ХАБАРИ ДОҒ

Ифтитоҳи бинои нави филиали бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” дар ноҳияи Рӯшон

  • Чоршанбе, Сен 02 2020

20 августи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Рӯшон бинои нави филиали рақами 71-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои нави филиали Амонатбонк дар ноҳияи Рӯшон аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дар доираи вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

Зимни шиносоӣ аз шароити фароҳамшудаи кору хизматрасонӣ дар бонки мазкур Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати бунёди иншооти муосири соҳаи бонкӣ изҳори сипос намуданд ва дастур доданд, ки ба мизоҷон бо сатҳу сифати баланди касбӣ хизматрасониҳои бонкиро анҷом диҳанд.

Таъкид гардид, ки дар таҳхонаи иншооти замонавии бонкӣ толори бойгонӣ ва утоқи техникӣ ҷойгир буда, дар ошёнаи аввали он қисми амалиётӣ, махзан, хазина ва ҳуҷраҳои ёрирасон сохта шудааст. Дар ошёнаи дуюм бошад, утоқи кории мудир, кормандон ва китобхона ҷойгир мебошад.

Дар маҷмуъ бинои муосири филиали Амонатбонк дар ноҳияи Рӯшон аз 10 утоқи кории бо мизу курсии нав ва технологияи муосир муҷаҳҳаз иборат аст, ки дар он шароити зарурӣ барои пешбурди кору хизматрасонӣ барои кормандон ва мизоҷон фароҳам гардидааст.

Фармоишгари бинои нави филиали Амонатбонк дар ноҳияи Рӯшон Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” буда, масоҳати умумии иншоот 419 мерти мураббаъро дар бар мегирад.

Мавриди зикр аст, ки қаблан барои анҷом додани амалиёти бонкӣ сокинони ноҳияи Рӯшон то андозае дучори мушкилӣ мешуданд. Инак, бо ифтитоҳи бинои нави филиали бонки мазкур мушкилоти мавҷуда ба пуррагӣ бартараф карда шуд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки айни замон дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо 9 филиал ва 40 адад маркази хизматрасонии бонкӣ фаъолияти пурсамар дошта, дар онҳо 231 нафар корманд, ки аксари онҳо бонувони ботаҷрибаю кордон дар соҳаи бонкдорӣ мебошанд, ба сокинон ва меҳмонону сайёҳон хизматрасониҳои гуногуни бонкиро ба роҳ мондаанд.

Ба фаъолият оғоз бахшидани бинои нави филиали Амонатбонк дар ноҳияи Рӯшон боз як қадами устувор дар рушди низоми бонкӣ дар ҷумҳурӣ мебошад, зеро дар ин бино намудҳои зиёди хизматрасонӣ аз ҷумла, қабули амонатҳо, пешниҳоди қарзҳои муфид бо фоизҳои дастрас, интиқоли маблағҳо, хизматрасонӣ бо системаи онлайн, кортҳои бонкӣ, ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва қабули маблағҳо барои хизматрасониҳои коммуналӣ амалӣ карда мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки филиали Амонатбонк дар ноҳияи Рӯшон бо шаш маркази хизматрасонии бонкӣ ба 3 ҳазору 565 нафар нафақахӯр, 820 нафар пасандозгузор, 470 нафар қарзгиранда, 4 ҳазору 105 нафар дорандаи корти миллӣ барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ хизмат мерасонад.

Дар филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар ноҳияи Рӯшон 27 нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд, ки 22 нафар ё 80 дарсади онҳо занону бонувони ихтисосманд мебошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ва дигар шахсони масъул бо мақсади беҳтар намудани хизматрасониҳои бонкӣ дар ноҳияи Рӯшон ва ҷалби мутахассисони варзидаи соҳа ба кор дастуру супоришҳои мушахас доданд.

Таъкид гардид, кормандони бонк дар навбати аввал бо мизоҷон муомилаю муоширати хуб дошта бошанд ва дар фурсати кутоҳ хизматрасониҳои бонкиро бо сифати баланд анҷом диҳанд, то эътимоди мардум ба низоми бонкӣ боз ҳам бештар гардад, зеро Амонатбонк ҳамчун бонки давлатӣ, дар низоми бонкии кишвар мақоми хоса дошта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати иҷтимоии худро тавассути ин бонки бонуфуз амалӣ менамояд.

 

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк»-ро дар шаҳри Хоруғ мавриди истифода қарор доданд

21 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ бинои нави Филиали рақами 66-и Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк»-ро ифтитоҳ карданд.

Бинои наву муосири филиали «Амонатбонк» дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ дар муҳлати як сол бо иштироки 100 нафар меъмору сохтмончиёни маҳаллӣ сохта шуд.

Дар ошёнаи якуми Филиали Бонки давлатии амонатгузорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандон суҳбати озоду ошкоро доир намуда, ифтитоҳи бинои навро дар арафаи таҷлили ҷашни муқаддаси мамлакат- 29-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандон  туҳфаи арзишманд маънидод карданд.

Бинои филиали мазкур тибқи лоиҳа аз таҳхона ва чор ошёна иборат буда, масоҳати умумии бино 2076 метри мураббаъро дар бар мегирад. Дар таҳхона махзан, утоқи бойгонӣ, ошхона ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷойгир карда шудаанд.

Дар ошёнаи якум, ки қисми амалиётӣ ба ҳисоб меравад, утоқҳои кории кормандон, хазинадорон ва ҳуҷраи бехатарӣ ҷойгир шудаанд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бонкдорон ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасонии бонкӣ ба муштариён дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави филиали номбурда 20 навъи хизматрасонии  молиявиро ба муштариён пешниҳод менамояд, ки ҳамаи ин амалиёт бо таҷҳизоти муосири  соҳавӣ  анҷом дода мешаванд.

Зимни  боздид Роҳбари давлат аз шароити фароҳамшуда изҳори қаноатмандӣ карда, ба сохтмончиён барои бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ изҳори сипосу миннатдорӣ  намуданд. Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми бино қабулгоҳ, ҳуҷраҳои кории кормандон,  маҷлисгоҳи хурд бо 60 ҷой, утоқи муҳосибот ва сармуҳосиб, толори хурди китобхона ҷой дода шудаанд.

Дар маҷмӯъ бинои филиали мазкур аз 27 ҳуҷраи кории барҳаво, маҷлисгоҳ, толори  хурд ва ду бойгонӣ иборат аст. Занону бонувоне, ки дар Филиали рақами 66-и “Амонатбонк” дар шаҳри Хоруғ фаъолият мекунанд, ба Пешвои миллат барои муҳайё сохтани шароити арзандаи корӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Бояд зикр намуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” 9 филиал бо 230 корманд, 40 Маркази хизматрасонии бонкӣ, аз ҷумла хазина шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд. Аз шумораи умумии кормандони ин бонк дар вилоят 106 нафараш занону бонувон мебошанд, ки 46 фоизи умумии кормандони бонкро дар бар мегирад. Ҳудуди иншоот гулпӯш шуда, роҳравҳо низ аз ҳар ду ҷониб сафолакпӯшу чароғон гардидаанд.

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter