20 августи соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои нави филиали №41-и Бонки давлатии амонатгузории ҶТ “Амонатбонк”-ро дар ин ноҳия мавриди истифода қарор доданд. Бинои филиали бонк дар ин ноҳия дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ сохта шуда, беҳтарин шароит барои пешбурди корҳои бонкдориро дорост. Бинои навбунёд аз 2 ошёна ва таҳхона иборат буда, 7 утоқи корӣ дорад ва ҳамаи утоқҳо бо мизу курсии нав ва технологияи муосир таъмин карда шудааст. Фармоишгари корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур БДА ҶТ “Амонатбонк” буда, пудратчии асосӣ ҶДММ “Ситоиш” ва лоиҳакаш ҶДММ “Созанда-2012” аст. Хотиррасон бояд шуд, ки барои анҷоми амалиётҳои бонкӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мушкилоти зиёд мавҷуд буд ва бо ифтитоҳи филиали ин бонк дар ноҳия мушкилоти мизоҷони бонкҳо то андозае бартараф карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти БДА ҶТ, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар вилоят ва ноҳия барои беҳтар кардани хизматрасониҳои бонкӣ дар ноҳия ва ҷалби мутахассисони варзидаи соҳаи бонкдорӣ ба кор дастуру супоришҳои мушаххас доданд ва аз кормандони соҳа талаб намуданд, ки ҳамеша бо мизоҷон муомилаю муоширати хуб дошта бошанд. Дар филиали БДА ҶТ “Амонатбонк” дар маркази ноҳия-шаҳраки Меҳрон аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ 12 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин шудааст.
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ
Тибқи банди 43-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба сохтмони майдончаи варзишӣ воқеъ дар хиёбони Б.Ғафуров, назди биноҳои истиқоматии 6, 6/1 ва 6/2-и н.Синои ш.Душанбе, ки бо замимаи №2-и фармоиши Ҳукумати ҶТ аз 20.11.2018, №98-ф тасдиқ шудааст. Дар иртибот ба иҷроиши саривақтии фармони мазкур БДА ҶТ «Амонатбонк» ин майдончаи варзиширо дар кӯтоҳтарин муддат сохта ба истифодаи сокинони биноҳои мазкур супорид. Қобили зикр аст, ки БДА ҶТ «Амонатбонк» бо ин мақсад, дар Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ озмуни тендерӣ гузаронид ва дар он ҶДММ «Бунёдкор С» тибқи Протоколи тендерӣ аз 13.03.2019, №418768 бо маблағи 1315160 сомонӣ оид ба сохтмони майдончаи варзишӣ воқеъ дар хиёбони Б.Ғафуров, назди биноҳои истиқоматии 6, 6/1 ва 6/2-и н.Сино ғолиби озмун дониста шуд.
Бояд гуфт, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур тибқи лоиҳаи тасдиқшуда сохта ба итмом расонида шуд. Масоҳати умумии майдончаи варзишӣ дар маҷмӯъ тибқи санад 3820,0м2 ташкил медиҳад, ки аз он 540 м2 -масоҳати майдончаи варзишии универсалӣ бо роҳравҳо, 869,0м2-масоҳати роҳрави зерихокӣ, 664,0м2-масоҳати пиёдаравҳо, 1047,0 м2 -масоҳати сабзазорҳо ва 700 м2 -масоҳати роҳравҳои мавҷудбударо дар бар мегирад. Корҳои сохтмонӣ дар масоҳати 3820,0м2 дар ҳаҷми 100% аз тарафи пудратчӣ иҷро карда шудааст. Аз ҷониби пудратчии сохтмон ва саривақт пешниҳод намудани маблағҳои мазкур аз ҷониби БДА ҶТ «Амонатбонк» майдончаи варзишӣ дар муддати 4 моҳ пурра сохтмонаш ба анҷом расонида шуд.
Корҳои иловагӣ, аз қабили ҳамворкунии бетонии роҳравҳо дар масоҳати 158м2, бетонпӯш кардани назди биноҳо дар масоҳати 37м2, сабзазоркунӣ дар масоҳати 77м2 аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ «Бунёдкор С» пурра ба анҷом расонида шуданд. Ҳамзамон барои сифати хуби майдончаи варзишӣ тибқи лоиҳаи тасдиқшуда резинаи фарши майдончаи варзишӣ аз тарафи ҶДММ «Ваҳдат ЛТД» ба анҷом расонида шуд. Қобили зикр аст, ки аз ҷониби БДА ҶТ «Амонатбонк» дар муддати 3 сол 4 майдончаи варзишӣ ва майдончаҳои истироҳатиро дар назди биноҳои истиқоматӣ дар ш.Душанбе сохта ба истифода дод. Роҳбарияти Бонк тасмим гирифтааст барои саҳмгузор будан ба ободкорию созандагиҳо дар ҷумҳурӣ ва пойтахти кишвар ҳамеша пешсаф буда, ҳиссаи арзандаи худро гузорад.
Шуъбаи матбуоти БДА ҶТ «Амонатбонк»