ХАБАРИ ДОҒ

БМТ: маблағҳои тавассути “Золотая корона” ба Тоҷикистон интиқолшударо аз БДА ҶТ «Амонатбонк» бигиред!

  • Ҷумъа, Дек 27 2019

    Бонки миллии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки рӯзҳои 28- 30 декабри соли 2019 онҳое, ки маблағҳои худро аз хориҷи кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 1 ноябр то 3 декабри соли 2019 тавассути низоми “Золотая корона” интиқол дода буданд, метавонанд танҳо аз тамоми воҳидҳои хизматрасонии БДА ҶТ “Амонатбонк” аз тамоми манотиқи кишвар гиранд. 

   Тавре шӯъбаи матбуоти БМТ иттиллоъ медиҳад, дар ҳолати пайдо шудани суол ва ё мушкил шаҳрвандон метавонанд бо рақамҳои (44)-600-15-20, (44)-600-28-63 ба Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter