Бонки миллии Тоҷикистон аз ташкилотҳои қарзӣ ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиш менамояд, ки ба муштариён ва наздикони худ дар давлатҳои хориҷа расонанд, ки дар рӯзҳои наздик ҳангоми интиқоли маблағҳо аз хориҷа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хизматрасонии низомҳои пардохтии “Юнистрим” ва “Контакт” истифода баранд. Коди “Юнистрим” 12 рақама ва коди “Контакт” 9 рақама буда, ин низомҳо дар тамоми гушаву канори Федератсияи Русия филиал ва намояндагиҳои худро доранд.
Мизоҷон инчунин метавонанд, маблағҳои худро тариқи аз 1 корт ба корти дигар гузаронидан, яъне аз корти бонкҳои Русия ба корти бонкҳои Тоҷикистон, аз ҷумла ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд”, ҶСК “Комерсбонк Тоҷикистон”, ҶДММ ТАҚХ “Душанбе Сити”, ҶСП “Спитамент Бонк”, ҶСК “Ориёнбонк” ва ҶСП “Халиқ Бонк Тоҷикистон” дастрас намоянд. Интиқоли маблағҳо тавассути операторони низомҳои пардохтие, ки ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пайваст нашудаанд, амалӣ карда намешавад. Минбаъд аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ кодҳои 9 рақамаи низоми пардохтии “Золотая Корона” мавриди баррасӣ қарор дода намешаванд.
Бояд гуфт, ки шурӯъ аз 3.12.2019 тамоми интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ тавассути низомҳои пардохтие, ки ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пайваст гардидаанд, амалӣ мешаванд. Айни замон низомҳои пардохтии “Юнистрим” ва “Контакт” ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пурра пайваст шудаанд. Аз 3 декабри соли равон шаҳрвандон метавонанд тавассутии ин низомҳо бе мамониат интиқоли маблағҳоро анҷом диҳанд.
Инчунин низоми пардохтии “Вестерн Юнион” пайвастшавиро ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо босуръат идома дода, рӯзҳои наздик тавассути низоми мазкур низ интиқоли маблағҳо имконпазир мегардад.
Муштариёне, ки маблағҳоро тавассути низомҳои пардохтии “Золотая Корона”, “Близко” ва “MoneyGram” интиқол дода, ин мабалғҳоро то 3 декабри соли 2019 дастрас накардаанд, метавонанд маблағҳои худро аз ин низомҳо бозпас гирифта, тавассути низомҳои “Юнистрим” ва “Контакт”, инчунин суратҳисобҳои бонкӣ интиқол диҳанд.
Бояд зикр намуд, ки низоми пардохтии “Золотая Корона”, ки ҳаҷми зиёди маблағҳо тавассути он интиқол мегардид, ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пайваст нашудааст ва иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин накардааст. Аз ин лиҳоз интиқоли маблағҳо тавассути низоми мазкур ғайриимкон мебошад.
Дар сурати аз ҷониби дигар низомҳои пардохтӣ иҷро гардидани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пайваст гардидани онҳо ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо фаъолияти онҳо дар ҷумҳурӣ барқарор мегардад.
Тавре шуъбаи матбуоти БМТ хабар медиҳад, мақсади асосии таъсиси Маркази миллии протсессингӣ аз баланд бардоштани самаранокии фаъолияти низоми интиқоли маблағҳо, таъмин намудани шаффофияти амалиёт ва коҳиш додани хавфҳои транзаксионӣ бо мақсади таъмин намудани устувории низоми бонкию молиявӣ дар мамлакат ва ба амал овардани заминаи мусоид барои амалиёти бехавф иборат мебошад.