Солҳои охир пардохти роҳкирои мусофирон дар автобусҳои дохили пойтахт тариқи ғайринақдӣ ба роҳ монда шудааст ва ба монанди ин дар чанд марказҳои бузурги савдо хариду фурӯши ғайри нақдӣ ба назар мерасад. Вале Тибқи қарори 815-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз 1-уми январи соли 2016 ҳамагуна хариду фурӯш тариқи ғайринадӣ дар тамоми кишвар ба роҳ монда шавад. Вале тавре мебинем, ин қарор амалӣ нашудааст. Чаро? Ин суоле буд, ки хабарнигори СССР ба раиси БМТ дод.
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода зимни нишасти матбуотӣ ба ин суол чунин посух дод:
- Мо барои иҷрои ин қарори ҳукумат кӯшиш карда истодаем ва бубинед, ки мардум алакай барои истифодаи кортҳо кам-кам одат карда истодаанд ва мо яку якбора наметавонем, ки ин равандро пурра мавриди амал қарор диҳем.
Вале ӯ нагуфт, ки тайи чанд соли дигар метавон раванди амалӣ шудани қарори 815-ро дар тамоми кишвар мушоҳида кард. Ҳамчунин дар варақаи итилоотии Бонки миллӣ омадааст, ки миқдори дорандагони кортҳои пардохтӣ 2 486,5 ҳазор нафарро ташкил дода, дар муқоиса ба соли гузашта 16% зиёд гардидаанд. Ногуфта намонад, ки шумораи терминалҳои электронӣ низ назар ба соли гузашта 398 дона зиёд шудааст. Вале ин муаммо, ки чаро кортҳоро ҳини харидуфурӯш корбаст намекунанд, то ҳанӯз норавшан аст. Ҳол он ки аз Қарори ба имзо расонидаи Президенти ҶТ аллакай 5 сол сипарӣ шуд.
Шералӣ Давлатов СССР