ХАБАРИ ДОҒ

Меҳнати пурмаҳсул ҳатман арҷгузорӣ мешавад

  • Чоршанбе, Янв 06 2021

   Вақтҳои охир теъдоди шахсоне, ки баъд аз сафар тариқи роҳи Душанбе – Чанок арзи сипоси хешро ба роҳбарият ва кормандони филиали ширкати “IRS”  барои масъулиятшиносӣ мерасонанд, тамоюли афзоишро касб намудааст. 

  Зеро онҳо шоҳиди ҳол мешаванд, ки тадбирандешиҳо дар роҳи мазкур хеле зиёд буда, филиали ширкат рисолати хешро дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба ҷо оварда истодааст.

   Тавре ҳамватанони азиз иттилоъ доранд, дар чандин қитъаҳо роҳ пурра фурӯ рафт. Масъулиятшиносиву поквиҷдонӣ ва пойгоҳи пурқуввати техникӣ замина фароҳам овард, ки дар робита ба ҳолати баамаломада филфавр тадбирандешӣ шавад. Ин дар ҳолест, ки дар дигар роҳҳои мамлакат бар асари монеаи ҷузъӣ  рӯзҳои зиёд  ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад.   

  Замони мавҷуд набудани роҳи муносиб дар ин самт истифодабарандагони роҳ ҳамарӯза бо мушкилоти зиёд дучор гашта, шумораи зиёди одамон ҳатто ҷонашонро аз даст додаанд. Имрӯз бо  шарофати фаъолияти «IRS», фароҳам омадани шароити муносиб чунин хатарҳо бартараф шуда, аҳолӣ  тамоми сол аз истифодаи роҳи автомобилгарди ба меъёрҳо ҷавобгӯ бархӯрдор аст. Пас, магар аз рӯи инсоф аст, ки ин омилҳоро нодида гирем? 

  Аз ҷониби дигар, вазъи ногувори роҳ боиси он мегардид, ки ронандагон хароҷоти зиёдатӣ намоянд. Барои мисол, бо сабабҳои фавқ мошинҳо сарфи назар аз сабукрав ва ё боркаш буданашон, зуд – зуд вайрон шуда, боиси нороҳатӣ ва хароҷоти зиёдатӣ мегардид. 

   Дар ёд дорем, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи пулакии роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок баъзе «дӯстон» пешгӯӣ карданд, ки нархи роҳкиро дар масири мазкур баланд мегардад. Хушбахтона, ин «фолбинӣ»-и онҳо ғалат баромад ва нархи роҳкиро  хеле арзон шуд.

   Ҳамрадиф бо ин, қаноатмандии шаҳрвандон  ба тавсеаи таъмиру таҷдиди роҳ, мавриди истифода қарор гирифтани плазаҳои нав, коҳиш ёфтани шумораи плазаҳо, аз байн бардоштани дидбонгоҳҳои БДА ва ғайра рабт дорад.Азбаски механизми толлингии идоракунии роҳҳо барои минтақа иқдоми нисбатан нав аст,  роҳбарият ва кормандони  “IRS” баъзан бо фаҳмиши нодуруст, арзу шикоятҳо ва изҳороти дурушт дар мавриди фаъолияти ширкат рӯ ба рӯ мешаванд. Биноан, бо мақсади муайян сохтани талаботи истифодабарандагони роҳ аз ҷониби Ширкат дар ҳар хати ҳаракати назди плазаҳои толлингӣ сандуқҳо барои арзу пешниҳодҳо гузошта шудаанд. 

  Ҳоло ҳар як истифодабарандаи роҳ метавонад пешниҳоду эродҳои худро ба таври хаттӣ баён намуда, дар сандуқи яке аз плазаҳои толлингии Ширкат гузорад. Илова бар ин, хати доимоамалкунандаи филиали  Ширкат – 487011020 низ фаъол буда, дилхоҳ мусофиру ронанда метавонад шабонарӯзӣ занг зада, хоҳишу дархост ва эроди худро пешниҳод намоянд.     

   Бо хулоса аз корҳои анҷомёфта метавон гуфт, ки мавҷудият ва фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба манфиати кор буда, маҳз ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули кормандони он рафтуомади шаҳрвандон аз тариқи Душанбе – Чанок дар ҳама фасли сол таъмин аст.   

 

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter