақтиро талаб менамояд.
-Ба санаи 30 июни соли 2019 ба суратҳисобҳои транзитии буҷети давлатӣ андозу пардохтҳои ҳатмӣ дар ҳаҷми 1 293,6 млн. сомонӣ ва маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ дар ҳаҷми 1 336,9 млн. сомонӣ ворид шуда, ба суратҳисобҳои марбута саривақт гузаронида шуданд. Ҳамзамон, бонк дар якҷоягӣ бо Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ иқдоми бо истифода аз кортҳои пардохтии “Амонатбонк” қабули маблағҳои андозҳоро ба таври ғайринақдӣ роҳандозӣ намуда истодааст.
Инчунин, дар самти ҷорӣ намудани технологияи қабули андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ аз аҳолӣ, дар ҳамбастагӣ бо мутахассисони Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ, то имрӯз 230 нуқтаи қабул дар марказҳои хизматрасонии филиалҳои “Амонатбонк” дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо истифода аз барномаи “Қабули пардохтҳо” фаъолият намуда истоданд, - афзуд Сироҷиддин Икромӣ.
Пасандозҳо афзуданд
Бо мақсади таъмини шаффофият дар самти қабул ва интиқоли маблағҳои коммуналӣ ва ҳамзамон огаҳ шудани муштарӣ аз ҳолати қарздорӣ ва пардохти маблағҳо бо ин мақсад, то имрӯз ба барномаи “Қабули маблағҳои коммуналӣ” шумораи 403 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ пайваст карда шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 153 адад зиёд аст. Ба санаи 30.06.2019 филиалҳои бонк 913,5 млн.сомонӣ маблағҳои коммуналиро аз аҳолӣ қабул намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 21% зиёд мебошад. Ҳамзамон, тавассути Маркази протсессингии низоми пардохти «Корти миллӣ”-и Амонатбонк, 11 адад ташкилотҳои қарзӣ ба низоми биллингии ШСХК «Барқи Тоҷик» шомил гардиданд. Фаъолияти Амонатбонк дар самти дарёфти сарчашмаҳо барои пешниҳоди маблағҳои қарзӣ, ки заминаи асосии он ба даст овардани боварии мардум ба бонкҳо мебошад, рӯз аз рӯз васеъ гардида истодааст. Дар натиҷа, бақияи пасандозҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар “Амонатбонк” ба санаи 30.06.2019 маблағи 3,3 млрд. сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 9,9% зиёд мебошад. Аз он ҷумла, бақияи пасандозҳои аҳолӣ ба 1,3 млрд. сомонӣ расонида шудааст, ки 40%-и ҳаҷми умумии амонатҳоро ташкил медиҳад.
Фоизҳои ба аҳолӣ пардохташуда бошад, дар ин давра 49,9 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 17% зиёд мебошад. Ин албатта, ба сатҳи даромади аҳолӣ ва ҳамзамон баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии онҳо мусоидат намуда истодааст.
Амалиёбии 79 лоиҳаи сармоягузорӣ дар 51 шаҳру ноҳияҳои кишвар
Ҳамкориҳои “Амонатбонк” бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ҷиҳати ҷалби бештари сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар идома дошта, Бонк аз оғози ҷалби сармоягузориҳо 64 млн. доллари ИМА ҷалб намудааст, ки бо истифодаи маблағҳои қарзӣ ба 9 ҳазор нафар соҳибкорон дар 51 шаҳру ноҳияи кишвар 79 лоиҳаи сармоягузорӣ барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти мамлакат амалӣ шуда истодааст. Айни замон, Амонатбонк бо Бонки миллии равобити хориҷии Ӯзбекистон ва “Узпромстройбонк”-и ин кишвар, шартномаи ҳамкориро дар доираи хатти қарзӣ дар ҳаҷми 43 млн. доллари ИМА ба имзо расонида, лоиҳаи Созишномаи қарзӣ бо Бонки давлатии рушди Хитой дар ҳаҷми 60 млн. юани хитоӣ ва 10 млн. доллари ИМА низ, дар соли ҷорӣ ба имзо хоҳад расид. Бонк ба ҳолати 30.06.2019 аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 19 ҳазор муштарӣ 213,5 млн. сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 76% афзудааст.
2,8 млн. сомонӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ
Дар иртибот ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, бонк ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи сайёҳии мамлакат, эҳё намудани анъанаҳои миллӣ ва рушди минбаъдаи ҳунарҳои мардумӣ, аз ҳисоби захираҳои худӣ 2,8 млн. сомонӣ ҷудо намудааст. Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба бо Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати ҶТ» дар маҷмӯъ ба 175 нафар соҳибкорон дар ҳаҷми 248,6 млн. сомонӣ маблағҳои қарзӣ ҷудо карда шудааст, ки аз ин қарзҳо маблағи 28,9 млн.сомонӣ ба 11 нафар соҳибкорон ба давраи ҳисоботӣ рост меояд. Бо мақсади саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ меъёри фоизи қарзҳои ба ин самтҳо пешниҳодшаванда 2 банди фоизӣ пасттар карда шуда, аз 20% ба 18%-и солона расонида шуд. Дар баробари ин, пешниҳоди қарзҳои изофабардошт (овердрафтӣ) тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти бонк қарор дода шуда, тартиби пешниҳоди он содда ва муҳлати истифодаи он то 60 рӯз дароз карда шуд. Меъёри истифодабарии он низ, 2 банди фоизӣ паст карда шуд. Ҳамчунин, тибқи қарорҳои Ҳукумати ҶТ аз ҳисоби маблағҳои вазорати молия дар 6 моҳи соли ҷорӣ ба омӯзгорони ҷавон 60 ҳазор сомонӣ ва муҳоҷирони ихтиёрию экологӣ 159 ҳазор сомонӣ қарзҳои дарозмуддати имтиёзнок пешниҳод шудааст. Ҳамзамон, бо мақсади дастгирии муштариён, бахусус саҳмгузорӣ дар рушди соҳибкории хурду миёна дар кишвар, ҳаҷми қарзҳои хурди судманд, ки қаблан дар доираи то 5 ҳазор сомонӣ бе гарав таҳти замонати шахси сеюм дода мешуданд, то 10 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шуд. Бонк аз ҳисоби захираҳои худӣ баҳри дастгирии соҳаи картошкапарварӣ бо фоизҳои имтиёзнок маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст, ки 3,4 млн. сомонии он дар истифодаи кишоварзони ҷумҳурӣ қарор дорад.
1 миллиону 606 ҳазор нафар-шумораи дорандагони корти бонкӣ
“Амонатбонк” бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои бонкӣ, зиёд намудани ҳаҷми пардохтҳои ғайринақдӣ, танзими муомилоти нақдӣ ва дар ин замина устувор нигоҳ доштани қурби пули миллӣ, дар маҷмӯъ бо 7635 адад ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ҷиҳати гузаштан ба лоиҳаи “Музди меҳнат” тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 197 адад зиёд мебошад. Шумораи дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ ба зиёда аз 1 миллиону 606 ҳазор нафар расидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2018 204,8 ҳазор нафар ё 14,6% зиёд мебошад. Теъдоди банкоматҳои харидоришуда дар бонк ба 237 адад ва постерминалҳо ба 1380 адад расонида шудааст. Бонк ҷиҳати саҳмгузорӣ дар самти амалишавии стратегияи рушди низоми пардохт ва истифодаи васеи кортҳо, 534 адад постерминалҳои худро дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ насб намуда, шумораи марказҳои хизматрасонии худро ба 546 адад расонид. Дар баробари ин, фаъолияти 11 адад хазинаҳои шабонарӯзии дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Исфара, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ, ки 24 соат ба аҳолӣ ва сайёҳон хизматрасониҳои гуногуни бонкиро пешниҳод намуда истодаанд, пурзӯр карда шуд. Аз ҷумла, баҳри дастрасии ҳамаҷонибаи мизоҷону сайёҳон ба хизматрасониҳои бонкӣ, давоми 6 моҳи фаъолият 80-адад ё 15%-и марказҳои хизматрасонии бонкӣ ба шафати роҳҳои байналмилалӣ, дохили маркази савдову бозорҳо ва чорроҳаҳо кӯчонида шуданд, ки ин ба самаранокии фаъолият ва барои фароҳам овардани шароити мусоид барои мизоҷон асос гузошт.
“Харидори махфӣ” ва “Murojiat_bonk”
Маврид ба зикр аст, ки имрӯзҳо “Амонатбонк” бо Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон дар самти гузаронидани тадқиқоти “Харидори махфӣ” ҷиҳати муайян намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ ба муштариён аз ҷониби кормандони марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ ҳамкорӣ намуда истодааст. Ҳамзамон, бо мақсади бевосита аз ҷониби раиси Раёсат баррасӣ намудани пешниҳодҳо, арзу шикоят ва масъалаҳои ҳалталаби соҳа дар самти хизматрасониҳои бонкӣ, дар шабакаи иҷтимоии “Telegramm” суроғаи “Murojiat_bonk” кушода шудааст, ки муроҷиаткунандагон метавонанд аз он бемамоният истифода баранд. Инчунин бо мақсади баррасӣ намудани масъалаҳои пешомада аз ҷониби мизоҷон дар самти фаъолияти корӣ, Маркази тамос дар Раёсати Бонк фаъол гардонида шуд, ки он ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамояд. Мизоҷон имкон доранд ҳама ҳолат барои саривақтӣ ҳал намудани мушкилоташон ва ё ибрози пешниҳоде бо рақамҳои кӯтоҳи 1885 тамос шуда андешаи худро иброз намоянд ва ба суолҳои худ посух бигиранд.
Маркази матбуоти БДА ҶТ “Амонатбонк”