ХАБАРИ ДОҒ

 

 

Барои таъмин намудани 9 млн аҳолии кишвар моҳипарварон бояд ҳамасола ба ҳисоби миёна то 80.000 тонна моҳӣ истеҳсол кунанд. Аз ин бармеояд, ки ҳанӯз ҳам истеҳсоли моҳӣ дар кишвар ба таври лозима ба роҳ монда нашудааст…

Мутахассисони соҳаи моҳипарварӣ мегӯянд, дар замони шӯравӣ бо назардошти захираҳои обӣ-биологии Тоҷикистон солҳои 1970 ба ин соҳа таваҷҷӯҳ гашта, маҳз ҳамон солҳо парвариш ва истеҳсоли моҳӣ ба нишондоди болотарини худ расида буд. Ғайр аз ин, солҳои охир таваҷҷӯҳ ба парвариши моҳӣ афзуда, тибқи иттилоъ, ҳоло дар кишвар дар беш аз 100 муассисаи комплекси моҳипарварӣ ба роҳ монда шуда, дар беш аз 70 хоҷагие, ки дорои ҳавз, кӯл, дарё ва обанборанд, истеҳсоли он ба чашм мерасад. Имрӯз вазъи ин соҳа, ки яке аз сердаромадтаринҳо ба ҳисоб меравад, дар кишвар чӣ гуна аст? Ҳамасола дар кишвар чӣ миқдор моҳӣ парвариш ва истеҳсол меёбад? Чаро арзиши моҳии зиндаи маҳаллӣ назар ба моҳии воридшуда гаронтар аст? Қочоқи моҳӣ ва назорати он бар дӯши кист? Ин буд мавзӯе, ки ҳафтаи равон мо пайгирӣ кардем.

 

Истеҳсол зиёд аст, аммо…

Тавре маркази матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ хабар медиҳад, дар 9 моҳи соли ҷорӣ моҳипарварони кишвар 612 тонна моҳӣ истеҳсол намудаанд. Дар ҷумҳурӣ асосан якчанд намуди моҳӣ-амури сафед, гулмоҳӣ, зағорамоҳӣ ва пешонапаҳм парвариш карда мешаванд. Чуноне ки дар сомонаи вазорати номбурда омадааст, айни замон дар мамлакат 7 хоҷагии калони моҳипарварӣ, аз ҷумла, ҷамъиятҳои «Шукуфон» дар ш.Гулистон, «Моҳипарвар-Панҷакент» дар ш.Панҷакент, «Племрыбхоз» дар н.А.Ҷомӣ, «Гули сурх» дар н.Дӯстӣ, хоҷагии моҳипарварии Чубек дар н.Ҳамадонӣ, «Фирӯз-1» дар н.Ҷайҳун  ва «Гулмоҳӣ» дар ш.Ваҳдат фаъолият доранд. Нишондоди истеҳсоли моҳӣ дар кӯл ва обанборҳои ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва А.Ҷомӣ, ки дар замони шӯравӣ то 80% моҳии ҷумҳуриро истеҳсол менамуданд, ҳоло то 20% коҳиш ёфтааст.

 Новобаста аз он, ки моҳипарварон таъкид менамоянд, сол аз сол парвариш ва истеҳсоли моҳӣ рӯ ба афзоиш мениҳад, норасоӣ ҳанӯз ҳам барало эҳсос мешавад. Тибқи меъёрҳои хӯрокхӯрӣ ва барномаҳои қабулкардаи Ҳукумати ҶТ ҳар 1 сокини кишвар дар 1 шабонарӯз бояд на кам аз 25 гр ва дар 1 сол то 9 кг гӯшти моҳӣ бихӯрад. Барои таъмин намудани 9 миллион аҳолии кишвар моҳипарварон бояд ҳамасола ба ҳисоби миёна то 80.000 тонна моҳӣ истеҳсол намоянд. Аз ин бармеояд, ки ҳанӯз ҳам истеҳсоли моҳӣ дар кишвар ба таври лозима ба роҳ монда нашудааст.

 

«Рӯзи моҳӣ» баргардад!

Коршиносони соҳа мегӯянд, моҳипарварӣ дар шароити имрӯзаи мамлакат заҳмату талоши зиёдро талаб намуда, тиҷорати сердаромад ҳам бошад, барои рушду пешрафт маблағи ҳангуфтро низ тақозо мекунад. Муҳаммад Назаров, яке аз нафароне, ки чанд сол пеш бо парвариш ва истеҳсоли моҳӣ дар дараи Ромит машғул буда, пас аз муфлисӣ тарки кор кард, мегӯяд, нигоҳубини моҳӣ агар 1 тарафи масъала бошад, проблемаи дигар хӯроки он аст, ки нархаш хеле гарон ва танҳо аз хориҷ ворид мегардад.  

-Барои парвариши моҳӣ пеш аз ҳама шароти муосир ва таҷҳизоти замонавӣ лозим аст, ғайр аз ин хӯроки моҳиро низ бояд дар хориҷ интихоб ва харид карда, пас аз анҷом додани таҳқиқоти лабораторӣ овард, зеро баъзан бо сабаби хӯрок низ моҳӣ метавонад талаф ёбад. Инчунин, шароити техникии муосир мебояд фароҳам ва дараҷаи обу гармиву рӯшноӣ ва тухмгузории моҳиро назорат кард. Парвариш ва истеҳсол мушкил нест, мушкил содирот ва фурӯши он дар бозори маҳаллист, ки то ҳол ҳалли худро наёфтааст. Моҳиро истеҳсол мекунем, аммо ҷои фурӯши онро, ки бояд имтиёзнок бошад, надорем. Чанд сол пеш аз сӯи КВД «Моҳии Тоҷикистон» дар бозорҳои коммуналии пойтахт ва чанд нуқтаи сераҳолии ш.Душанбе дӯконҳои хос боз шуда буду мо маҳсулотро тавассути ин дӯконҳо мефурӯхтем. Харидорони яклухтгир низ омада, аз он ҷо мебурданд. Баъдан ин нуқтаҳо аз байн рафтанду фурӯши моҳӣ ба таври инфиродӣ, яъне тавассути миёнаравҳо ва гоҳо кормандони худи хоҷагӣ каме давом ёфту бо ҳамин ба хотима расид, - бо таассуф мегӯяд М.Назаров.

Мавсуф иброз медорад, Ҳукумати кишвар агар хоҳад, ки миллат солим бошад, бояд истеъмоли моҳиро амсоли дигар кишварҳои олам ба барномаи давлатӣ ворид намуда, «Рӯзи моҳӣ»-ро ба мактабу донишгоҳу артишу корхонаҳо дубора баргардонад. Ё доред, овезаи тамомии ошхонаҳои советиро «Четверг-рыбный день!»?

 

Шикори моҳӣ манъ аст!

Бояд гуфт, ки шикори ғайриқонунии моҳӣ аз дарёву кӯлу обанборҳои кишвар ҷавобгарӣ дошта, вайронкорон тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ-ҷарима кашида мешаванд. Тавре дар сӯҳбат бо мухбири СССР Раҷабалӣ Сафарзода, муовини сардори Шӯъбаи милитсияи экологии ВКД ҶТ иброз намуд, дар 6 моҳи аввали с.2019 аз ҷониби ин шӯъба нисбат ба шикори ғайриқонунии моҳӣ 139 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, 18 тоннаву 560 кг моҳӣ мусодира гардид. Ин нишондод назар ба ҳамин давраи соли гузашта 2 тоннаву 135 кг бештар аст. Агар бо нархи барои 1 кг моҳӣ 55 сомонӣ ҳисоб кунем, маблағи зарари аз ин амал дар тӯли нимсолаи якуми с.2019 ба давлат расида, 1 млну 20 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад. Бино ба иттилоъ, танҳо дар ш.Душанбе дар ин муддат 56 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба миқдори 8 тоннаву 268 кг моҳӣ мусодира карда шудааст.

-Моҳии мусодирашударо тибқи тартиб ва тариқи ройгон ба хонаи кӯдакон, қисмҳои ҳарбӣ, дармонгоҳу раёсатҳои дигари ВКД, Маркази кинологии вазорат, хонаи маъюбону бепарасторон ва мактаб-интернатҳо, аз ҷумла, дар Душанбеву Варзобу Конибодому Бохтар ва ноҳияҳои Ҷ.Расулову Ҷ.Балхиву ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб супоридем. Моҳӣ низ амсоли дарахт захираи моддии кишвар ба ҳисоб рафта, шикори ғайриқонунии он манъ аст,-афзуд Р.Сафарзода.

 

Моҳикушӣ ҷиноят аст!

Ин дар ҳолест, ки Абулфайз Атоӣ, дӯсти газетаи мо, журналисти собиқадор, дипломат ва сиёсатшинос, мегӯяд, дар соҳили дарёи Кофарниҳони н. Рӯдакӣ хона дорад ва ҳамарӯза 1 манзараро мебинад. ««Браконер»-ҳо бо қайиқи резинӣ омада, дар дарё барқ мегузоранд ва садҳо моҳиро кушта, сипас ҷамъ карда мебаранд. Ин дар ҳолест, мегӯяд, Атоӣ, ки барқ ҳазорон ҳазор моҳича ва миллионҳо тухми моҳӣ-икраро нест мекунад ва ин хатари воқеии экологист!». Маъмурияти ноҳия, мақомоти дахлдор ҳамарӯза ин моҳигиронро мебинанд, вале чорае намеандешанд. 

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 

Дар ҳамин маврид:

20 тонна гӯшт дар интизори харидор аст!

Чуноне ки дар шумораҳои гузашта навиштем, КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» бо мақсади коҳиш додани болоравии нархи гӯшт дар бозорҳо тасмим гирифта буд, ки тавассути шартнома аз Ҷумҳурии Белоруссия 300 тонна гӯшти гов ворид намояд. КВД бо ин мақсад бо 2 комбинати гӯшти ин кишвар-«Комбинати гӯшти Сломинск» ва «Комбинати гӯшти Слутск» шартнома ба имзо расонида, ҳатто барои забҳи чорвои калони шохдор аз Тоҷикистон ба Белорус қассобҳои тоҷикро низ бурда буд. Тавре ба мухбири СССР Раҳмон Хайрулло Зубайдулло, муовини директори ин корхона хабар дод, моҳи сентябри соли ҷорӣ ҳиссаи якуми ин фармоиш-20 тонна гӯшти тозаи гов вориди пойтахт ва барои нигоҳдошт дар сардхонаи КВД ҷой карда шуд.

-Гӯшти тозаи гов барои фурӯш ва истеъмол омода буда, дорои тамоми сертификатҳои лозима аст. Мо пеш аз ҳама барои пешгирӣ намудан аз камчинии гӯшт дар бозорҳо ва коҳиш додани болоравии сунъии нархи он, гӯшти воридшударо ба масъулони тарабхонаву ошхонаҳои ш.Душанбе пешниҳод кардем. Бархе аллакай харидаанду дар ошхонаи худ аз он истифода мекунанд. Қисмате пешниҳод намуданд, ки гӯштро ба қисмҳои ба онҳо лозима ҷудо карда биёрем ва мо ҳоло аз пайи ин корем. Рӯзҳои наздик ҳиссаи дуюми гӯшт вориди пойтахт мешавад ва мо аз ҳамкорон хоҳиш намудем, ки чорвои забҳшударо тибқи дархости фармоишгарони тоҷик ба қисмҳо ҷудо намуда фиристанд. Ғайр аз ин бояд бигӯям, ки гӯшт дар сардхонаҳост ва хоҳишмандон метавонанд омада харидорӣ намоянд, - афзуд Х.Зубайдулло.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter