ХАБАРИ ДОҒ

«IRS». Масъулият бо рисолат тавъам аст

  • Панҷшанбе, Янв 16 2020

 

Шоҳид ҳастем, ки сарфи назар аз бардавом ва бошиддат будани бориши барф ва тармабории зиёд  дар роҳи Душанбе- Чанок ҳаракати воситаҳои нақлиёт, ба истинои рӯзҳои беҳад афзун будани хавфи тармаборӣ  таъмин буда, кормандони мо муназзам будани ин раванд ҷаҳду талош доранд. 

  Лозим ба ёдоварист, ки ҳамасола дар мавсими сармо тибқи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ»., Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019- 2020» ва талаботи банди 33 моддаи 3- юми шартномаи Консессионӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюзшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади андешидани тадбирҳои иловаӣ ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҳангоми номусоидии обу ҳаво фармоиши дахлдори  вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат «Дар бораи ташкил ва танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар роҳи автомобилгарди Душанбе- Чаноқ» ба тасвиб мерасад. 

   Тибқи муқаррароти  он, ҳангоми номусоидии обу ҳаво, боришоти барфи зиёд, яхбандӣ ва пай дар пай фаромадани тарма, ки барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт мушкилот ба миён меорад дар масири роҳи автомобилгарди «Душанбе- Чаноқ» аз ҳисоби масъулини вазоратҳои корҳои дохилӣ, нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ситод ташкил шуда, танҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёте, ки ду ва зиёда тирҳои пешбаранда доранд ё чархҳои пешбарандаашон бо таҷҳизоти зиддилағжиш ҷиҳозонида шудааст, инчунин автомашинаҳои боркаше, ки вазни умумиашон зиёда аз 3,5 т буда, ядакҳои иловагӣ, нимядак надоранд ва бо лавозимоти эҳтиётӣ (симтобаи кашолкунӣ, болиштаки зиддиғелиш ва ғайра) муҷаҳҳаз мебошанд, иҷозат дода мешавад. Аз шаҳрвандон бо арзи эҳтиром хоҳишмандем, ки талаботи мазкурро мадди назар дошта бошанд, зеро дар қитъаҳои роҳ вазъ нигаронкунанда аст.

   Тавре ҳамватанони азиз иттилоъ доранд, субҳи дуюми январи соли равон, бинобар шадид ва беист будани бориши барф ва тармабории зиёд ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт аз тариқи роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ муваққатан боздошта шуд.

Ба шарофати меҳнати пурмаҳсули кормандони филиали Ширкати саҳоми “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон, ки дар давоми ду рӯз зиёда аз 30 тармаро бартарф намуданд,  чоруми январ роҳ ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз тариқи роҳи мазкур имконпазир гардид. 

Мушкилӣ асосан дар километри 48 -73 мавҷуд аст, ки хавфи тармафароӣ ва бориши пуршиддати барф дар онҷо хеле зиёд ба амал меояд. Сарфи назар аз ин, кормандони филиали Ширкат ҳамарӯза аз субҳи барвақт ба поккории роҳ шурӯъ карда, коркарди роҳ бо моддаҳои зиддилағжиш дар фаъолияташон падидаи маъмул маҳсуб мешавад. 

   Ҳарчанд баъзеҳо иддао доранд, ки чун роҳи Душанбе-Чаноқ роҳи пулакӣ аст, бояд 24 соат боз бошад, вале филиали Ширкат дар баробари шаҳрвандон масъулият дораду таъмини бехатарии мусофирону ронандагон болотар аз ҷанбаҳои дигар аст.

Биноан, дар сурати ба вуҷуд омадани эҳтимоли хатар ба ҳаёти ронандагон ва мусофирон ҳаракати тамоми намудаи воситаҳои нақлиётро муваққатан бозмедорем. 

 

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter