Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» фаъолияти худро дар нимсолаи якуми соли 2020 дар радифи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаду меъёрҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Самтҳои асосии фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” барои соли 2020”, “Самтҳои афзалиятноки фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” барои соли 2020” ва “Консепсияи рушди БДА ҶТ “Амонатбонк” барои солҳои 2016-2020” амалӣ намуд.
Имрӯзҳо Амонатбонк ба наздики 22 ҳазор корхонаю ташкилотҳо, зиёда аз 743 ҳазор нафар нафақагирони мақомотҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, зиёда аз 1,6 млн. нафар пасандозгузорон тавассути 75 филиал ва 546 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо шумораи зиёда аз 2800 ҳазор нафар кормандон дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ хизматрасонӣ менамояд.
Ба санаи 30 июни соли 2020 дороиҳои Бонк маблағи 4,2 млрд. сомонӣ ва уҳдадориҳои Бонк 3,8 млрд. сомониро ташкил дод. Пардохтпазирии Бонк дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шуда, маблағҳо сари вақт ба ҳисобҳои дахлдор гузаронида шуданд. Сармояи Бонк ба андозаи 6,6% афзоиш ёфта, ба 444,6 млн. сомонӣ баробар шуд. Даромади софи Бонк дар ин давра 23,9 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 17,5% зиёд мебошад. Бонк аз рӯи фаъолияти худ ба андозаи 44,3 млн. сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ба Буҷети давлатӣ пардохт намуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2019 13,2 млн. сомонӣ ва ё 42,5% зиёд мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки ҷиҳати ҷорӣ намудани технологияи қабули андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ аз аҳолӣ, дар ҳамбастагӣ бо мутахассисони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, то имрӯз 300 нуқтаи қабул дар марказҳои хизматрасонии филиалҳои Амонатбонк дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо истифода аз барномаи “Қабули пардохтҳо” фаъолият намуда истоданд, ки пайвастшавии 65 адади он ба давраи ҳисоботӣ рост меояд. Инчунин, бо мақсади таъмини шаффофият дар самти қабул ва интиқоли маблағҳои коммуналӣ ва ҳамзамон огаҳ шудани муштарӣ аз ҳолати қарздорӣ ва пардохти маблағҳо бо ин мақсад, то имрӯз ба барномаи “Қабули маблағҳои коммуналӣ” шумораи 559 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ пайваст карда шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 156 адад зиёд аст. Пайвастшавии 86 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ ба барномаи мазкур, ба давраи ҳисоботӣ рост меояд.
Амонатбонк бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои бонкӣ, зиёд намудани ҳаҷми пардохтҳои ғайринақдӣ, танзими муомилоти нақдӣ ва дар ин замина устувор нигоҳ доштани қурби пули миллӣ, дар маҷмӯъ бо 7 633 адад ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ҷиҳати гузаштан ба лоиҳаи “Музди меҳнат” тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 28 адад зиёд мебошад.
Шумораи дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ ба 1 миллиону 505 ҳазор нафар, теъдоди банкоматҳои харидоришуда дар Бонк ба 284 адад ва постерминалҳо ба 1739 адад расонида шудааст. Бонк ҷиҳати саҳмгузорӣ дар самти амалишавии стратегияи рушди низоми пардохт ва истифодаи васеи кортҳо, 537 адад постерминалҳои худро дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ насб намудааст.
Бояд қайд намуд, ки аз соли 2019 инҷониб Бонк иқдоми ба ҷойҳои сераҳолӣ ва ба сайёҳон дастрас кӯчонидани марказҳои хизматрасонии бонкиро амалӣ намуда истодааст. То ба имрӯз 188 адад ё 34,4%-и марказҳои хизматрасонии бонкӣ, ки 20 адади он ба давраи ҳисоботӣ рост меояд, ба шафати роҳҳои байналмилалӣ, дохили маркази савдову бозорҳо ва чорроҳаҳо кӯчонида шуданд. Дар баробари ин, фаъолияти 20 адад хазинаҳои бегоҳӣ ва шабона дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ҳисор, Исфара, Хуҷанд, Бохтар, Ҷ.Балхӣ, Кӯлоб ва Хоруғ, ки ба аҳолӣ ва сайёҳон хизматрасониҳои гуногуни бонкиро пешниҳод намуда истодаанд, пурзӯр карда шуд. Аз ин шумора таъсиси 8 адади он ба давраи ҳисоботӣ рост меояд.
Бо мақсади бевосита аз ҷониби раиси Раёсат баррасӣ намудани пешниҳодҳо, арзу шикоят ва масъалаҳои ҳалталаби соҳа дар самти хизматрасониҳои бонкӣ, дар шабакаи иҷтимоии “Telegramm” суроғаи “Murojiat_bonk” кушода шудааст, ки муроҷиаткунандагон метавонанд аз он бемамоният истифода баранд. Маркази тамос низ, дар дастгоҳи марказии Бонк таъсис дода шудааст, ки муштариён метавонанд бо рақами кутоҳкардашудаи “1885” барои ҳалли мушкилоти худ ба Бонк муроҷиат намоянд.
Дар ин раванд, Амонатбонк дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, барои аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ намудан, ба мактаб-интернати №1-и (ятимон) шаҳри Душанбе вобаста карда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ ба мактаб-интернати мазкур ба маблағи 18,7 ҳазор сомонӣ маводҳои хоҷагидорӣ, дафтардорӣ, хӯрока ва дигар лавозимотҳои зарурӣ дастрас карда шуданд. Дар маҷмӯъ кӯмакҳои расонидашуда аз ҷониби Бонк дар давраи ҳисоботӣ маблағи 250,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд.
Тавре маълум аст, соли 2021 мо ҷашни бузурги 30–солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамонро таҷлил мекунем. Барои истиқболи шоистаи ин ҷашни муқаддасу мубораки миллӣ, корҳои зиёди ободониву созандагиро ба нақша гирифтаем. Аз ҷумла, Бонк бинои асосӣ ва филиали Амонатбонк дар н.К.Мастчоҳро ба истифода дода, сохтмони бинои филиали Амонатбонк дар ноҳияи Рӯшонро пурра ба итмом расонид. Сохтмони бинои филиали Амонатбонки ш.Хоруғ ва Ишкошим бошад, дар рӯзҳои наздик ба итмом мерасад. Боқимонда сохтмони 2 филиали Бонк (Данғара ва Балҷувон) босуръат идома доранд.
Дар раванди тарғиби тарзи ҳаёти солим, дастаи занонаи волейболбозон ва дастаи футболбозони Бонк дар чорабиниҳои варзишие, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” ва бахшида ба “Рӯзи пойтахт” байни вазорату идораҳо баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд.
Маркази матбуоти БДА ҶТ “Амонатбонк”