Эълонҳои ташкилоти «Алиф Сармоя»-ро дар оинаи нилгун дидему хостем тавассути кредити онҳо 1 телевизор харем. 27.07.2020 ба идораи «Алиф сармоя» рафтем, ба мо ҳуҷҷат доданду ба мағозаи «Волна», ки дар рӯ ба рӯи Раёсати БДА ВКД ҶТ ҷойгир аст, фиристоданд. Пас аз интихоби зиёд 1 телевизори тамғаи «Остин»-ро бо нархи 2820 сомонӣ харидорӣ намудем. Ман ду моҳ аз нафақаам 160 сомонӣ пардохт кардам, вале баъди 1,5 моҳ телевизор дигар нишон надод. Баъди чанд рӯзи бе оинаи нилгун мондан ба писарам гуфтам, ки телевизорро бо ҳуҷҷатҳояш ба мағоза баргардонад. Писарам оинаи нилгунро бурда пасон гуфт, ки масъулони мағоза гуфтанд, ки он вайрон шудааст.
Номаи кафолат
Масъули мағозаи «Волна» ҳуҷҷатҳоро мебинаду мегӯяд, ки коғази кафолаташро биёред. Баъдан писарам телевизорро бурда, дар ателеи биноҳои Иттифоқи касаба монданӣ мешавад, аммо онҳо телевизорро намегиранд. Ман 50 сомонӣ дода, аз Роғун ба шаҳр омадам. Рӯзи дигар, яъне 28.09.2020 ба мағоза рафта, ба масъулони он муроҷиат кардам. 1 ҷавон бо ному насаби Сарфароз Дадабоев аз ман хост шиносномаамро диҳам. Шиносномаро гирифта нусхабардорӣ карду гуфт рӯзи ҷумъа биёед, номаи кафолати телевизорро медиҳем. Инро шунида шод шудам, лек шодиам дер давом накард. Он ҷавон бо 1 духтари рус гап заду маро манъ кард-афзуд, ки мактуби кафолат дода наметавонем. Тамоми ҳуҷҷатҳоро баровард, ҳамаи ҳуҷҷатҳо дар компютер ҳаст, аммо гуфтанд, ки шумо номаи кафолатро гум кардаед, ҳоло он, ки онро ба ман надода буданд.
Телевизор не, дарди сар шуд!
Ба ҳамон таксӣ нишаста, ба дафтари ташкилоти «Алиф Сармоя» рафтам, дар назди даромадгоҳ мизоҷи зиёде дар интизори навбат буданд. Ба 1 духтарак муроҷиат кардам, ному насабамро пурсида 10-15 дақиқа дар компютер чизе кофту баъд 1 ҷавони дигарро ҷеғ зад, ки номаш Насур буд. Насур иброз дошт, ки ба ҳамон мағоза равед ман занг мезанам. Боз назди Сарфароз Дадабоев омада, аз номи Насур гап задем. Ӯ таъкид кард, ки ба ателе-ҷои таъмири телевизор назди ҳуқуқшинос Галина Николаева равед, иҷозат диҳад мо мактуб медиҳем.
Назди ҳуқуқшинос омадем. Галина бо мағрур мактуб куҷо шуд гуфта, хеле дуғу пӯписа кард. 1 соати расо шиштам, баъд ҷеғ зада гуфт, ки телефонатона монеду равед, мо ҳал карда занг мезанем. Соати 2020 занг зада гуфт, ки роҳбарият барои додани номаи кафолат розӣ нашуданд. Нархи таъмири телевизорро бошад устоҳо 200 сомонӣ гуфтанд. Бегоҳ ба таксӣ 80 сомонӣ дода ноумед ба хона баргаштем. Ана фоидаи «Алиф Сармоя»!
Наҷмиддин Худоиев, ш.Роғун