ХАБАРИ ДОҒ

Ширкатҳои Бег Сабур дар «руйхати сиёҳ»-и шаҳрдорӣ

  • Ҷумъа, Фев 05 2021

   Ширкати «Комил-2010», ки ба хонаводаи Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ марбут аст, ба «рӯйхати сиёҳ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ш.Душанбе ворид шуда, ба ин ширкат барои бунёди иншооти истиқомативу маъмурӣ дигар иҷозатнома ва қитъаи замин дода намешавад. Дар ин бора Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Президенти ҶТ рӯзи 5.02.2021 зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

   Бино ба иттилои Маҳмадсаид Зувайдзода, 3 бинои истиқоматии ин ширкат, ки 2- тоаш дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт ҳанӯз 8 сол пеш сохта, ҳоло мардум дар он зиндагӣ мекунанд, айни замон барои гузаштан аз комиссияи давлатӣ омодагӣ мебинанд.

   - 3 бинои баландошёнаи истиқоматии ин ширкатро барои гузаштан аз комиссияи давлатӣ тайёр карда истодаем, яъне барои ислоҳи камбудиҳо вақт додаем ва бояд барои мардуме, ки дар ин биноҳо зиндагӣ мекунанд, барои гирифтани паспорти техникии манзил шароит фароҳам оварем. 1 бинои дигари ин ширкат, ки дар назди Беморхонаи сироятии ш.Душанбе бардошта шудааст, камбудиҳои хеле зиёд дорад. Мо наметавонем иҷозатномаи «Комил 2010» бозпас бигирем, чун мардум хона харидаву пул додаанд, бояд фикри онҳоро ҳам кунем. Ба хотири роҳ додан ба камбудиҳо ширкати «Комил 2010» ба «рӯйхати сиёҳ»-и шаҳрдории Душанбе ворид карда шуда, МИҲД ш.Душанбе минбаъд барои бунёди биноҳои истиқоматии баландошёна бо ин ширкат қарордод намебандад. Инчунин барои ин ширкат қитъаи замин низ дигар дар ҳудуди пойтахт ҷудо карда намешавад, - таъкид дошт Маҳмадсаид Зувайдзода.

   Бояд гуфт, ки ширкати «Комил 2010» ба писари Бег Сабур-Сиёвуш Зуҳуров дахл дошта, он 11 сол пеш бо мақсади истеҳсоли қум, шағал ва корҳои сохтмонӣ бунёд шуда буд. Ин ширкат дар баробари ш.Душанбе дар дигар минтақаҳои кишвар, алалхусус ш.Кӯлобу н.Восеъ объектҳои зиёд дошта, бино ба иттилои СССР ширкати дигаре, ки ба феҳристи «сиёҳ»-и шаҳрдории Душанбе дохил карда шудааст-«Ниагара» (пудратчӣ) низ ба ин хонавода марбут мебошад.  

 

Ҷ.Ҳусейнова, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter